иқтисод
ТУХМИПАРВАРӢ. КАНӢ ШУҲРАТИ ПЕШТАРАИ КОРХОНАИ ФАЙЗОБОД?
Чанд сол аст, ки оид ба фаъолияти бесамари Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назирови ноҳияи Файзобод дар рӯзномаҳо гузоришу мақолаҳо дарҷ мешаванд. Аммо масъулон тадбире намеандешанд ва сол ба сол вазъ бадтар мешаваду беҳ не.
Азбаски Корхона муассисаи давлатӣ ва бар замми он тухмипарварист, мебоист дар мадди назари Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қарор дошта бошад. Вале афсӯс, ки на Вазорати кишоварзӣ ва на Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Корхона чандон таваҷҷуҳи лозима зоҳир наменамоянд.
Солҳои қаблӣ ноҳия аз картошказорҳо 30 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мекард. Ҳаҷми асосии маҳсулот ба Корхонаи зикршуда рост меомад. Картошкапарварони хоҷагии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Пӯлод Абдураҳмонов сардорони звеноҳо, яъне обчиҳо Ҷунайдулло Нуров, Убайдулло Салимов, Лоиқ Воҳидов, Асо Саидов, Сулаймон Толибов, Авғон Гулов ва чанде дигарон аз ҳар гектар 350-400-сентнерӣ ҳосил рӯёнда шуҳрати хоҷагиро баланд бардошта, бо мукофотҳои олии давлатӣ қадр шуда буданд. То солҳои қаблӣ Корхона дар майдони зиёд картошка кишт мекард, вале дар ин муддат на танҳо шуҳрати пештараашро аз даст дод, балки заминҳои ҳосилхезашро тақсим намуда, ба муфлисӣ расид. Собиқ роҳбарони Корхона қитъаҳои беҳтарини ба фаровонҳосилии картошка мувофиқбударо ба ашхоси аз маданияти заминдорӣ дур тақсим карданд, яъне замин ба дасти соҳиби аслиаш нарасид. Қобили зикр аст, ки Корхона ҳар сол дар анбораш зиёда аз сад тонна картошкаи тухмӣ захира карда, ҳамчунин, хоҷагиҳои дигари картошкапарварро бо картошкаи тухмӣ таъмин менамуд, вале, мутаассифона, тули чанад соли охир аз уҳдаи ин кор намебарояд.
Хоҷагӣ солҳои пеш 60 мошини боркаш ва 40 трактори шудгоркунанда дошт. Имрӯз бошад, як трактори шудгоркунандаи тамғаи Беларус дораду аз надоштани тракторҳои шудгоркунандаю мошинҳои боркаш танқисӣ мекашад.
Дар хоҷагӣ чор фермаи чорвопарварӣ амал мекарду 1500 сар чорвои ширдеҳ арзи ҳастӣ дошт. Танҳо дар фермаи комплексии деҳаи Фатҳобод 500 сар гови зотии ширдеҳ парвариш мешуду соле ба ҳисоби миёна 100 то 150 тонна шир истеҳсол мегардид. Имрӯз дар фермаи комплексии Фатҳобод 41 сар гови ширдеҳи маҳаллӣ боқӣ мондаасту халос. Бинои фермаи мазкур аз солҳои 70-уми қарни гузашта то имрӯз рӯи таъмиру навсозиро надида, дар ҳолати валангор қарор дорад.
Умедворем, ки масъулон аз ин ба баъд аз худ масъулият нишон дода, дар барқарорсозии шуҳрати пешинаи хоҷагӣ саҳми назарраси худро мегузоранд.
Ҳокими САФАР, н. Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2022 №: 134 Мутолиа карданд: 1059