logo

иқтисод

“БОҒИ МИЛЛИИ ВАҲДАТ”. ВАҚТЕ РОҲБАР САБЗКОР АСТ...

 
Метавонистам дар ин бора нанависам. Вале мехоҳам хурсандиамро аз хабари хондаам дар рӯзномаи рақами 1-и Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” изҳор намоям. Дар саҳифаи дуюми рӯзномаи “Ҷумҳурият” (30 июни соли 2022, № 124) чашмам ба навиштаи Ҷовиди Аштӣ дар хусуси “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, афтид. Дар он оид ба васеъ шудани боғ,  дастовардҳои он, аз ҷумла гирифтани 780 тонна маҳсулот, ки маблағи зиёда аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сухан меравад. 
Ин хабар  маро хеле хурсанд ва мутаассир ҳам кард, зеро дар бунёди боғ дасти ман низ расидааст, ҳарчанд ҳиссаи  андак бошад.
Гапро ба дарозо набурда, мухтасаран мегӯям: моҳи марти соли 2008 баъди мулоқоти Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони аҳли зиёи кишвар ба вилояти Суғд рафтем, то дар тантанаи наврӯзии сокинони ин гӯшаи ободу зебо иштирок намоем. Дар доираи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ аҳли эҷодро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурданд, ки ин ҷо бо иштироки Сарвари муҳтарами давлат имрӯза “Боғи миллии Ваҳдат” бунёд мешуд. Он рӯз аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят барои ниҳолшинонӣ садҳо нафар ҳашарчиён омада буданд. Бандаи камтарин ҳам, қатори Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳашари ниҳолшинонӣ шарик шудам. Ин барои ман ифтихори бузург буд. Ману устод Ширин Бунёд, (Худо биомӯрзадаш), ки дар як ҳуҷраи меҳмонхона ҷо гирифта будем, ду ниҳол - як зардолу ва як тана ток интихоб намуда, хокпӯш кардем. Гапи ҳамонрӯзаи Ширин Бунёд аз ёд нарафтааст: “Дар Бадахшон ангур намерӯяд. Ин ҷо ки ниҳол шинондем, ҳатман ба хӯрданаш меоям...”
Ҳазли ӯ ба Президенти муҳтарам, ки на он қадар дуртар аз мо ниҳол мешинонданд, хуш омад.
Ногуфта намонад, ки соли 2010, баъди ду соли он сафари хотирмон ба шаҳри Хуҷанд рафтам. Бо истифода аз фурсати муносиб аз шиноси дерина, муаллими тарбияи ҷисмонӣ Собитҷон Раҳимов хоҳиш кардам, ки якҷоя ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба “Боғи миллии Ваҳдат” равем, то бубинам дастниҳоли ман чи ранг гирифтааст.
Зардолуи шинондаамро зуд шинохтам. Навдаҳояш нарчилик барин ғафсу бақувват буданд. Ба Собитҷон нигариста гуфтам: “Ин баракати дасти ман бошад ё аз устод Ширин Бунёд?”. Собитҷони дӯстам гуфт: “Ако, ин баракати дасти Ҷаноби Олӣ. Дасте, ки хокро зар мекунад. Худо хоҳад, соли оянда оед, меваашро мечашед”.
Чаро нагӯем, ки Собитҷон Раҳимов сад дарсад ҳақ аст! Охир, агар Сарвари давлат моро ба Суғд намебурд, магар ифтихор карда метавонистем, ки дар бунёди “Боғи миллии Ваҳдат” дасти мо расидааст?!
 
Ҷӯрабек МУЪМИН, ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2022    №: 134    Мутолиа карданд: 727
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед