logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Ҷавони саркаш 18 сол паси панҷара рафт
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе хизматчии ҳарбӣ-курсант Бахтовари Раҳмоналиро барои саркашӣ аз идомаи хизмати ҳарбӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба ӯ, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ – 200 қисми 4 банди “д” (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон) ва 375 қисми 2 (фирор) айб эълон шудааст. Манбаъ зикр мекунад, Бахтовари Раҳмоналӣ пас аз хатми филиали Академияи ҳарбии ақибгоҳ ва нақлиёти шаҳри Пензаи Федератсия Россия дар соли 2017 уҳдадор буд, барои идомаи хизмати ҳарбӣ ва ба вазифаи мушаххас таъин шудан ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир гардад. Аммо бе сабаби узрнок аз идомаи хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, беш аз 4 сол аз иҷрои вазифаҳои хизматии ба зиммааш гузошташуда канораҷӯӣ кардааст.
Гузашта аз ин, маҳкумшуда ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст задааст, ки аз ҷониби мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо 18 килограмм маводи нашъаовар дастгир гардид.
 
 
 
ДУЗДӢ
Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи зане, ки беш аз 171 ҳазор сомониро рабуд
Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба зани 38-солаи сокини шаҳри Исфара бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. 
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки ин зан дар дуздии маблағу ҷавоҳирот гумонбар мешавад. Вай 9 июли соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии зани 30-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз хона 2800 сомонӣ, 987 ҳазор рубли русӣ ва ҷавоҳироти гуногунро дуздидааст, ки маблағи умумии зарар 171 ҳазору 668 сомониро ташкил медиҳад. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2022    №: 135    Мутолиа карданд: 2796
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед