logo

Хабарҳо

Вохӯрии консули генералӣ бо ҳокими вилояти Ҷамбул

 
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Равшан Бобохонзода бо ҳокими вилояти Ҷамбул Нуржигитов Нуржан вохӯрд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишварро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар суҳбат зикр шуд, ки кишварҳо барои рушди ҳамкориҳо захираю имкониятҳои васеъ доранд. Дар ин замина, консулгарии генералӣ омодагии худро барои кумаки ҳамаҷониба дар рушду тавсеаи равобити байниминтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг баён намуд.
 
 
Ҷарима ё ҳабси маъмурӣ барои паҳни маълумоти бардурӯғ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳ
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳни ҳар гуна маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ тавассути воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ё оид ба раванди баргузории даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин, дигар хабару овозаҳои бардурӯғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи Артиши миллӣ  ва хизматчиёни ҳарбӣ мегардад, аз ҷониби Вазорати мудофиа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таҳия ва пешниҳод гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиа хабар дод.
Гуфта мешавад, ки раванди торафт паҳн шудани ҳар гуна иттилооти бепояву бардурӯғ миёни ҷомеа эътимоду бовар ва тарафдории мардумро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ заиф намуда, ба иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад. 
Бо назардошти сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни мазкур дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҷорӣ кардани ҷарима ё ҳабси маъмуриро барои вайронкунандагони он пешбинӣ менамояд.
 
 
Вазъи сиҳатии зоирони тоҷик дар Макка
Тӯрахон Шарифзода, сардухтури мавсими Ҳаҷ – 2022, дар мусоҳиба бо сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иброз дошт, ки дар мавсими имсолаи Ҳаҷ зоирони тоҷик аз тамоми хизматрасониҳои муосири тиббӣ бархӯрдоранд. 
Аз ҷумла, дар меҳмонхонаҳо нуқтаҳои тиббӣ ташкил шуда, ҳамарӯза гурӯҳи табибон ба зоирон хизмат мерасонанд. Имсол барои табобати бемориҳои мавсимӣ қариб ду тонна дору ва баҳри пешгирии касалиҳои сироятӣ 30 ҳазор ниқоб харид ва дар нуқтаҳои тиббӣ нигаҳ дошта мешаванд. 
Дар мусоҳиба гуфта мешавад, ки бинобар гармии аз ҳад зиёди ҳаво, азбаски зоирон оби хунук менӯшанд, асосан, муроҷиатҳои онҳо ба бемориҳои дарди гулу, зуком, таб, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ва ба ин монанд, алоқаманд мебошанд. Таъкид гардид, ки миёни зоирони мо ягон нафар гирифтори  бемории COVID – 19 нашудааст.
 
 
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Суғд 1,4 миллиард долларро гузашт
Моҳҳои январ – июни соли соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 1 миллиарду 416,8 миллион доллари ИМА расид. Ҳаҷми воридот 896,6 миллион долларро ташкил дод. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 миллион долларро дар бар гирифт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 164,6 миллион доллар афзуда, ба 326,2 миллион доллар расид. 
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар гашта, ба хориҷи кишвар 92 ҳазору 875 тонна маҳсулот бароварда шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5252
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед