logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

14 июл миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ ба Шумо табрикоту таманниёти самимии худро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам ирсол менамоям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо миёни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо чи дар заминаи ҳамкории дуҷониба ва чи дар сатҳҳои шарикии бисёрҷониба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманд ташаккул ёфтаанд, ки фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ хоси онҳо мебошанд.
Ҷониби Тоҷикистон алоқаманди густаришу таҳкими минбаъдаи ин муносибатҳо буда, ба ояндаи онҳо диди нек дорад.  
Итминон дорам, ки дар оянда низ мо бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории муфиди байнидавлатиамонро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тавсеа бахшида, ба зинаҳои боз ҳам болотар хоҳем баровард.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳативу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Шарафмандам, ки аз номи худ ва мардуми Вйетнам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (14 июли соли 1992) таманниёти неки худро ирсол медорам.
Хурсандибахш аст, ки бо гузашти 30 соли ташаккул ва рушд, дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории неки байни Вйетнам ва Тоҷикистон ҳарчи бештар таҳким ва инкишоф меёбанд.
Мо ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, доимо аҳамияти муҳим медиҳем. Бовар дорем, ки бо мавҷудияти иродаи нек ва қатъияти сиёсии ду ҷониб ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар оянда низ ҷавобгӯ ба манфиатҳои ду халқ ва ба хотири сулҳу субот дар минтақа ва тамоми ҷаҳон босамар роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Ба Шумо сиҳатмандии бардавом, саодату муваффақиятҳои беш аз пеш дар мансаби шарофатмандатон таманно дорем».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2022    №: 135    Мутолиа карданд: 2723
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед