logo

сафарҳо

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ НБО “РОҒУН”

 
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ошноӣ бо ҷараёни сохтмон ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд. Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти бунёди нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гашта, дарозии иншоот (бо назардошти баромадгоҳ) 1750 метр ва қутраш 15 метрро дар бар мегиранд. Иқтидори он дар як сония 3500 метри мукааб об мебошад.
Дарозии нақбҳои дастрасӣ ва аэротсионӣ (яъне ҳаводиҳӣ) бошад, 2319 метрро ташкил медиҳад.
Корҳои лоиҳакашии иншоот аз ҷониби ширкати “ЭФРИ”-и Швейтсария ва ҶСП “Тоҷик Кон” анҷом дода шуда, сохтмону васлгариро кормандони ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” ва ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба уҳда доранд.
Ҳаҷми  корҳои нақбканӣ дар ин қитъа 417 ҳазору 881 метри мукааб ва бетонхобонӣ 136 ҳазору 286 метри мукааб буда, корҳои нақбканӣ 374 ҳазору 102 метри мукааб (89%) ва бетонхобонӣ 39 ҳазору 200 метри мукааб (29%) иҷро гардидааст.
Айни замон бо ҷалби мутахассисони ватанӣ арматурбандии бетони конструктивии девор, сақфи нақб, корҳои сементатсионии пуркунанда, мустаҳкамкунанда ва амсоли инҳо шабонарӯзӣ ҷараён доранд.
Дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум низ корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон дар ду баст ба роҳ монда шуда, рӯз ба рӯз бунёдкорони он ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешаванд.
Нақби сохтмонии қабати чорум, дар сурати зарурат, барои гузарондани ҳаҷми оби зиёдатии обанбор дар назар дошта шудааст.
Зимни шиносоӣ аз сохтмон, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои то имрӯз баанҷомрасида ва нақшаҳои оянда муаррифӣ шуд.
Иттилоъ доданд, ки муҳайё будани имконияти созгор барои кормандон ва дастгирию таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша ба анҷом расондани сохтмони қитъа замина гузоштааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва бинокорони НБО “Роғун” дастур доданд, ки иншоотро дар муҳлати пешбинишуда ва мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки неругоҳ иншооти стратегӣ буда, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Сари вақт ба истифода додани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии НБО “Роғун” эътимоди қавӣ доранд.
Баъдан,  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти сохтмони сарбанди асосии неругоҳ шинос шуданд.
Ҳаҷми коркард, тахту ҳамворкунӣ ва кандану кашондани маводи мухталиф ҳангоми тоза намудани паҳлуҳои чапу рост ва таҳкурсии ядрои сарбанди НБО “Роғун” 2,6 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Хобондани бетони ҳамворкунандаи тамғаи М300 аз сатҳи 960 метр мувофиқи релейфи маҳал оғоз гардида, ба 8000 метри мукааб расид. 
Пас аз ба анҷом расондани корҳои бетони ҳамворкунанда, хобондани бетони кӯбида барои таҳкурсии ядрои сарбанд оғоз меёбад. Дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноияш 133 метр буда, аз 8 қисм иборат аст. Паҳноии қисмҳо аз 20 то 25 метр ва баландии бетони кӯбида 27 метрро ташкил хоҳад дод. Паҳноии ядро дар сатҳи 1300 метр ба 20 метр ва дар сатҳи 961 метр ба 172 метр баробар аст. Дарозии шонаи ядро дар сатҳи 1300 метр ба 750 метр ва дар сатҳи 961 метр 70 метр мебошад. Маводи истифодашавандаи ядрои асосӣ гилхоки сангрезадор буда, тибқи лоиҳа 7,4 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Дар иншоот корҳои сохтмону васлгариро коргарону мутахассисони ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба зимма доранд. То имрӯз корҳои сангу шағалхобонӣ дар сарбанд ба 1125 метр аз сатҳи баҳр расидааст. Дар сарбанди неругоҳ маводи зиддиполоишии геомембрана аз сатҳи 1000 метр то сатҳи 1080 метр дар масоҳати 66 ҳазор метри мураббаъ хобонда шуд.
Барои кашондан ва қабат ба қабат хобондани мавод коргарону мутахассисон аз мошину таҷҳизоти гаронвазни боркаш, булдозерҳо, экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ истифода намуда, кор шабонарӯзӣ идома дорад.
Ҳаҷми корҳои хобондани сангу шағал дар сарбанди асосӣ 16,7 миллион метри мукааб (корҳои заминӣ 2 миллиону 195 ҳазору 800 метри мукааб, хобондани сангу шағал 14 миллиону 367 ҳазору 243 метри мукааб, хобондани санг 2 миллиону 128 ҳазору 755 метри мукааб ва хобондани филтр 211 ҳазору 201 метри мукааб)-ро ташкил медиҳад. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд. Ҳаҷми хобондани маводи сарбанд 80 миллион метри мукааб ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.
Корҳои сохтмониро дар сарбанд ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби коргарону мутахассисони дорои таҷрибаи баланди тахассусӣ иҷро менамоянд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ фаъолияти босамар намуда, барои иҷрои босифати корҳо аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода мебаранд.                      
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2022    №: 131 - 132    Мутолиа карданд: 2804
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед