logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

 
РИШВА
Ҷавобгарии адвокате, ки бо 4000 сомонӣ ҳаёташро доғдор кард
Адвокат ё вакили дифое, ки барои бекор кардани ақди нигоҳ аз як шаҳрванд 4000 сомонӣ талаб намуда буд, дар суд муҳокима мешавад. 
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки Баҳром Маруфов, адвокати Коллегияи адвокатҳои “Суғд”, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани ақди никоҳи ӯ ва ҳамсараш 4000 сомонӣ талаб намудааст, ки ҳангоми гирифтани ин маблағ дастгир гардид. 
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Баҳром Маруфов бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва истифода аз мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳоло бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Боздошти зане, ки хонафурӯшро ба доми фиреби худ даровард
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як сокини шаҳри Душанбе (зани 50-сола)-ро бо гумони содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшуда моҳи декабри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 53-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Зарафшонро ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро медиҳад. Вале хонаро ба нафари дигар фурӯхта маблағро то ҳол барнагардондааст, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шуд. 
 
 
 
ДУЗДӢ
Милитсия ба дасти гумонбар завлона зад
Маъмурони милитсия дар шаҳри Бохтар марди 33-солаеро боздошт намуданд, ки дар дуздии молу ашё гумонбар мешавад.
Шахси гумонбар 26 июни соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии ҷавондухтари 22-сола даромада, аз он ҷо молу ашёи рӯзгорро дуздидааст. Дар пайи ин амал маблағи зарар 15 ҳазору 570 сомонӣ ҳисоб шуда, вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.  
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2022    №: 128 - 129    Мутолиа карданд: 2617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед