logo

Хабарҳо

Изҳороти Ван И дар мулоқот бо Сергей Лавров

 
EurAsiaDaily. «Ван И гуфт, ки Чин минбаъд низ мавқеи холисона ва одилонаро ҳифз намуда, ба ҳалли мушкилоти Украина тавассути музокирот тамаркуз ва аз ҳама талошҳо барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези буҳрон пуштибонӣ хоҳад кард», - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Чин дар пайи мулоқоти Ван И бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров. 
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар барои ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои G20 вориди Индонезия шуданд.
Ван И, ҳамчунин, гуфт, ки дар вазъи кунунии ноустувори ҷаҳон, Чин ва Россия таҳти роҳбарии стратегии сарварони ду кишвар бо мудохилаи беруна муқовимат мекунанд, табодули муътадилро нигоҳ медоранд ва ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф рушд бахшида, устуворӣ ва тавоноии стратегии равобити ду кишварро нишон медиҳанд. 
 
 
Путин аз нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ дар Россия хабар дод
Известия. Президенти Россия Владимир Путин дар мулоқот бо роҳбарияти Думаи давлатӣ ва фраксияҳо изҳор дошт, ки Россия тавонист суботи макроиқтисодиро нигоҳ дорад, шуғл, нақлиёт ва логистикаро дастгирӣ намояд.  
«Мехоҳам алоҳида зикр намоям, ки Думаи давлатӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбанда якҷоя бо Ҳукумат танзимоти доимӣ ва як қатор тадбирҳоро оид ба дастгирии бахшҳои асосии иқтисодиёти Россия, коллективҳои меҳнатӣ, корхонаҳо, аз ҷумла соҳаи тиҷорати хурду миёна, анҷом дод», - гуфт Роҳбари Россия. Илова бар ин, ӯ гуфт, ки ҷониби Россия тавонист амали давлатҳои ғайридӯстро коҳиш диҳад. 
Путин таъкид кард, таҳримҳои зидди Россия мушкилот эҷод менамоянд, аммо на дар миқёсе, ки кишварҳои ғарбӣ интизор буданд.
 
 
Ҷонсон аз мансаби Сарвазири Британияи Кабир истеъфо дод
RT. Борис Ҷонсон аз мақоми Сарвазири Британияи Кабир ва роҳбари Ҳизби консервативии ин кишвар истеъфо дод. 
Ба гуфтаи ӯ, то замони интихоби Сарвазири нави кишвар, иҷрои вазифаҳояшро идома медиҳад.
Тахмин меравад, ки роҳбари нави Ҳизби консервативии Британияи Кабир то моҳи октябр таъин хоҳад шуд.
 
 
Форуми IX ҳамкориҳои «Чин - Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад
CentralAsia (UZ).  Форуми IX ҳамкориҳои «Чин –  Осиёи Марказӣ» ҳафтаи оянда, 12 ва 13 июл, тавассути видеоконфронс баргузор мегардад. Форум ба 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шуда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳо нигаронда шудааст. 
Чорабинӣ таҳти сарпарастии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби Кумитаи Чин оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар СҲШ баргузор мешавад. Мавзуи асосии Форум - «Муқовимати муштарак ба чолишҳо дар асоси ҳамкории мутақобилан судманд ба хотири ояндаи дурахшон» мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед