logo

порлумон

МАҶЛИСИ МИЛЛӢ. БАРРАСИИ 44 МАСЪАЛА ДАР ИҶЛОСИЯИ НАВБАТӢ

 
Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум баргузор гардид. Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 44 масъала қабул намуданд.
Тавре Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ маъруза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда ироа намуданд.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо тартиби муқарраршуда Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ»  ва «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»-ро мавриди муҳокима қарор дода, онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар доираи рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллӣ атрофи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар, аз ҷумла ба кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, замин, гумрук, инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи энергетика», «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи ҳимояи рақобат»  ва «Дар бораи реклама» мубодилаи афкор сурат гирифта, онҳо ҷонибдорӣ гардиданд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва меҳнат, инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд, ки онҳо бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, пешниҳод шудаанд.
Инчунин, дар рафти иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ як қатор пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихоб ва бозхонд намудани роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ, як қатор судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Рустами Эмомалӣ судяҳои навинтихобро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолати судӣ ба хизмати софдилона даъват намуд.
Дар фарҷом Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ба Прокурори генералӣ супориш дод, ки якҷо бо дигар сохторҳои марбута вазъи муомилоти маҳсулоти тамоку ва машруботи спиртӣ дар бозори истеъмолии кишвар, бахусус пешгирии харидуфурӯши ин маҳсулотҳоро аз ҷониби ноболиғон, бо таҳлили санадҳои қонунгузории марбут ба самти мазкур ба роҳ монда, ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар ин самт таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2022    №: 136    Мутолиа карданд: 2608
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед