logo

сиёсат

ВМКБ. ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД ОЯНДАСОЗ ХОҲАД БУД

Воқеаҳои охири моҳи ноябри соли гузашта ва моҳи майи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рухдода бори дигар нишон доданд, ки масъалаи таъминоти комили волоияти қонун дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят  ҳалли худро пурра наёфтааст ва агар чораҳои бетаъхир андешида намешуданд, бенизомиҳо дар ҷомеа торафт ҷуқуртар реша давонда, ба амнияти давлату миллат таҳдиди ҷиддӣ дошта метавонистанд. 
Ин нуктаро  Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси вилоят дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зикр намуд. Ба гуфтаи раис, дар солҳои навадуми асри гузашта дар вилоят қувваҳои ҷиноятӣ зуҳур намуданд, ки  махсус  бо қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ сару кор доштанд. Ҳамроҳ шудани ин гурӯҳҳо бо неруҳои мухолифини онвақта таҳкурсии онҳоро хеле мустаҳкам намуд. Онҳо бо истифода аз ҳама гуна воситаҳои ғайриқонунӣ  ба кори мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дахолат намуда, ҳадафҳои ҷиноятии худро амалӣ месохтанд. Бо мақсади халалдор насохтани суботи иҷтимоӣ ва ба умеди ба роҳи рост баргаштани ин қувваҳо Ҳукумати мамлакат  роҳи салоҳу муколамаро пеш гирифт ва  то андозае дар ин ҷода пешравӣ  ба даст омад. Пас аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ он неруҳое, ки силоҳро ба салоҳ иваз намуда, дар роҳи ободкорӣ ва хизмат ба мардум камари ҳиммат бастанд, аз ҷониби давлату ҷамъият қадр гардида, соҳиби эҳтироми мардум гаштанд. Аммо, мутаассифона, ҳодисаҳои минбаъда дар ҳудуди вилоят бавуқуъомада нишон доданд, ки як қисми онҳо нияти неку беғараз надоштаанд. Ин ашхос ҳоло ҳам ба қонуншиканӣ ва ҳатто ҷиноятҳои вазнин даст мезаданд. Соле набуд, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои гирду атрофи он ҷиноятҳои вазнин содир намешуданд, ки ҳамаи онҳо ба халалдор намудани сиёсати давлат ва монеа эҷод сохтан ба раванди рушду инкишофи вилоят нигаронда шуда буданд.
Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯшиш менамуданд, ки тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиву ташвиқотӣ ба ҳалли ин қазияҳо расидагӣ намоянд. Аммо ин гурӯҳҳо ва пуштибонҳои ошкорову пасипардагиашон гузаштҳо ва корҳои пешгирикунандаву сиёсати инсонпарваронаи давлатро ҳамчун заифӣ фаҳмиданд. Аз ин рӯ, амалу талаботи онҳо густохтар шудан гирифт. Ба қонуну қоидаҳои давлатию ҷамъиятӣ беэътиборию беэҳтиромӣ зоҳир намуда, алалхусус қишри ҷавон ва насли наврасро, аз паси худ мебурданд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи  шаҳрвандоне, ки дар эътирозу амалҳои ғайриқонунӣ иштирок карда, дар  дигар  ҷиноятҳои сабук даст доштанд, борҳо гузаштҳо шуданд, аммо бештари онҳо аз ин хулосаи зарурӣ набароварданд. Ба хотири пешгирӣ аз фоҷиаи бузург, ки амалҳои ғайриқонунии  алоҳида  сокинони  вилоят  дар  пай  доштанд, моҳи май  дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ амалиёти махсус гузаронда шуд. Бо ҳамин вилоят аз вартаи  фалокат наҷот ёфт. Имрӯз, - зикр кард Мирзонабот Алишер,раиси ВМКБ, - рукнҳои давлатдорӣ мустаҳкам, иродаи роҳбарияти олии  мамлакат устувор буда, сиёсати пешгирифтаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аксарияти кулли сокинони вилоят ҷонибдорию пуштибонии қавӣ дорад. Барои ҳамин, минбаъд низ кадом хатаре аз ҷониби кадом неруе, ки ба амнияти давлатию миллӣ таҳдид мекунад, дар сарчашмаи  он аз байн бурда хоҳад шуд.
- Тавре мушоҳида мегардад, сӣ соли охир  дар вилоят ҳаёти моддӣ аз ҳаёти маънавӣ хеле пеш гузашт. Даромади аҳолӣ, пасандозҳои бонкӣ, паст шудани сатҳи камбизоатӣ, зиёд гардидани теъдоди табақаи миёнаи аҳолӣ ва дигар ҷанбаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сиёсати давлат дар ин самт натиҷаҳои хуб доданд.  Аммо, мушкилоти маънавӣ ҳамоно ҳалталаб боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, вақту марҳилаи он расид, ки дар соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ - маориф, фарҳанг, дин, кор бо ҷавонон ва оила ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳаввулоти ҷиддии фарогирро амалӣ созем, махсусан насли наврас ва ҷавонро, дар руҳияи миллатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва давлатмеҳварӣ тарбия намуда, дар ниҳоди ҷомеа принсипи волоияти қонунро таҳким бахшем, - гуфт Мирзонабот Алишер.
Раиси вилоят изҳори боварии комил кард, ки аксарияти кулли сокинони  вилоят дар ҳама давру ҳолат ҳомии арзишҳои волои миллию инсонӣ ва ғуломи қонуну тартибот буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Агар ҳамин тавр намебуд, аз байни ин мардум на қаҳрамони миллӣ ва на дигар  номбардорони миллат ба воя мерасиданд. Миллати тоҷик бо ҳазорҳо фарзонафарзандони бадахшонии худ дар саросари ҷаҳон фахр мекунад. 
Фикр мекунам, - изҳори боварӣ кард  Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси вилоят, - марҳилаи нави созандагиву бунёдкориҳо, рушди  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - "Дарвозаи тиллоӣ"-и Тоҷикистон оғоз ёфт.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2022    №: 135    Мутолиа карданд: 977
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед