logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти гуногун, истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон  ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.
 
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат карда, баҳри пойдории ваҳдату оромӣ, рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саодатмандию сарбаландии миллати тоҷик дуою фотиҳаи нек намуданд.
Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар мавзеи хушбоду ҳаво ва дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ҳамарӯза ин мавзеъро сайёҳони дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг ду ширкати сайёҳӣ, понздаҳ меҳмонхона, чор мавзеи сайёҳӣ, ду тарабхона, ду осорхона, шаст ёдгории таърихӣ, ду мағозаи фурӯши армуғон, се зиёратгоҳ ва боғи фарҳангиву фароғатӣ мавҷуданд.
Бояд гуфт, ки теъдоди сайёҳон дар нимсолаи якуми соли равон 15,6 ҳазор нафарро ташкил дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои зиёрат ва шиносоӣ бо имкониятҳои ин мавзеи сайёҳӣ боз ҳам ободу зебо гардондани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллиро ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон зарур шумурда, ба масъулон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
 
БОЗДИД АЗ НАМОИШ-ФУРӮШИ ДОИМИИ ГУЛУ  ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ ДАР ДЕҲОТИ ҶОМБАХТ
16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш-фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан намуданд.
Сокинон гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳо ҷамъ оварда дар хона бандубаст менамоянд.
Дар ноҳия гиёҳҳои гуногуни шифобахш мавҷуданд, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода мешаванд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши мазкур бо назардошти сайёҳӣ будани минтақа ба сокинон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неъматҳои табиӣ ва, ба ин роҳ, боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии хеш маслиҳатҳои судманд доданд.
 
ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ МАКАРОН 
16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи истеҳсоли макаронро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби роҳбарият ва муассисони ҶСК “Ховалинг” сохта шудааст.
Пас аз ба истифода супурдани иншоот 10 сокини маҳаллӣ, ки 8 нафарашон занону духтаронанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дастрасии дастгоҳу механизми муосири соҳавӣ имкон фароҳам меорад, ки чор номгӯи макарон дар як шабонарӯз 1,5 тонна ва дар як моҳ 45 тонна истеҳсол шавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар оянда марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли макарон бунёд шуда, бо ин васила, ҳаҷми истеҳсол дар як сол ба 1000 тонна мерасад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз имкониятҳои коргоҳи истеҳсоли макарон, бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот, фаъолияти ҳамешагӣ ва, бо ин васила, зиёд намудани ҷойҳои корию таъмини саривақтии талаботи сокинон бо ин маҳсулоти хӯроквориро зарур шумурда, бо назардошти имкониятҳои фарохи ноҳияи Ховалинг дар самти афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ба масъулон дастуру супоришҳои махсус доданд.
Пас аз ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли макарон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ панҷ намуд асал, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавот, хушкмева, шарбату консерва, ғалладонагиҳо ва маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия пешниҳод гардид.
Ҳамчунин, техникаву механизми соҳаи кишоварзӣ, ки омодаи кор мебошанд, ба намоиш гузошта шуда, иқтидори соҳаи кишоварзии ноҳия муаррифӣ гашт.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ  
16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинг Коллеҷи тиббии ғайридавлатиро ба истифода доданд.
 Коллеҷи тиббӣ аз ҷониби соҳибкорон Исмоил Садиров ва Абдулло Ҳасанов ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфт. Масоҳати он 0,5 гектарро дар бар мегирад.
Бино аз се ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ду толор барои гузарондани дарсҳои лексионӣ, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорону иншооти ёрирасон иборат мебошад. Синфхонаи компютерӣ бо 20 компютер ва дастгоҳҳои зарурии муосир таъмин аст.
Коллеҷ барои ба таълим фаро гирифтани 330 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ мешавад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ 40 нафар, аз ҷумла 28 нафар бо маълумоти олии тиббӣ ва 12 нафар бо маълумоти олии омӯзгорӣ, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид. 
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар муассиса 150 довталаб аз ноҳияи Ховалинг ва ноҳияҳои атроф ба қайд гирифта шуд.
Дар Коллеҷ аз рӯи чор ихтисос – ҳамширагӣ, момодоягӣ, фарматсевтӣ ва дандонпизишкӣ таълим дода мешавад.  Бинои он ба таври замонавӣ ва бо риояи талаботи меъмории миллӣ бунёд ёфта, ба зебоии ноҳияи Ховалинг ҳусни дигар  мебахшад.  Дар  шафати  Коллеҷ дар масоҳати 300 метри мураббаъ сохтмони хобгоҳ идома дорад. Тибқи лоиҳа, он сеошёна буда, барои истиқомати 110 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Ҳоло сохтмони таҳкурсии иншоот ба анҷом расида, бинокорон бо корҳои хиштчинӣ дар ошёнаҳо машғуланд. Мувофиқи иттилоъ, хобгоҳ то моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои бунёди чунин муассисаи замонавии таълимӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ миннатдорӣ баён дошта, аз омӯзгорону дигар кормандони Коллеҷ истифодаи самараноки шароити мавҷударо талаб намуданд.
 
ШИНОСОӢ БО МАДАНИЯТИ ИСТИФОДАИ  ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГИИ ИЛҲОМ ОДИНАЕВ 
16 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Илҳом Одинаев ташриф оварда, бо маданияти истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос гаштанд.
Оилаи Одинаевҳо дар ноҳияи Ховалинг намунавӣ буда, дар ин хонавода фарзандони меҳнатдӯсту худшинос ва худогоҳ ба воя расидаанд. Замини наздиҳавлигии шаҳрванд Илҳом Одинаев ҳашт садякро ташкил медиҳад. Дар чор садяки замин зироати кишоварзӣ, асосан, сабзавот ва картошка, кишт шудааст. Ҳамчунин, дар назди ҳавлӣ дарахтони себ, олуча, зардолу, шафтолу, гелос, олу, чормағз, нок, хурмо ва ангур парвариш меёбанд.
Ғайр  аз  замини  наздиҳавлигӣ,  Илҳом  Одинаев  аз ҳисоби заминҳои президентӣ 15 садяк хоҷагии ёрирасонро дар ихтиёр дорад. Дар ин қитъа низ картошка, сабзавот ва дигар номгӯи зироати кишоварзӣ кишт гардидааст. Ин шабу рӯз дар ноҳияи Ховалинг мавсими ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Оилаи Одинаевҳо дастаҷамъона ба захира намудани маҳсулот, аз ҷумла мураббо, хӯриш ва шарбати меваю сабзавот, машғуланд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зиндагии оилаи мазкур маълум шуд, ки дар анбори хонадон ба миқдори зарурӣ маҳсулот, аз қабили гандум, лӯбиёиҳо, мевагӣ, орду равған, биринҷ, захира гаштаанд. Ҳамчунин, дар 300 зарф шарбату ширинӣ ва хӯришҳои гуногун омода кардаанд, ки барои ду сол басанда мебошад.
Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила бастаи адабиёти бадеӣ туҳфа намуда, онҳоро ба мутолиаи китоб ва воқиф будан аз таъриху маданияти баланди миллати тоҷик ҳидоят карданд. Сарвари давлат фаъолияти оилаи Илҳом Одинаевро дар самти маданияти истифодаи замин шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонданд.
 
БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА  ДАР КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ "АБДУЛЛО САФОЛОВ" 
16 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» шинос шуда, ба ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд.
Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» соли 1993 дар деҳоти Ҷомбахт таъсис ёфта, дорои 22 гектар замин мебошад. Дар он 12 нафар саҳмдор фаъолият менамояд.
Дар Кооператив ҳар қитъаи замин пурсамар истифода гардида, ҳамасола аҳли заҳмат ҳосили хуби маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла, ба даст меоранд.
Кишоварзон дар мавсими кишти тирамоҳӣ дар масоҳати 13 гектар ду навъ гандум, аз ҷумла “Краснодар – 99” ва «Пештоз», кишта, ният доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 45 – 55-сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.
Барои ҷамъоварии беталафу саривақтии ҳосил техникаҳои зарурӣ ҷалб шуда, дарави ғалла дар асосии риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор идома дорад.
Аснои шиносоии Пешвои  муаззами миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  аз  фаъолияти хоҷагидорон маълум гардид, ки соли равон дар Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» ҷиҳати истифодаи мақсадноки қитъаҳои дар ихтиёрдошта, дар як гектар ғаллаи баҳорӣ, як гектар ҷав, як гектар пиёз, як гектар помидор, як гектар картошка, чор гектар юнучқа барои хӯроки чорво ва тухмӣ кишта, 3 гектар боғ бунёд ёфт.
Заҳматкашони хоҷагӣ ҳамасола аз кишту парвариши картошка низ дар асоси тавсияи мутахассисон ва интихоби дурусти тухмии босифат ҳосили хубу фаровон ба даст меоранд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ аз фаъолияти ибратбахши Кооперативи истеҳсолии "Абдулло Сафолов" дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид карданд. 
Дар он кишоварзону сокинони ноҳия маҳсули дастранҷи худ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полизӣ, меваҷоти тару тоза ва маҳсулоти консервашударо, ба маъраз гузоштанд.
Дар як гӯшаи намоишгоҳ ҷангалпарварони ноҳияи Ховалинг гулу гиёҳҳои шифобахш ва асали табииро муаррифӣ намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 4 ҳазору 357 мерасад ва соли равон занбӯриасалпарварон беш аз 25 тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тоза гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон икдому талошҳои кишоварзони ноҳияи Ховалингро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, махсусан таъмини амнияти озуқаворӣ, шоиста хонда, ба кишоварзон барои истифодаи пурсамари имкониятҳои табиии мамлакат дар заминаи истифодаи пурсамари заминҳои корам ҷиҳати боз ҳам афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити имрӯзи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
 
ҶАРАЁНИ КОРҲОИ АГРОТЕХНИКӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "МАҲМАДӢ"  
16 июл дар деҳоти Ҷомбахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" боздид намуданд.
Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" дар самти парваришу истеҳсоли сабзавот ва дигар намуди зироат таҷрибаи бой дошта, баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста мегузорад.
Хоҷагӣ соли 2017 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,8 гектар замин, аз ҷумла 1,8 гектар замини обӣ ва 4 нафар саҳмдор, дорад. Самти асосии фаъолияти хоҷагидорон сабзавоткорӣ мебошад.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ соли равон дар як гектар замин парвариши сабзавотро дар асоси тавсияи мутахассисон ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондаанд. Ин шабурӯз зироати хоҷагидорон нашъунамои хуб дорад.
Дар заминҳои хоҷагӣ аксар намуди зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, картошакаю пиёз, карам, лаблабу, каду, лӯбиё, ҷуворимакка барои дон, ба назар мерасад.
Истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди парвариши сабзавот ва риояи агротехникаи кишту парвариш ба таъмини фаровонҳосилӣ дар қитъаҳои хоҷагии мазкур замина гузоштааст.
Хоҷагидорон соли гузашта як тонна пиёз, ду тонна картошка, як тонна гандум ҷамъ оварда, дар баробари ин, лӯбиёиҳо ва помидору бодиринг низ истеҳсол ва ба миқдори зарурӣ дар қуттиҳо захира намуданд.
Парвариши сабзавот ва дигар маҳсулоти хоҷагӣ, асосан, барои таъмини эҳтиёҷоти хонаводагӣ ва захира барои ду соли оянда пешбинӣ мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз рафти корҳои агротехникӣ ва кишту парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" ба фаъолияти аҳли заҳмат дар самти риояи маданияти баланди истифодабарии замин баҳои баланд дода, барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосил ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ФАРАНГИС»
16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии «Фарангис»-и деҳоти Ҷомбахт ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва лӯбиёиҳо шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур соли 2004 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 2 гектар замин дорад. Дар он панҷ саҳмдор фаъолият дошта, роҳбараш бонуи соҳибтаҷриба Хоним Аҳророва мебошад. Заҳматкашони хоҷагӣ ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полизӣ ва лӯбиёиҳо, машғуланд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз нашъунамо ва ҳосилбандии зироати кишоварзӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам такрорӣ аз таҷрибаи заминдории кишоварзони ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд. Саҳмдорон ҳамасола дар заминҳои хоҷагӣ ҷуворимакка барои дон, мошу лӯбиё ва сабзавоту полизӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидору бодиринг, сабзӣ, сирпиёз, пиёзи тухмӣ, лаблабу, караму каду, қаланфур, кишт менамоянд. Хоҷагидорон дар кишти такрорӣ дар 0,6 гектар картошкаи навъи «Тоҷикистон» киштанд. Интихоби тухмиҳои босифати маҳаллӣ боиси он мегардад, ки дар мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст ояд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол баъд аз дарави зироати омехтаи хӯроки чорво саҳмдорон дар замини холишуда дар кишти такрорӣ ҷуворимаккаи дон ва сабзавоту полизӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, картошка, карам, лӯбиё, лаблабу ва каду, кишт намуданд. Айни замон зироати кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, сари вақт бо оби полизӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин мешавад. Ба гуфтаи хоҷагидорон обу ҳавои мусоиди ноҳия ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ мувофиқ аст.
Аз ҳосили бадастомада дар баробари таъмини эҳтиёҷоти хонавода, барои ду соли минбаъда низ ба миқдори зарурӣ донагиҳо ва дигар навъи маҳсулоти корсервашуда захира менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат ороста, барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
 
ИФТИТОҲИ МТМУ №18 ДАР ДЕҲАИ САФЕДШАҲРАК
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сафедшаҳраки деҳоти Лоҳутӣ ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ифтитоҳ намуданд.
Муассиса дуошёна буда, дорои 17 синфхонаи таълимӣ мебошад, ки барои 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда баҳои баланд доданд. МТМУ №18 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосиру ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуд.
Дар мактаби нав синфхонаҳои барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фанни химия, физика, математика, биология, астрономия, табиатшиносӣ, таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, компютерӣ, китобхона, толори хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва кормандон, нуқтаи тиббӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон, мавҷуданд.
Дар ошёнаи якум ошхона ҷой гирифта, дорои 176 ҷойи нишаст мебошад.
Ҳамчунин, барои ба тарзи ҳаёти солим рӯ овардани наврасону ҷавонон дар Муассисаи мазкур толори барҳавову муосири варзиш бунёд ёфт. Дар он, асосан, бозиҳои волейбол ва баскетбол гузаронда мешаванд. Хонандагон имкон доранд, ки дар рафти машғулияти варзишӣ ба обу тоби бадан машғул шаванд.
Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми Муассиса маҷлисгоҳ бо 260 ҷойи нишаст мавҷуд аст, дорои дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ мебошад.
Дар синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат хонандагон нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро аз худ менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ ороста, аз омӯзгорон талаб карданд, ки аз шароитҳои муҳайёгардида пурсамар истифода бурда, ба омӯзондани дурусти барномаҳои таълимӣ ба хонандагон, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияи муосир ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2022    №: 136    Мутолиа карданд: 2642
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед