logo

иқтисод

“ДАШТИҶУМ”. БА ТАҚДИРИ МАМНУЪГОҲИ НОДИР БЕТАРАФ НАБОШЕМ!!!

 
Мамнуъгоҳи давлатии табиии “Даштиҷум” соли 1983 дар қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади ҳифзу нигаҳдории як қатор намудҳои ҳайвоноти вуҳуш, аз ҷумла бузи кӯҳии морхӯр, гӯсфанди кӯҳии урял, оҳуи бухороӣ, озодапаланг (бабри барфӣ), хирси маллаи тиёншонӣ ва гурӯҳи рустаниҳои нодире, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд, таъсис дода шудааст. 
Дар заминҳои ҳудуди мамнуъгоҳ ҷангалзори  анбуҳ ва сирак вуҷуд доранд, ки ин манбаи рӯзгузаронии бузи пармашох ва олами вуҳуш мебошад. Дар ҷангалзори ин ҷо номгӯи зиёди дарахтон, амсоли писта, бодом, ангат, себу ноки кӯҳӣ, дулонаи хирсак, туғ, санҷит ва дарахтони гуногуни сояафкан ба назар мерасанд. Писта аз дарахтони паҳншудаи ин мавзеъ ба ҳисоб рафта, наздики 30 дарсади ҷангалзорро ташкил медиҳад.  
Дар ин минтақа гиёҳҳои маъмули шифобахш, аз қабили гули бобуна, кокутӣ, мухолас, шираи камол, гули нарнӣ, гули хайрӣ, зира, бӯи модарон, зелол ва ба инҳо монанд рустаниҳои беназир фаровон мерӯянд. Дар баъзе қисмҳои касногузари ин мавзеъ кормандони мамнуъгоҳ чакидани шираи мумиёро мушоҳида намудаанд. Гиёҳҳои маъмули мавсимии ҳамвории ин мавзеъ, амсоли ҷамилаку бубанак, сиёҳалаф, банди ҷома, пиёзҳои кӯҳию анзур, рошаку чукрӣ, торон ва ду намуд занбӯруғ мебошанд. 
Парандагони мамнуъгоҳ ҳам гуногунранг буда,  кабки зирак, мурғи даштӣ, бедона, уқоб, шоҳуқоб, боз, лочин ва садҳои дигар ба инҳо монанд дар ин ҷо маскан доранд. 
Ҳарчанд аз ҷониби мақомоти масъул хоса чанд соли охир барои ба талаботи муосир мувофиқ намудани шароити мамнӯъгоҳ корҳои чашмрасе анҷом гирифта бошанд ҳам, шикори ғайриқонунии бузи морхӯр, ҷамъоварии шираи камол дар заминҳои мамнуъгоҳ аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад. Мубориза алайҳи ин вайронкорон, ки аксаран шаҳрвандони хориҷӣ ва силоҳбадастанд, вазифаи ҷонии мақомоти дахлдор, аз ҷумла марзбонон мебошад. Аз ин рӯ, бояд ба тақдири мамнуъгоҳ ҷиҳати ҳифзи олами рангоранги набототу ҳайвоноти он  бетараф набошем. Ин макони марғуби тамошобоб метавонад манбаи бузурги ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва даромади хуби иқтисодӣ барои кишвар бошад. 
 
Дилшод ҚИЛИЧЕВ, 
корманди илмии мамнуъгоҳи табиии “Даштиҷум”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2022    №: 134    Мутолиа карданд: 819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед