қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 28 июни соли 2022, № 297, ш. Душанбе
Дар бораи Номгӯйи автомобилҳо, мотосиклҳо, мотороллерҳо, автобусҳо ва механизмҳои дигари худгарди пневматикӣ ва тасмачарх, ҳавопаймоҳо, чархболҳо, локомотивҳои роҳи оҳан, киштиҳои муҳаррикдор, яхтаҳо, киштиҳои бодбонӣ, заврақҳо, барфгардҳо, чанаҳои муҳаррикдор, обгардҳои муҳаррикдор ва воситаҳои нақлиёти обӣ ва ҳавоии дигар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб ва (ё) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, андозбандӣ мегарданд
Мутобиқи моддаи 358 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯйи автомобилҳо, мотосиклҳо, мотороллерҳо, автобусҳо ва механизмҳои дигари худгарди пневматикӣ ва тасмачарх, ҳавопаймоҳо, чархболҳо, локомотивҳои роҳи оҳан, киштиҳои муҳаррикдор, яхтаҳо, киштиҳои бодбонӣ, заврақҳо, барфгардҳо, чанаҳои муҳаррикдор, обгардҳои муҳаррикдор ва воситаҳои нақлиёти обӣ ва ҳавоии дигар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб ва (ё) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, андозбандӣ мегарданд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 94, «Дар бораи Номгӯи воситаҳои нақлиёт, мошинаҳо ва механизмҳои худгард, воситаҳои шинокунанда ва локомотивҳои дар роҳи оҳан истифодашаванда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб ва (ё) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, андозбандӣ мегарданд» аз эътибор соқит дониста шавад.
3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Замима
ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 июни соли 2022, № 297
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.07.2022 №: 127 Мутолиа карданд: 3353