logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

8 июл миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ!
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон бипазиред.
Тули ин давра талошҳои ду кишвар дар роҳи таҳкиму тавсеаи  муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд самараи нек ба бор овардаанд. Дар ин раванд, силсилаи мулоқоту тамосҳои пайвастаи байнидавлатии сатҳи олӣ ва баланд нақши муассир доштанд.
Зимни арзёбии мусбат аз ҷараёни кунунии ҳамёрии ду давлат, мо манфиатдор будани кишвари худро ба вусъату таъмиқи бештари он  таъкид менамоем.
Бар ин боварем, ки идомаи муколамаи созандаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасана ва ҳамкориҳои дарозмуддату гуногунҷанбаи кишварҳоямон дар заминаи манфиатҳои аслии мардумони мо такони тоза хоҳад бахшид.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, тансиҳатии комил, хушбахтӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Маҷористон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед зимни ин нома таманниёти гарму самимии худро ба Шумо ва ба тамоми мардуми кишваратон ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ иброз намоям.
 Аз он шод ҳастам, ки дар муддати се даҳсолаи ахир муносибатҳои дуҷонибаи мо дар руҳияи эҳтиром ва эътимоди ҳамдигарӣ рушд ёфтаанд.
Бовар дорам, ки мо минбаъд ҳам метавонем дар аксари дигар соҳаҳои ҳамкориҳоямон ба дастовардҳои  нав ноил гардем.
Умедворам, ки ифтитоҳи Консулгарии ифтихории Маҷористон ба наздикӣ дар Душанбе ба ҷаҳду талошҳои муштараки мо такони тоза хоҳад бахшид.
Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки Маҷористон минбаъд низ аз таҳкими шарикиамон ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Ба Шумо саломатии бардавом ва дар кори масъулиятнокатон дастовардҳои беш аз пеш хоҳонам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2022    №: 131 - 132    Мутолиа карданд: 2646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед