logo

иқтисод

СУҒД САҲМИ ВИЛОЯТ ДАР ИСТЕҲСОЛИ МАҶМУИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИИ КИШВАР БА 58,7 ДАРСАД РАСИД

 
Дар маҷлиси фаъолони вилояти  Суғд натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли равон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Бино ба гузориши Зариф Мирдадо, муовини раиси вилоят, сарфи назар аз баъзе мушкилу нуқсонҳо дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ дастовардҳо назаррас ва эътимодбахшанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят  дар 6 моҳи соли 2022 ба 11,1 миллиард сомонӣ расид. Бо назардошти вазъи кунунии иқтисодии ҷаҳону болоравии нархҳо, дар ин давра боз таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ ҷалб гардид. Аз ҷумла,  646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шуд, ки суръати афзоиш мутаносибан 97,2 ва 101,6 дарсадро ташкил медиҳад. 
Дар иртибот ба ҷараёни фаъолияти корхонаҳои саноатӣ Зариф Мирдадо таъкид дошт, ки аз 721 корхонаи саноатӣ, 552 корхона ё 76,6 дарсад фаъолият намуда, номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 216 адад расонда шуда, ҳиссаи соҳаи саноати вилоят дар маҷмуи истеҳсолоти саноатии ҷумҳурӣ 58,7 дарсадро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондод дар солҳои охир мебошад. 
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, соли равон ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гашта, тули шаш моҳ дар миқёси вилоят 75 корхонаву коргоҳи нав бо 2 ҳазору 239 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш таъкид бар он доранд, ки дар баробари расидан ба рушди истеҳсолоти дохилӣ, марҳила ба марҳила аз вобастагии  маҳсулоти воридотии хориҷӣ раҳоӣ ёфта, ниёзи мардуми ҷумҳуриро  бо маҳсулоти хушсифати рақобатпазир бо ширкатҳои машҳури хориҷӣ таъмин намоем. Яке аз чунин масоили иҷтимоӣ таъмини сад дарсади хонандагони мамлакат бо либосҳои мактабӣ маҳсуб меёбад. Қадамҳои ҷиддие, ки дар вилояти Суғд дар ин самт гузошта мешаванд, хушоянд аст. Масалан, дар  корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 152,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  23,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
Барои дар солҳои таҳсили 2022 - 2023 бо сарулибоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дӯхтани либоси мактабӣ тақвият ёфта, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 392 ҳазору 536 дона либоси мактабӣ дӯхта шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138,1 дарсад таъмин гардидааст.
Мусаллам аст, ки дар ривоҷу равнақи иқтисодиёти кишвар  кишоварзон нақши муассиру калидӣ доранд. Саҳми эшон бо роҳандозии тадбирҳои мушаххас  сол  ба сол боз тамоюли афзудан дошта, танҳо дар шаш моҳи соли равон вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тавлиди маҳсулотро ба 3 миллиарду 365,2 миллион сомонӣ расонд, ки ба 112,1 дарсади нишондиҳандаи ҳамин  давраи соли 2021 баробар аст. Маҳз чунин нишондиҳандаҳои истеҳсолист, ки содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 243,9 миллион доллар ё 1,9 дарсад зиёд  мебошад. 
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, андешаҳои худро ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар иртибот ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо: ғалла, сабзавоту меваҷот, маҳсулоти полизӣ, захираи аҳолӣ бо ғизо, бунёди гармхонаҳои замонавии босамар, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва пиллапарварӣ, бунёди боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ,  амалишавии  Барномаи рушди саноат дар солҳои 2022 - 2026, муваффақ гаштан дар содироти маҷмуи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои нав бо такя бо воридсозии хатҳои нави технологияи пешқадами муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ иброз дошта, аз раисони шаҳру навоҳии  Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Мастчоҳ, Исфара оид ба боз ҳам вусъатбахшии соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда пурсиш ба амал овард.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2022    №: 134    Мутолиа карданд: 727
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед