logo

иқтисод

ДУШАНБЕ ШАҲРИ САБЗ МЕШАВАД

Ифлосшавии ҳаво яке аз мушкилоти хатарзо барои саломатии инсон аст. Ба иттилои коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол аз ифлосшавии ҳаво, бахусус паҳншавии дуди ғализ, дар ҷаҳон 6,7 миллион нафар мефавтад. Консентратсияи афзояндаи аэрозолҳои заҳролуд, зарраҳои хокистар ва чанг на танҳо ба пайдоиши варамҳо дар узвҳои нафаскашӣ таъсир мерасонад ва боиси бемории музмини обструктивии шуш мегардад, балки эҳтимолияти инкишоф ва бисёр бемориҳои давомдори дигарро зиёд менамояд.
Мутобиқи санҷиши олимони соҳа, ҳангоми сӯхтани як литр бензин 600 грамм таркибу пайвастагиҳои кимиёӣ, аз ҷумла CO ва CO2, хориҷ мешаванд. Аз сӯзишвории дизелӣ нисбат ба бензину гази моеъ чанд баробар зиёдтар дуди ғализ бухор мегардад, дар сурате, ки воситаҳои нақлиёт аз он фаровон истифода мебаранд. 
Мусаллам аст, ки дар ҷумҳурии мо низ, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе, ки солҳои охир хеле рушд ёфтаву сатҳи зиндагӣ боло меравад, зиёдшавии шумораи воситаҳои нақлиёт боиси ихроҷи бештари дуду газ аз онҳо мегардад. Тибқи иттилои БДА дар шаҳри Душанбе, ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар пойтахт шумораи автомобилҳо 88 993 ададро ташкил намуда, ҳамарӯза аз ҳашт даромадгоҳи он зиёда аз 44 000 воситаи нақлиёт ворид мешавад. Аз ин бармеояд, ки дар пойтахти мамлакат ҳамарӯза тақрибан зиёда аз 120 ҳазор воситаи нақлиёт гаштугузор мекунад. Дар шабонарӯз зимни истифодаи ҳатто 1 литр сӯзишвории гуногун, аз ҷумла дизелӣ, садҳо тонна партов (1 литр бензин 600 грамм партов) ба муҳити зист хориҷ мешавад. Табиист, ки ин гуна газҳо дар олудашавии ҳавои муҳити зисти шаҳр ҳиссаи зиёд доранд.
Ба гуфтаи Баҳодур Мирзоев, олими кимиёшинос, устоди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов, ҳангоми сӯхтани даҳ литр бензин қариб як литри онро этилени қӯрғошим ташкил медиҳад. Аз роҳҳое, ки воситаи нақлиёти бисёр мегузаранд, дуд то фосилаи 150 метр атрофи роҳро заҳролуд мекунад. Агар ба истифодаи гази моеъ дар воситаҳои нақлиёт бештар мусоидат шавад ё навъҳои нави онҳо зиёд ворид гардад, ҳавои муҳит ниҳоят тозатар мешавад. 
 
ИҚДОМИ ШАҲРДОРӢ  БАРОИ ҲИФЗИ АТМОСФЕРА
Солҳои охир барои пешгирӣ аз олудагии ҳаво дар ҷумҳурӣ, бахусус шаҳри Душанбе, аз ҳисоби воридоти воситаҳои нақлиёти навбаромад иқдомҳои хирадмандона пеш гирифта шуданд. Аз ҷумла, соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба воридоти мошинҳои соли бароришашон нав (аз 2005 ба ин сӯ) ва сар аз соли ҷорӣ ба хариди электроавтомобилҳо имтиёзҳо доданд. 
Роҳи асосии кам кардани ихроҷи газҳои гулхонаиро коршиносон дар гузаштан ба истифодаи нақлиёти барқӣ ва ҳам навбаромад мебинанд. 
Иқдоми мазкур боиси афзудани таваҷҷуҳи воридкунандагон ба ин намуди нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза гардид. Ҳамчунин, бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аллакай, теъдоди нақлиёти барқӣ ва навин меафзояд.
Нуруллоҳ Раҳимзода, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, дар ин маврид гуфт, ки бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе 104 воситаи нақлиёти мусофиркашонии барқӣ аз хориҷи кишвар ба шаҳр ворид ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамзамон, бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар барои боз ҳам ба таври васеъ воридоти нақлиёти барқӣ имтиёзҳо дода шудаанд. Тадбирҳои мазкур барои кам намудани партовҳо ба ҳаво ва беҳтар кардани вазъи экологии пойтахт таъсири бузург мерасонанд. 
 - Ҳарчанд дар назар нархи нақлиёти барқӣ гаронтар намояд ҳам, бинобар масрафи кам доштан, бартарии иқтисодиаш торафт бештар мешавад. Зимни ҳаракати нақлиёти барқӣ дар масофаи 100 километр баробари арзиши як литр бензин маблағ сарф мешавад. Агар автомобил дар 100 километр 142 мегаҷоул энергия сарф кунад, электромобил ҳамагӣ 38 мегаҷоул сарф менамояд. Аммо мутахассисони соҳаи экология ҳолати воситаҳои нақлиёти мавҷуда ва ҳам сифати сӯзишвориро дар ихроҷи газҳои заҳрогин бориз медонанд. Қисме аз нақлиёти ба кишвар воридшуда, анқариб 20 – 30 сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳолати техникии онҳо чандон ҷавобгӯи талабот нест. Бинобар ин, онҳо аз меъёр зиёд газу дуд ихроҷ менамоянд, - изҳор дошт ӯ. 
Баъди   додани имтиёзҳо ба воридоти мошинҳои навбаромад, тадриҷан, мошинҳои куҳна дар хиёбонҳои шаҳр коҳиш ёфта, ҷойи онҳоро воситаҳои босифаттари нақлиётӣ ишғол доранд. Дар ин навъи автомобилҳо катализаторҳое мавҷуданд, ки дудро хубтар покиза месозанд. Ҳамчунин, ба хотири коҳиш додани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт, ки боиси афзудани ихроҷи дуд мегардад, бунёди терминалҳо, бавижа барои нақлёти боркашу мусофирбар, дар даромадгоҳҳои пойтахт ба роҳ монда шуд. Чунки онҳо қаблан тавассути роҳҳои марказии пойтахт ҳаракат карда, тамбашавиро бештар ба вуҷуд меоварданд. Ҳаракати сусти нақлиёт ҳангоми тамбашавӣ боиси ихроҷи дудҳои зараровар шуда, фазоро ғуборолуд менамояд. 
 
АГАР ДУДУ ПАРТОВИ КОРХОНАҲО КОРКАРД ШАВАНД...
Ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, 70 дарсади ихроҷи дуду газҳо аз воситаҳои нақлиёт ва 30 дарсади он аз корхонаҳои саноатию дигар иншоот ба фазо паҳн мегарданд.
Ба андешаи мутахассисони экологии мамлакат, бисёре аз мошину дастгоҳҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ куҳнаву фарсуда шуда, бо технологияи ҳозиразамони ҳавотозакунӣ ба таври лозим муҷаҳҳаз нестанд.  Аз ин сабаб, онҳо ҳам пасмондаҳои газмонандро ба атмосфера аз ҳад зиёд ихроҷ мекунанд. Дар Душанбе корхонаҳои хурду калон мавҷуданд, ки онҳо ба атмосфера моддаҳои гуногунро хориҷ менамоянд. Аз ин рӯ, воридоти технологияи муосир ҷиҳати ҷабида гирифтани дудҳои газмонанди корхонаҳо ба ҷилавгирӣ аз касифии ҳавои муҳити зист мусоидат мекунад. Бар изофаи ин, сифати сӯзишвориҳо низ беҳбуд ва назорати ҷиддӣ мехоҳад.
Нурулло Раҳимзода, мутмаин аст, ки ҳоло корхонаҳо бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳазанд ва камтар гази заҳрнок ихроҷ менамоянд. Дар панҷ соли охир зиёда аз 20 корхонаи металлгудозӣ, ки манбаи дуди ғализ буд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияти худро қатъ намуд. 
Дар ҳамин хусус Баҳодур Мирзоев иброз намуд, ки агар дар коргоҳу корхонаҳо техникаву технологияи мукаммал мавҷуд бошанд, дуду гази онҳо ҳавои муҳити зистро олуда нахоҳанд кард ва, ҳатто, аз чангу дуди корхонаҳо маҳсулоти дигар тавлид намудан имкон дорад. 
“Ба ин кор дар сурати комплексикунонии коргоҳҳо муваффақ гардидан мумкин аст. Яъне, дар назди корхонаҳо коргоҳҳои коркарди газу моддаҳои ихроҷшавандаро мебояд сохт ва тавассути онҳо метавон гази карбонро ҳосил намуд. Карбон ба гурӯҳи газҳои парникӣ шомил мегардад. Хусусияти гази мазкур ин аст, ки гармиро дар худ нигоҳ медорад ва намегузорад, ки он ба фазо паҳн гардад. Бояд ёдовар шуд, ки карбон омили асосии гармшавии иқлим буда, аз ихроҷи бемавриди он бояд ҷилавгирӣ шавад ва захираи он ба тавлиди маводи манфиатовар, амсоли маводи сӯхт ва сода истифода гардад. Масалан, дар шаҳри Душанбе корхонаи коркарди пӯст фаъолият дорад, ки истифодаи боқимондаҳои ҳавои он барои омода намудани ширеши аълосифат чун ашёи хом манфиатовар аст. Ба назари мо, дар оянда барои иншооти гармидиҳанда, ки бо ангишт фаъолият менамоянд, бунёди корхонаи коркарди ангишт барои гази кокс зарур аст. Аз ангиште, ки дар онҳо чун маводи сӯхт истифода мегардад, гази заруриро метавон истеҳсол кард ва онро тавассути лӯлаҳо ба марказҳои гармидиҳӣ интиқол дод. Дар натиҷа, суръати кори онҳо афзуда, дуду гази ғализ ҳам дар ҳудуди шаҳр ниҳоят кам хориҷ мегардад. Дар ҳамин маврид мехоҳам як андешаи мондагори Менделеевро зикр созам, ки гуфтааст: «Партов гуфтанӣ гап нест. Фақат номукаммалии технология аст, ки онро ба вуҷуд меорад». Мутаассифона, усулҳои натиҷаовар ҳоло дар мавриди ташкили корхонаҳои саноатӣ дар амал кам ба назар мерасанд. Чанд лоиҳаи омоданамудаи ман, ки, махсусан, ба коркарду истифодаи дуду гази корхонаҳо равона шуда буданд, дар бойгониям хобанд. Сабабаш, ҳамкорӣ надоштани соҳибони корхонаҳо ва идораҳои масъули саноати кишвар бо намояндагони илмии соҳа аст» - гуфт, олими шинохта.
Нурулло Раҳимзода, масъалаи таъсиси корхонаҳои каркарди партовро дар пойтахт яке аз ҳадафҳои асосии шаҳрдорӣ номид: 
- Вобаста ба таъсиси корхонаҳои коркарди партовҳо, ки яке аз самтҳои афзал ба ҳисоб меравад, аз ҷониби ширкатҳои хориҷиву дохилӣ пешниҳодҳо ворид мегарданд. Барои амалӣ намудани яке аз ин корхонаҳо омӯзиши пурраи фаъолияти минбаъдаи корхона бо назардошти манфиатҳои миллӣ зарур мебошад. Корҳо дар ин самт бомаром идома доранд, - гуфт ӯ. 
Дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои гуногун аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе, имрӯзҳо меъёри ихроҷи газҳои карбон ва партовҳои заҳрогин рӯ ба камшавӣ овардааст. Таровати фазои шаҳр дар муқоиса ба солҳои пеш гувоҳ ба ин гуфтаҳост. Ҳамзамон, чунончи аз раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳр гуфтанд, ба хотири назорати сифати ҳавои атмосфера ва гузарондани мониторинг дар ин самт дар ҳудуди пойтахт панҷ таҷҳизоти мушоҳидавии вазъи ҳаво насб шудааст. Ин таҷҳизотҳо таркиби ҳаворо аз рӯи чанд намуди ингридиентҳо ташхис намуда, дар ин бора ҳар соат ба таври автоматӣ маълумотро ба марказ интиқол медиҳанд. Тибқи  мушоҳидаҳои мазкур, ҳолатҳои аз меъёр зиёд олудашавии ҳавои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта нашудааст, ки аз вазъи мусоиди ҳавои шаҳр дарак медиҳад. 
Гузашта аз ин, тавре ҳамагон шоҳидем, баробари чораҳои мазкур дар шаҳри Душанбе сабзу хуррамгардонии маҳалҳо ва бунёди боғу гулгаштҳои зебо таҳти шиори “Шаҳри сабз” ба як маъракаи густурдаи ҳамагонӣ табдил ёфтааст. Ҳоло гулгаштҳо ва боғҳои дилнишину ҳаловатбахш дар тамоми гӯшаю канори пойтахт доман паҳн месозанд. Бо чунин иқдомҳои созанда ва корҳои натиҷабахш бовар аст, ки Душанбе на танҳо зебо, балки аз сабзтарину хуррамтарин шаҳрҳои дунё хоҳад шуд, ки хости дили ҳар инсони имрӯзи сайёра аст. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2022    №: 127    Мутолиа карданд: 1134
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед