logo

иқтисод

ЛАХШ. ДАР ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ САРҶАМЪЕМ

Дар пайи тағйири иқлим ва вазъи бавуҷудомадаи геосиёсӣ, ки аҳолии дунё ба мушкилоти норасоии ғизо ва баландшавии арзиши он мувоҷеҳ гардида истодааст, дар ин бобат Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои амалиро андешида истодааст. Бахусус, истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ – замину оби полизӣ, риояи агротехникаи кишту парвариши зироатҳо ва роҳандозии истеҳсолоти интенсивӣ дар кишоварзӣ аз ҷумлаи масоили муҳиме ҳастанд, ки мавриди таваҷҷуҳанд. Дар ин хусус, 11 июни соли ҷорӣ Президенти мамлакат бо раисони вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дода, тақвияти корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокиро махсус таъкид намуданд. 
Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш, дар асоси супоришҳои Пешвои миллат бо масъулону мутахассисон ва кишоварзони ноҳия маҷлиси машваратӣ доир намуда, ҷиҳати пурзӯр намудани кори ситоди ноҳиявӣ оид ба кишту парвариши картошка масъалаҳои асосии соҳаро мавриди баррасӣ қарор дод. Зимни маҷлиси машваратӣ вусъат бахшидани майдони кишти картошка, таъминоти тухмиҳои босифати серҳосил, таъмири каналҳои обёрӣ, ҳолати техникаҳои кишоварзӣ махсус зикр гардиданд. 
Яке аз мушкилиҳое, ки боиси халалдор гардидани парвариши картошка дар ноҳияи Лахш мегардад, фарсудагии каналҳои обёрист. Зеро картошка зироати зиёд обталаб асту аксари шабакаҳои обёрӣ, ки 60-70 сол доранд, бо сабаби ғун шудани қуму ифлосиҳои дигар ва фаромадани тармаву сел имрӯзҳо хароб гардидаанд. Ин ҳолат сабаби коҳиш ёфтани иқтидори обрасонии онҳо гардидааст. Барои рафъи мушкили мазкур ва бунёди канали нави обёрӣ имконияти молиявии ноҳия маҳдуд буда, ҳамасола танҳо тариқи ҳашар шабакаҳои обёрии ноҳия то андозае таъмир ва аз ифлосиҳо тоза карда мешаванд. 
Ба гуфтаи Суюн Тиллобоев, сардори агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия, чунин ҳашарҳо дар оғози ҳар мавсими кишт бо роҳбарии раиси ноҳия Файзулло Баротзода ташкил мегардад. 
- Зеро имконияти дигари таъмиру навсозии каналҳои обёрӣ вуҷуд надорад. Аз ҷумла, имсол дар каналҳои обёрии “Ҷонқирғиз”, “Пиёзӣ”, “Сартоло”, “Ҷилондӣ” ва “Ғулама” ҳашарҳои каналтозакунӣ ба роҳ монда шуданд ва онҳо ба қадри имкон барои обёрӣ омода гардидаанд. Дарвозаҳои муҳофизатии яке аз калонтарин каналҳои обёрии ноҳия – “Ғулама” фарсуда шудаанд, ки ҳангоми афзудани ҳаҷми оби дарё эҳтимол онҳо аз кор монанд. Агар шабакаҳои обёрӣ таъмири ҷиддӣ шаванд ё канали нав бунёд гардад, дар ин ҳолат картошказорон дуруст бо об таъмин гардида, ҳосили фаровон ба даст меояд, - изҳор дошт номбурда. 
Маврид ба зикр аст, ки чанд сол пеш фаромадани тармаи азим саргаҳи канали обёрии Пиёзӣ ва баъзе қисматҳои дигарашро хароб сохта буд. Ин мушкил бо ҷудо гардидани масолеҳи сохтмону маводи сӯзишворӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва тариқи ҳашар рафъ гардид. Аммо барои бо иқтидори хуби обёрӣ фаъолият кардани канали мазкур ва дигар иншооти обрасонии ноҳия ҳанӯз ҳам баъзе қисматҳои фарсудаю валангори онҳо ба барқарорсозию навсозӣ эҳтиёҷ доранд. 
Ба тависияи олимону мутахассисони соҳа истеҳсолоти картошка бештар аз сифати тухмӣ вобаста мебошад. Дар зарфи 3-4 сол зарур меояд, ки тухмии истифодашаванда иваз карда шавад. Аз ин рӯ, офаридани навъҳои нави он лозим аст. Он ҳам бояд минтақабоб бошад. 
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, бо ин мақсад дар минтақаи Лахш, ки калонтарин мавзеи картошкапарварии водии Рашт аст, дар ҳамкорӣ бо Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушд, маблағгузории Федератсияи Россия ва ҷалби олимону мутахассисони варзида истеҳсоли тухмии супер, супер-элитаи картошка ба роҳ монда шудааст. 
- Дар ин кор пажӯҳишҳои илмии олимони соҳа бо таҷрибаи ғании деҳқонони ноҳия ҳамоҳанг гардидаанд. Ин қитъаҳои парвариши тухмии суперэлита дар гармхонаҳои дар баландии 2000 - 2500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Бештари онҳо ба масоҳати хурди 0,05 гектар дар заминҳои ҳавлӣ сохта шудаанд. Барои нигоҳубини гармхонаҳои тухмипарварӣ занҳои хонашин даъват шуданд, то сокинон худ таҷрибаю малакаи бештари тухмипарварии интенсивӣ пайдо намоянд. Барои занони тухмипарвар, ки 18 гурӯҳро ташкил медиҳанд, тухмиҳои безарари биологӣ, таҷҳизоти зарурии гармхонаҳо дастрас гардида, донишҳои соҳавӣ омӯзонда мешаванд. Ин кор аз тарафи Ассотсиатсияи хочагиҳои деҳқонии "Самар" бо маблаггузории Федератсияи Россия дар доираи лоиҳаи "Таҳкими ҷомеаҳо дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои водии Рашт”-и Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мегардад. Дар гармхонаҳои тухмипарварӣ аз аввали фаъолият (соли 2021) дар майдони 0,09 гектар кишти тухмиҳои лӯнда ва майсагӣ ба роҳ монда шуда, 1500-1700 лӯнда ё 60 килограмм тухмии баландсифат ба даст омад. Агар фаъолияти гармхонаҳо минбаъд чунин идома ёбад, соли чорум майдони кишти тухмиҳои суперэлитаи маҳаллӣ ба 100 – 120 гектар ва истеҳсоли он ба 6000 тонна расонда мешавад, ки ноҳия худро бо навъҳои серҳосили интенсивӣ пурра таъмин хоҳад намуд, - гуфт Ислом Худойдодов, роҳбари Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Самар”-и ноҳия. 
Имсол дар ноҳия, ҳамчунин, ба масъалаи истифодаи самараноки заминҳои назди ҳавлӣ диққати ҷиддӣ зоҳир гардид. Чунончи аз маълумоти масъулони соҳа бармеояд, майдони кишти картошка аз ин ҳисоб ва заминҳои саҳроӣ вусъат дода шуд. Аммо суоле рӯй мезанад, ки оё баробари кишти бештари картошка ҳаҷми обрасонӣ зиёдтар гардидааст? Кишоварзон то куҷо имкони бештар харидани доруи минералию тухмии балансифатро доранд? Зеро ғайри имкон аст, ки бо норасоии об, бидуни доруи минералӣ ва тухмии хуб аз замин ҳосили дилхоҳ гирифта шавад. Оё беҳтар нест, ки кишту парвариши картошка ё зироати дигарро сифатӣ ба роҳ монем, на миқдорӣ? 
Тавре огоҳем, соли гузашта Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳия дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз коҳиш ёфтани ҳосилнокӣ нигаронӣ намуда, андешидани тадбирҳоро дар ин хусус ба масъулони соҳа дастур дода буданд. Масъулон дар ин самт чӣ тадбир андешиданд? Ё фақат бо зиёд кишт кардан ҳаҷми обу нурии минералӣ ва техника ҳам худ меафзояд?
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2022    №: 128 - 129    Мутолиа карданд: 1033
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед