logo

илм

САҲМИ АРЗАНДАИ ОЛИМОНИ ХОКШИНОС

Хок захираи табиии беинтиҳо ба шумор рафта, дар истеҳсоли ҷаҳонии озуқаворӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Ҳамзамон, хок дар сикли карбон, нигоҳдорӣ ва полоиши об, баландшавии устуворӣ нисбат ба обхезию хушкӣ аҳамияти калонро доро мебошад. Новобаста ба ин, солҳои охир таъсири инсон ба хок миқёси хатарнокро фарогир гардида, дигар он наметавонад вазифаи асосиашро пурра иҷро намояд.
Дар айни замон, тибқи маълумоти мавҷуда, қариб 33 дарсади захираҳои ҷаҳонии хок дар натиҷаи эрозия, сахтшавӣ, шӯршавӣ, шуста бурдани моддаҳои ғизоию органикӣ, туршшавӣ, ифлосшавӣ ва дигар омилҳое, ки ба идоракунии захираҳои заминӣ алоқаманданд, ба таназзулёбӣ гирифторанд.
Агар дар рафти истифодаи хокҳо равияҳои нав татбиқ карда нашаванд, масоҳатҳои умумии заминҳои корам ва ҳосилхез ба сари ҳар аҳолӣ дар соли 2050 аз чор як ҳиссаи соли 1960-ро ташкил менамоянд. Аз ин рӯ, зарурати нигоҳдории хок барои таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ояндаи устувори инсоният ба миён меояд. Дарки ин  ҳолат, дар айни замон, бисёр муҳим аст, чунки алъон дар ҷаҳон зиёда аз 800 млн  одам ба гуруснагӣ ва нимгуруснагӣ рӯбарӯст.
Афзоиши аҳолӣ дар 35 соли пешомад тақозо менамояд, ки истеҳсоли маводи озуқаворӣ 60 дарсад зиёд карда шавад. Дар навбати худ, истеҳсоли маводи озуқаворӣ ба ҳолати хок вобастааст ва он бояд маҳсулнок бошад (ФАО, 2015).
Олимони хокшинос дар мубориза бар зидди гуруснагӣ, бо сабаби норасоии маводи ғизоӣ, пешниҳод менамоянд, ки муносибат ба хок – ҳамчун манбаи асосии ҳаёт дар рӯйи Замин, куллан тағйир дода шавад. Таъкид менамоянд, ки рушди саноати кимиёӣ, истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва на “Инқилоби сабз” натавонистанд, масъалаҳои гуруснагиро ҳал намоянд. Аз ин лиҳоз, вазифаи имрӯзаи умда нигоҳ доштани ҳосилхезии хок ба шумор рафта, тавассути татбиқи усулҳои маҷмуи хокҳимоякунанда, зироаткории захиракунанда, узвӣ, хоҷагиҳои фермерии оилавӣ ва агроэкология амалӣ гардонда мешавад. Танҳо чунин муносибат метавонад масъалаҳои экологиро ҳал намояд ва ба ин васила инқилоби навинро дар кишоварзӣ амалӣ гардонда, сарнавишти тамаддунҳои пешинро аз байн барад.
Ин тавсияҳои  олимони хокшинос пурра ба консепсияи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, ФАО “Нигоҳ доштан ва зиёд кардан” ҷавобгӯянд. Ин ҳуҷҷати тавсияномавист, ки ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ дар асоси истифодаи самараноки захираҳо ва муносибати эҳтиёткорона ба табиат равона карда шудааст. Консепсияи мазкур тадбирҳои нигоҳ доштан ва зиёд намудани ҳосилхезии хок, ба танзим даровардани шусташавии моддаҳои ғизоӣ, истифодаи самараноки об, ҷалби гардолудкунандаҳо бо мақсади баландбардории маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи ҳашароти табииро дар мубориза бар зидди касалиҳо ва организмҳои зараррасон дар бар гирифта, шароит фароҳам меоварад, ки воситаҳои истеҳсолот: тухмиҳо, нуриҳо, об ва қувваи корӣ, самаранок истифода шаванд.
Ҳамин тариқ, амалигардонии консепсияи “Нигоҳ доштан ва зиёд кардан”-и ФАО на танҳо барои нигоҳдорӣ ва афзоиши маводи ғизоӣ,  инчунин, ҷиҳати самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ низ шароит фароҳам меоварад. Дар ҳама ҳолатҳо хок захираи асосӣ ба шумор меравад. Ҳамон хеле, ки мутафаккире дар борааш гуфтааст: 
Хок шав, хок шав, хок шав,
То дар баҳорон гул барояд ранг-ранг.
Бо назардошти мавқеи муҳими хок дар ҳалли масоили амнияти озуқаворӣ ва бартараф намудани гуруснагӣ ва нимгуруснагӣ Ассамблеяи генералии 68-уми СММ соли 2015-ро Соли байналмилалии хок эълон намуд. Мақсади ин амали СММ баландбардории дарки аҳолии ҷаҳон оид ба ин захираи муҳими бартарафкунандаи бисёр пайомадҳои номақбул ва амалигардонии истифодаи самараноки эҳтиёткоронаи он аст. Дар баробари ин, ҳамасола 5-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии хок таҷлил карда мешавад.
Дар ин радиф, кори илмии “Роҳҳои самарабахши пешгирии таназзулёбии хокҳои Тоҷикистон ва истифодабарии устувори онҳо” аз тарафи муаллифон, устоду шогирд - академикони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Аҳмадов  Ҳикматулло Маҳмудович ва Асозода Нуралӣ Маҳмадулло барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника барои шароити Тоҷикистон аҳамияти зиёдро доро мебошад. Муаллифони кор дар самти геоморфология олимони пешсафанд ва онҳо ба таҳқиқи таҳаввулотии топографӣ ва таъсири ҷараёни геоморфологӣ ба низоми экологӣ дар кулл ва ҷамъияти инсонӣ машғуланд. Пешниҳоди муаллифон, бешубҳа, ба талаботи консепсияи ФАО оид ба “Нигоҳ доштан ва зиёд кардан”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаи мазкур ва стратегияи бехатарии озуқаворӣ пурра ҷавобгӯянд.
Қобили зикр аст, ки пешниҳоди академикон Ҳ.М. Аҳмадов ва Н.М. Асозода барои шароити кишвари мо аз лиҳози илмию амалӣ аҳамияти калонро доро мебошад. Чунки Тоҷикистон яке аз кишварҳои баландкӯҳ ба шумор рафта, қабати хокҳояш ба ҳамагуна тағйироти шароити  табиию сунъӣ (антропогенӣ), ки ба фаъолияти истеҳсолии одамон вобастаанд, бисёр ҳассосанд. Нодуруст истифодабарии онҳо бе назардошти ҳаматарафаи экологиашон сабаби пастравӣ ва, ҳатто, пурра нобудшавии ҳосилхезиашон мегардад. Шудгори нодурусти замин дар нишебиҳо ба шусташавии моддаҳои ғизоӣ ва пастшавии ҳосилхезии хок  сабаб мешавад. Обёрии заминҳои гидроморфӣ бе заҳбуру заҳкашҳо боиси ботлоқшавӣ, шӯршавӣ ва пурра маҳвшавии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Натиҷаи таҳқиқоти илмии олимон собит менамояд, ки таъсири илман асоснок ба хок бо назардошти хусусиятҳояшон ва экология ҳамеша самараи мусбат медиҳад.
Қобили тазаккур аст, ки барои шароити Тоҷикистон моҳияти кори пешниҳодшуда муҳим аст.
Маълум, ки масоҳати Тоҷикистонро 93 дарсад кӯҳҳо ва ҳамагӣ 7 фоиз заминҳои киштбоб ташкил медиҳад. Бинобар ин, дар мамлакати камзамин истифодаи самараноки оқилонаи захираҳои заминӣ ягона роҳи зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Ҳамзамон, равиши таназзулёбии хок (эрозия) дар минтақаҳои Тоҷикистон васеъ паҳн гашта, соли 1973 он 67 дарсади  масоҳати заминҳоро ташкил намуда, ин нишондод сол ба сол зиёд шуда истодааст. Аз ин лиҳоз, пастравии ҷараёни ҳосилхезии хок ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Омили таназзули заминҳои корам боиси аз гардиши кишоварзӣ берун ва биёбоншавии онҳо гардида, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар монеаҳо эҷод мекунад.
Таназзулёбӣ қабати ҳосилхези хокро паст намуда, пайдошавии ҷариҳо ва масоҳати заминҳои истифодашавандаро  дар истеҳсолоти кишоварзӣ кам менамояд. Таназзулшавии хок дар минтақаҳои лалмии кӯҳӣ  ва обёришаванда сабаби асосии шусташавии замин гардида, дар натиҷаи он кишти зироатҳо талаф  меёбанд, сохтмонҳои гидротехникӣ ва хоҷагидорӣ вайрон шуда, талафоти калони иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд. Гузашта аз ин, таназзулёбӣ ва шусташавии  хок ба муҳити атроф таъсири манфӣ мерасонанд ва, махсусан, сифати онҳо бад мегардад. Дар ҳолати таназзулёбии замин тавассути борони сел ва обёрии нодуруст, аз хок гумус, нуриҳои минералӣ,  гербисидҳо, пеститсидҳо ва дигар маводи кимиёвии дар истеҳсолоти кишоварзӣ истифодашаванда шуста, ҳосилхезии хок ва сифати оби дарёву обанборҳо паст гардида, шароит ба рушди наботот ва ҳайвонот бад мешавад.
Пешгирӣ намудани таназзули заминҳои истифодаи кишоварзӣ бо мақсади истеҳсол намудани маҳсулоти босифати зироатҳои кишоварзӣ, беҳдошти заминҳои корами лалмию обӣ, баланд бардоштани малакаи хоҷагидорон оид ба самаранок истифодабарии заминҳои таназзулшуда, ҷиҳати зиёд намудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакатамон яке аз тадбирҳои судманд буда, ҳалли он дар баробари дигар чорабиниҳои рушди соҳаи кишоварзӣ барои кишвари маҳбубамон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Аз ин лиҳоз, кори пешниҳодгардидаи академикҳои АИКТ Ҳ.М. Аҳмадов ва Н.М. Асозода дар ҳалли масъалаи муҳими афзалиятноки стратегӣ таҳияву пешниҳоди роҳҳои самарабахши пешгирии омилҳои таназзулёбии хокҳои Тоҷикистон ва истифодаи дурусти он, моҳияти басо калони илмию амалӣ дорад.
Кори илмии пешниҳодгардидаи муаллифон натиҷаи ҷамъбасти тадқиқоти фароҳамовардаи солҳои 1973-2020 мебошад. Натиҷаҳои тадқиқот дар 6 монографияву китоб дар ҳаҷми умумии 2266 саҳифа пешниҳод гардида, ҳар яки онҳо ба масъалаҳои муҳими таназзули хокҳои ҷумҳурӣ ва коркарди усулҳои самарабахши пешгирии онҳо ва истифодаи устувори захираи замин бахшида шудаанд. Академикони АИКТ Ҳ.М. Аҳмадов ва Н.М. Асозода дар асоси таҳқиқоти бисёрсола, омилҳои асосии табиӣ ва антропогении пайдошавии таназзули хокҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро муайян намудаанд. Сабабҳои асосӣ ва хусусиятҳои таназзулёбии хок дар заминҳои корами лалмию обӣ ва навобёришаванда, пайдошавии ҷариҳо аз нигоҳи таҳлили системавӣ ва методологии объектҳои омӯхташуда, таснифи ҷариҳо, таҳия ва усулҳои истифодаи самараноки захираҳои замин пешниҳод шудаанд. Муаллифон бори аввал усулҳои таҳия намудани харитаҳои хок ва таназзулёбии онро бо истифода аз аксҳои кайҳонӣ такмил дода, дар асоси ҳуҷҷатҳои харитавӣ ва аксҳои кайҳонӣ силсилаи харитаҳои махсуси минтақаҳои таназзулёфтаи хокҳои ҷумҳуриро таҳия ва мониторинги раванди пайдоиши ҷариҳоро пешниҳод кардаанд. Хусусиятҳои паҳншавии таназзулёбии хок дар ҷумҳурӣ, таснифи ҷариҳо аз рӯи нишондодҳои морфологию морфометрӣ аниқ ва дар заминҳои обёришаванда хусусиятҳои худҳамворшавии ҷариҳо муайян карда шудаанд. 
Муаллифони кори илмии пешниҳодшуда, маълумоти нав оид ба ҷараёни таназзули хок вобаста ба шиддатнокии борон ва омилҳои табиию антропогении технологияи истифодаи  заминро омӯхта, низоми чорабиниҳои пешгирии таназзулёбии хокро дар заминҳои лалмию обёришаванда тарҳрезӣ намуда, мавриди истифода қарор доданд.
Роҳҳои самарабахши пешгирии таназзулёбии хок: ҳамвор намудани заминҳои ба ҷарӣ дучоршуда, вобаста ба сатҳи нишебӣ ва муҳлату зинаҳои истифодабарии онҳо, татбиқи технологияи муосири обёрӣ ва коркарди сифрии хок, шинондани дарахтони ба хушкӣ устувор дар гирду атрофи ҷариҳо ва дигар усулҳои самарабахши пешгирии таназзулёбии хок аз тарафи муаллифон ба истеҳсолот пешниҳод карда шудаанд.
Дар асоси натиҷаҳои илмии бадастоварда, нақшаҳои минтақавии роҳҳои мубориза ба таназзулёбии хокҳои ҷумҳурӣ ва усулҳои истифодабарии устувору самараноки онҳо низ, аз тарафи муаллифон таҳия ва пешниҳод гаштааст.
Мубрамияту афзалияти кори илмии академикони АИКТ Ҳ.М. Аҳмадов ва Н.М. Асозода дар он аст, ки  натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот татбиқ шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқот ва тавсияҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Институти давлатии лоиҳакашии “Тоҷикзаминсоз” дар таҳияи лоиҳаи пешгирии таназзулёбии хокҳои ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва таҳияи “Нақшаи чорабиниҳои асосии мубориза бар зидди таназзулёбии хокҳои Тоҷикистон”, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Тавсияҳои олимон доир ба пешгирии таназзулёбии хок дар мавриди азхудкунии заминҳои водиҳои Ёвон, Данғара, Обикиик, Ӯртабуз, Бешкент ва Ашти Калон татбиқ гардидаанд. Ғайр аз ин, усулҳои таҳиягардидаи пешгирии пайдошавии ҷариҳо дар кори Экспедитсияи марказии мелиоративии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд. Дар як вақт дар асоси аксҳои кайҳонӣ харитаи таназзулёбии хокҳои минтақаҳои ҷануби Осиёи Миёна ва ноҳияҳои водигии Тоҷикистон таҳия шуда, ба Институти захираҳои замини Федератсияи Россия пешниҳод гаштаанд. Татбиқи васеи натиҷаҳо ва тавсияҳои академикҳо моҳияти зиёди илмиву амалӣ дошта, ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати беҳтарсозии заминҳои корами Тоҷикистон, пешгирии хокҳо аз таназзулёбӣ ва истифодабарии устувору самараноки онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва, инчунин, дар раванди таъмини амнияти озуқавории мамлакат, мусоидат менамояд.
Дар баробари ин ҳама саҳмгузориҳои арзанда дар рушди илми хокшиносии кишвари азизамон, академикҳои АИКТ Ҳикматулло Маҳмудович Аҳмадов ва Нуралӣ Маҳмадулло Асозода дар рушди корҳои илмии самти кишоварзӣ дар тули солҳои  фаъолияташон ба ҳайси ходими  илмӣ, мудири озмоишгоҳ, сарвари муассисаи илмӣ, президенти  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ - Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, директори филиали ДАТ дар ноҳияи Данғара (ҳозира Донишгоҳи давлатии Данғара)  ва ғайра саҳми ватанпарваронаи  хешро гузоштаанд. Онҳо олимони  мактабдоранду ҷавонони  илмдӯстро тарбия ва ба фаъолияти мустақилонаи  илмию омӯзгорӣ ҳидоят намудаанд. 
Дар баробари  ин ҳама дастовардҳои илмӣ, онҳо боз дар самти тарҳрезии барномаҳои нави илмӣ бо татбиқи  унсурҳои инноватсионии пешгирии таназзулёбии хок ва баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолоти кишоварзӣ бо мақсади ҳалли  масоили  таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва  тарбияи мутахассисони соҳаву кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ нақшаҳои навин доранд. Боварии комил дорем, ки ин  олимони пурмаҳсулу хоксору инсондӯст бо амалҳои ватанпарваронаашон комёб гардида, сазовори  Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи  илм ва техника мегарданд. 
 
Усмон Маъмур МАҲМАДЁРЗОДА, 
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур,  доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи АИКТ,
Маҳмадёр Наимович САРДОРОВ, 
доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, 
узви вобастаи АИКТ,
Рӯзимурод Бобокалонович БОЙМУРОДОВ, 
номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2022    №: 128 - 129    Мутолиа карданд: 3025
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед