logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «КРОССВОРД»
АЗ ЧАП БА РОСТ:
5. Зодгоҳи Умари Хайём. 6. Муҳаммадӣ … вазири аҳди Сомониён. 10. … Холова ҳофиза. 11. Роҳзани баҳрӣ. 12. … Ҷавҳаризода шоир. 17. Маскан кардан. 18. …-ро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст. 19. Меваи туршак. 21. Асосгузори сулолаи Сосониён. 22. Аз булӯр сохта. 26. Насронӣ. 27. Сулолае, ки солҳои 671-750 дар Осиёи Миёна давлатдорӣ карданд. 28. Иксиргар. 32. Ҳиссадор. 34. …Зардӯзии Самарқандӣ шоири классики асри XVII мо. 35. … Назрӣ сароянда. 36. Абуубайди … муаррих ва шарики доимии Абуалӣ ибни Сино. 37. Абусаиди … таърихнигори сулолаи Ғазнавиён, муаллифи асари «Зайн-ул-Ахбор».
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Қаторкӯҳ дар Помири шарқӣ. 2. Тими футболи ноҳияи Восеъ. 3. Қавм, тоифа. 4. Чеки Сомониён, ки қурби асъорро дошт. 7. Абуалии … ҳокими Хуросон дар асри IX. 8. Чӯбдасти муаллими мактаби куҳна. 9. Абуабдуллоҳ Муҳаммад … Сарвазири давлати Сомониён. 13. Ҳадиса … шоира, муаллифи асари «Паймон». 14. Сулолае, ки баъди давлатдории Сомониён ба сари давлат омаданд. 15. Сардори шӯриши сулолаи Аббосиён, ки соли 750 ба ҷойи сулолаи Уммавиён ба сари давлат омаданд. 16. Номи сулолаи амирони Бухоро Олимхон ва дигарон. 19. Шабакаи радиои Аврупо дар ҷумҳурӣ. 20. Перпендикуляр. 23. Қизил-ӯрдаи ҳозира, ки ҳангоми ҳуҷуми Россияи подшоҳӣ ба Осиёи Марказӣ (соли 1853) қалъаи ҳарбии роҳбари артиш Петровский буд. 24. Нахустин губернатори Туркистон. 25. Атрогин, хушбӯ. 29. Студияи телевизионии кишвар. 30. Зани шоҳ, малика. 31. … Ҳакимзода Ниёзӣ, драматурги машҳури ӯзбек. 33. Кӯли хавфноктарини кӯҳҳои Помир.
                   
Таҳияи Абдуҷалил ЮСУФОВ,сокини шаҳри Ваҳдат
 
ҶАВОБ БА «МУАММОИ МАТЕМАТИКӢ»  АЗ  01 ИЮЛИ СОЛИ 2022
Мард - 38, зан - 31, духтарон - 5, 7 ва 9 – солаанд
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
СУД.  ДАЪВО БАРОИ МОДАР
Дар Яман барои парастории модари солхӯрда миёни фарзандон (ду бародар) баҳсе ба вуҷуд омад, ки ахиран тавассути суд ҳал шуд.
Бародари калонӣ, ки парастории модарро ба уҳда дошт, бо вуҷуди он, ки худ аллакай, пир шудаву ниёз ба нигоҳубин дошт, нахост ин масъулиятро ба бародарӣ нисбатан ҷавонаш вогузор кунад. Бародари хурдӣ бошад, ба далели пириву барҷомондагии акааш мехост, модарро бо худ бурда, нигоҳубин кунад. Вале посухи рад гирифт. - То зиндаам ин неъмат, яъне хизмат ба модарамро аз даст намедиҳам, -  гуфт бародари калонӣ.  
Ҳамин тавр, кор то ҷое расид, ки баҳси бародарон ба додгоҳ рафт. Қозии парванда ба онҳо машварат дод, ки масъаларо бо роҳи тавофуқ миёни ҳам ҳал кунанд. Чун масъала бо ин роҳ ҳал нашуд, судя тасмим гирифт, ки худи модар интихоб кунад, ки минбаъд зери парастории кадом фарзандаш будан мехоҳад.
Дар мурофиаи додгоҳӣ модар гуфт: «Инҳо ҳар ду нури чашмони мананд, аммо писари калониам худ низ пир шудааст ва ниёз ба парасторӣ дорад. Аз ин рӯ, мехоҳам ҳамроҳи писари хурдиам бошам». Ин хости модар даъвои судиро ба нафъи бародари хурдӣ ҳал кард ва баъд аз содир шудани қарори суд бародари калонӣ ончунон талх гирист, мисли он ки кӯдакро базӯр аз домони модар ҷудо мекунанд.
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
САЙРИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигора ва ҳуҷҷатҳои нодире ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд, ки аз фарҳанги ғаниву маданияти волои ниёгони мо дарак медиҳанд. Кас ба баъзе аз онҳо нигариста, ба ҳайрат меафтад, ки чӣ гуна гузаштагонамон ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл тавонистаанд, санъати рассомӣ, кулолгарӣ, ҳайкалтарошӣ, шаҳрсозӣ, фарҳанги  оиладорӣ, истихроҷ ва гудозиши маъданро рушд бидиҳанд. Мутаассифона, мо дар ин бора хеле кам ё, умуман, чизе намедонем, ки ҷойи таассуф аст. Ба ин хотир, тасмим гирифтем тавассути саҳифаи “Шоми шанбе” хонандагонро ба сайри осорхона бубарем ва, бо ин восита, беҳтарин нигораву нодиртарин ва дар айни замон ҷолибтарин ҳуҷҷатҳои таърихиро муаррифӣ созем. 
СОЗИШНОМАИ АҚДИ НИКОҲ
Яке аз ҳуҷҷатҳои ҷолиб, ки дар осорхона маҳфуз аст, ин санади ақди никоҳ мебошад, ки аз тарзи оиладории суғдиҳо маълумот медиҳад. Ҳуҷҷат 25 марти соли 710 иншо  шудааст ва шаҳодати он аст, ки то омадани дини Ислом дар ниёгони тоҷик шаклҳои гуногун ва шарту шароити бастани ақди никоҳ роиҷ будааст. Санад аз лиҳози ҳуқуқӣ хеле хуб таҳия шуда, дар он сана, макон, уҳдадориҳои тарафайн, шартҳои додугирифт, шоҳидони маросими ақди никоҳ, дарҷ ёфтаанд. Тибқи ин санад агар шавҳар бе иҷозати зани аввалаш зани дигар бигирад, сӣ  дирҳам қарздор мешавад ва бояд онро ҳатман ба зани аввалааш бипардозад. 
Зимнан, сабати пур аз ҳуҷҷатҳоро баҳори соли 1932 шаҳрванд Ҷӯраалӣ Маҳмадалӣ аз кӯҳи Муғ пайдо намуд, ки бо забонҳои суғдӣ, хитойӣ ва арабӣ иншо шудаанд. Санади ақди никоҳ аз миёни ин ҳуҷҷатҳо пайдо гардидааст, ки воқеан, ҷолиби диққат мебошад 
 
Фаридун КЕНҶАЕВ,сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон
 
 
 
ТАВСИЯ
 
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
20. ДАР МАСИР БИМОНЕД
Баъзе вақтҳо баъд аз муваффақият истироҳат кунед, аммо истироҳат набояд тулонӣ бошад. Барои мисол пас аз як қаҳрамонӣ агар варзишгар ба муддати як, ду моҳ ё зиёда аз ин аз тамрин боз монад, дақиқан ба ояндаи ӯ таъсири амиқе хоҳад расид. Ё як рӯзноманигор пас аз як мақолаи хуб агар барои чанд ҳафта “истироҳат” кунад, пас дақиқан ба самти танбалӣ дартоз аст.
Ба ин хотир, бояд пас аз ҳар як истироҳат сареан рӯ ба ҷода оварем ва нагузорем эътимод ба нафсе, ки ба мушкилиҳо ба даст овардаем, бо танбалӣ аз даст равад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
24.  ҲЕЛЕН ВА МЕДАЛИ «ОЗОДӢ»-И Ӯ
Ҳелен Адамс Келлер, нависандаи маҳбуби америкоӣ ва яке аз фаъолзанони машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи сиёсат, 27 июни соли 1880 дар иёлати Алабамаи ИМА чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ҳелен ҳамагӣ яку ним сол дошт, ки ба бемории мағзи сар гирифтор мешавад. Таъсири ин беморӣ ба бадани кӯчаки ӯ то ҳадде пурзӯр буд, ки дар як муддати кӯтоҳ биноиву шунавоияшро ҳам аз даст медиҳад ва ба кӯдаки маъюб мубаддал мегардад. Пас аз ин, ба ҷуз аз волидон дигар ҳама ба қавле умедашонро аз Ҳелен мекананд. Охири асри нуздаҳ даврае буд, ки ба доди чунин кӯдакони маъюб кам касоне мерасиданд, муассисаҳои махсус ҳам қариб, ки мавҷуд набуданд. Бо вуҷуди ин, волидон руҳафтода нашуда,  баъди ҳафт соли ҷустуҷӯҳо барои фарзандашон муаллим пайдо намуданд. Бо тавсияи директори мактаби Перкинс омӯзгори ҷавон Энн Салливан ба тарбияи Ҳелен машғул мешавад. Натиҷаи таълимоти Салливани ҷавон худ дар соҳаи педагогикаи он замон дастоварди нодир, балки муъҷиза маҳсуб меёфт. Ҳелен ба оҳистагӣ на танҳо биноӣ ва шунавоии худро барқарор мекунад, балки мактабро пурра хатм ва ба коллеҷи  Рэдклифф дохил мешавад. Маҳз дар ҳамин давра, аниқтараш соли  1905 вай ҷараёни сотсиализмро ҷонибдорӣ карда, шомили ҳизби сиёсӣ мегардад. Ҳелен Адамс Келлерро дар майдони сиёсат чопи китобҳои пайдарҳаму серхаридораш  дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми Америка ва берун аз он машҳур месозанд. Аксаран асарҳояш аз тақдири шум, вале иродаи устувору қудрати инсонӣ дар мисоли таҷрибаи худаш нақл мекунанд. 
Акнун, ки сармояи Ҳелен рӯзафзун буд, фондҳои махсуси хайрия таъсис дода, дар мисоли ҳамтақдиронаш барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон муборизаҳои беамон мебурд. Хизматҳои сиёсатмадори замоне маъюбро ба инобат гирифта, соли 1964 ӯро бо Медали президентии «Озодӣ» сарфароз мекунанд. Аз соли 1980 бошад, зодрӯзҳои ӯ ҳамчун Рӯзи Ҳелен Келлер таҷлил мегарданд. Воқеан, пйесаи Уилям Гибсон «Муъҷиза» («Сотворившая чудо») аз зиндагиномаи Ҳелени маъюбу қаҳрамон офарида шудааст. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
БАЛЕРИНА
Аз суҳбати ду мунаққид:
- Лутфан бигӯед, ки чаро балеринаҳо қатор шуда, бо нӯги ангушт ва хеле боэҳтиёт ба саҳна мебароянд?
- Аз афташ намехоҳанд, ки тамошобинро аз хоб хезонанд.
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ 
Фақат се намуди мавҷудоти зинда лашкар ҷамъ карда, бо ҳамдигар ҷанг мекунанд: одамон, зоғҳо, мӯрчаҳо.
* * *
Бразилия ягона кишварест, ки дар ҳамаи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ширкат кардааст.
* * *
Калонтарин  жола бо вазни 1 килограмм соли 1986 дар Бангладеш боридааст.
* * *
Боғи ҳайвоноти Токио ҳар сол  2 моҳ баста мешавад, то ҳайвонҳо истироҳат кунанд.
* * *
Дарозтарин парвози мурғ 13 сонияро ташкил медиҳад.
 
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА 
 
 
 
ХАСИС
Оилаи намунавӣ дар тарабхона. Баробари нишастани меҳмонон пешхизмат нимтаъзим шуда мепурсад:
- Марҳамат бифармоед, чӣ хоҳиш доред? Ва чун писарчаеро ҳам паҳлуи модар нишаста мебинад, илова мекунад:
- Имрӯз барои кӯдакон ҳама чиз ройгон аст.
- Ин тавр ки бошад, дӯстам, гӯё нав ба худ омада мегӯяд марди хона, ки аз афташ дар хасисӣ устухон надорад:
- Ба ману ҳамсарам як пиёлаи оби одӣ кифоя. Барои Ҷозеф бошад, се салати гарм бо гӯшти мурғ, се хӯроки якум бо маҳсулоти баҳрӣ, се шарбати мева, се сихкабоби гурҷӣ ва се қадаҳ шароби молдавӣ. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
СЕРБИНАНДАТАРИН  МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
БОҒИ УҚЁНУСӢ
Макони тамошобобе, ки ҳар сол 8 миллион одамро ба сӯи худ мекашад.   
Соли 1977 дар Ҳонконг боғи уқёнусӣ кушода шуд, ки дар он ширхӯрони баҳрӣ сукунат доранд. Дар ин ҷо, ҳамчунин, боғи ҳайвоноти баҳрӣ, океанариум, боғи фароғатӣ мавҷуданд. Ҳамаи ин дар минтақаи ҷанубии Ҳонконг дар 88 гектар ҷойгир аст. Ин ҷо метавон пандаҳои чиниро дид, ки барои фароғати на танҳо кӯдакон, балки калонсолон ҳам 35 атраксион сохта шудааст. Ғайр аз ин, дар боғ иду ҷашнҳо ва намоишҳои рангин баргузор мешаванд. Ҳамасола ба боғ наздики 8 миллион тамошобин меояд.  
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
КИБЕРҶИНОЯТ
Дар Австралия сагҳоро ба мубориза ҷалб мекунанд
Дар Австралия хадамоти нав ба кор даромад. Дар он сагҳои махсусомӯзондашуда ба кофтукови паҳнкунандагони иттилои рақамӣ машғуланд.
Ай-ти ҷӯяндагон флешка, микрочип ва дискҳои компютерро, ки дар онҳо сабти ҷиноятҳои террористию нашъаҷаллобӣ маҳфузанд, аз бӯяшон меёбанд. Дар онҳо файлҳое ҳифз шудаанд, ки барои тасдиқи ҷиноятҳои ошкоршуда хизмат хоҳанд кард. Вале ҳаҷми хурди чунин дастгоҳҳо, ки тавассути филизнишондиҳандаҳо ошкор намешаванд, ҷустуҷӯро хеле мушкил мегардонад. Маҳз дар ҳамин ҳолат сагҳои ба ин кор махсусгардондашуда ба ёрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот меоянд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
ҲОЛАТҲОИ ҒАРИБ
ЯК ҲИКОЯТ
Бачае дар саҳро ба модар гуфт: Маро дар шаби торик аз сиёҳии ҳавле монанди деве рӯй менамояд ва азим метарсам.
Модар гуфт: Матарс. Чун он суратро бубинӣ, далер бар вай ҳамла кун. Пайдо шавад, ки хаёл аст, на ҳақиқат.
Гуфт: - Эй модар, агар он сиёҳро модараш ҳамин васият карда бошад, ман чӣ кунам.
(Аз «Фиҳи мо фиҳи»-и Мавлоно)
 
Таҳияи  Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ДУ ПАНД
Ишқи воқеӣ ҳаргиз поёни хуше надорад, зеро ишқи воқеӣ поёне надорад.
* * *
Касе, ки дунё барояш кофӣ набуд, акнун қабре барои ӯ кофӣ аст.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
БА ҲАММОМ НАРАВЕД!
Соли 1980 дар иёлати Калифорнияи ИМА қонуне қабул гардид, ки ба норизогии зиёди мардум оварда расонд. Мувофиқи ин қонун рафтани шаҳрвандонро ба ҳаммом манъ карданд.
Ин қонун охири соли 1980, баъд аз исбот шудани далеле, ки аксарияти беморони СПИД дар ҳаммомҳои умумӣ сироят ёфтаанд, қабул карда шуд. Ҳадаф боздоштани рушди эпидемия буд.
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
БО БАД НАБОЯД  БАДӢ КАРД!
Ё ҲИКМАТИ НАҶОТИ МОР АЗ ОТАШ
Пири рӯзгордида шоҳиди дар оташ афтодани море шуду барои наҷоташ шитофт. Ҳангоми аз оташ берун овардан, мор дасташро газид. Аз зӯрии дард морро раҳо кард ва он боз  ба оташ афтод. Аммо, қатъи назар аз ин, пирамард бо симчӯбе морро аз алангаи оташ бароварду аз марг наҷот дод. 
Яке аз муридони мӯйсафед, ки ин ҳамаро назора дошт, гуфт: 
- Устод, мор шуморо неш зад,  чаро онро наҷот додед?
- Табиати мор нешзанӣ, лек хислати ман ба афтодагон ёрӣ расондан аст. Бо бад набояд бадӣ кард. Яъне, инсон дар ҳама ҳол бояд некӣ кунад, - посух дод пири хирад. 
 
Таҳияи ШОҲОНА
 
 
СИРРИ МИЛЛИОНДОРҲО
Як  пажӯҳишгар бо баррасии зиндагии беш аз 100 миллиондор одатҳои рӯзонаи онҳоро, ки ба муваффақияташон кумак мекунанд, кашф кардааст, ки инҳоянд:
- мутолиаи доимӣ;
- варзиши мунтазам;
- нишасту бархост бо афроди муваффақ;
- дунбол кардани ҳадаф-ҳои худ;
- саҳархезӣ;
- доштани манбаъҳои гуногуни даромад;
- маслиҳат гирифтан аз мушовирони кордон;
- мусбатнигарӣ;
- ёрӣ кардан ба дигарон.
 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
АЗ ФАРҚИ САР  ТО АНГУШТИ ПОЙ
МАРДЕ, КИ БЕ 5 КИЛОГРАММ ТИЛЛО  БА ҶОЕ НАМЕРАВАД
Дин ном марди ветнамӣ аз рӯзе, ки худро мешиносад, ба маснуоти заргарӣ дилбастагии хос дошт. Ҳамин, ки ба воя расид, хариди ҷавоҳироти тиллоӣ ва ба бар кардани маснуоти заргариро сар кард. Дин ду маротиба ба доми ғоратгарон афтида, дафъаи якум дар мағозае пинҳон шуд ва бори дуюм як занҷираи тиллоияшро аз даст дод. Ин дилбастаи тилло ҳангоми сафарҳои беруниаш барои худ муҳофиз киро мекунад, зеро 5 килограмм тиллоро, ки аз 10 ангуштарӣ, 30 даспона ва ҳалқаву ҷавоҳироти зиёд иборат аст, дар дасту ангуштони пой андохта мегардад ва ин ҳама аз тиллои холисанд.
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДӢ БА СУД
ОБУ ҲАВО
Пешгӯии нодуруст ҳавошиносро ба суд бурд
Тоҷири канадагӣ Жак Гертин моҳи июни соли 2016 ҳавошиносеро, ки дар давоми ду рӯзи оянда боридани боронро пешгӯӣ карда буд, вале ба ҷойи борон он рӯзҳо Офтоб медурахшид, ба додгоҳ кашид. Ӯ дар суд даъво кард, ки бар асоси ин пешгӯӣ чанд чорабинии вобаста ба тиҷораташро мавқуф гузошт, ки мебоист аз ҳисоби он 6000 доллар ба даст меовард.
Жак дар мурофиаи судӣ рӯёндани ин маблағ аз ҳавошиносро ҳамчун ҷуброн талаб кард. Вале судя даъворо ба далели ин, ки тоҷир набояд ба як сарчашма эътимод менамуд, рад кард.
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
ГЛОБУС 
АНТИЛОПА
Муъҷизае дар Аризонаи ИМА
Яке аз маконҳои зеботарин ва дурдасти Аризона дар платои Колорадо дараи Антилопа буда, он дар мавсимҳои серобии дарёи Антилопа-Крик дар тули ҳазорсолаҳо ба вуҷуд омадааст. 
Деворҳои дара, ки бо заррачаҳои обу рег сайқал дода шудаанд, шаклҳои гуногуни афсонавӣ доранд, ки ҳайвоноти гуногун, симпечу сутунҳои ғайриодиро ба хотир меоранд. Ранги деворҳои дара вобаста ба рӯшноӣ тағйир меёбанд: зард, норинҷӣ, сурх, қаҳваранг, бунафш, сабз. Вақти муносиб барои тамошои ин мавзеъ аз нимаи моҳи октябр то аввали моҳи март мебошад.
Дараро ҳиндуҳои Наваҷо дар солҳои 1930 кашф кардаанд. Сокинони маҳаллӣ дар атрофи дара хатсайрҳои сайругаштӣ ташкил намудаанд. Дар ин ҷо об ниҳоят кам буда, ба рушди аксари намудҳои набототу ҳайвонот монеъ мешавад.  
 
Таҳияи Комрон САФАР
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2022    №: 130    Мутолиа карданд: 1602
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед