logo

сиёсат

РОҒУН РАМЗИ БАХТИ ТОҶИКОН АСТ

Миллати пирӯзи тоҷик имрӯзҳо дар оғӯши сию якумин солгарди Истиқлоли давлатии худ сарбаландона, бо эътимоду бовар дар пайи расидан ба армонҳои бузурги миллии худ қадам мебардорад. 30 соли даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 30 соли имтиҳонҳои на осони эҳёву худсозӣ, бунёди давлатдории навин, собитсозии арзи ҳастии ҷавонмардонаи худ рӯ ба рӯи оламу одам будааст. Дастоварду пирӯзиҳои бесобиқаи миллати мо дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ гувоҳи пирӯзӣ, сиришти неку ҷавонмардона, хираду фазилат, донишу адаб, фарҳанги волои ин миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мост.  
Пирӯзиву дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ  ҳисоб надоранд ва бидуни шубҳа, дар ин шумор бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки яке аз бузургтарин сохтмонҳи азими ҷаҳон маҳсуб ёфтаву беназир аст, мақоми хоссаро ишғол мекунад. Бунёди “Роғун” танҳо бунёди як неругоҳ нест, балки барои миллати тоҷик дар ин марҳилаи сарнавиштсози таърихияш бунёди   худи миллат ва худи халқ, худи кишвари куҳанбунёди мо гардид. Зеро, аввалан, “Роғун”  бузургтарину гаронтарин имтиҳони миллати мо дар пеши таърих ва ҷаҳон буд. Сипас, бунёди “Роғун” бунёду эҳёи худи мо гардид. Зеро “Роғун” дар гаронтарин рӯзгор, бар муқобили он ҳама садду монеаҳое шадид, бар алайҳи ҳамаи онҳое, ки зидди бунёди он буданду мегуфтанд ин кори номумкин аст ва ҳама корро карданд, ки он сохта нашавад, сохта шуд. Эътимоду бовару ҷасорати Пешвои миллатамон раҳнамову илҳомбахши халқамон гардид ва мо "Роғун"-ро сохтем. Афсонаро ҳақиқат кардем. Хиради азалӣ, матонату иродати қавӣ ва муҳаббати баланди ватандӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифамон оқибат ба ин пирӯзӣ моро расонд. Оре, имрӯз: 
Роғун башорат аст, 
Роғун адолат аст,
Роғун ҳақиқат аст.
Бунёди “Роғун” беш аз бунёди як неругоҳи азим аст, зеро пирӯзии “Роғун” пирӯзии Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ,  дӯстиву ҷавонмардиву ягонагии миллати мо гардид. Бунёди “Роғун” дурахшонтарин падидаи таърихии халқи тоҷик аст, рамзест, ки дар он ҳама рамзҳои баланди инсониву фарҳангиву таърихии миллатамон ҷамъулҷамъ зуҳури муҷалло ёфтаанд.
Оре, мо “Роғун”-ро “дар рӯи тахтапушти худ, чу кохи орзуи ҳафтсаду ҳафтод пушти худ”, “ба рӯи шонаҳои худ, чу тахти шаъну шони худ” сохтаем. Ин аст, ки нури “Роғун” нури одӣ нест, ин нури бахти тоҷикон аст, нурест, ки аз умқи ҳазоронсолаи миллати мо сарчашма мегирад.  Яъне, нури хирад, нури шарафу саодати миллати мост. 
Дар радифи бунёди НБО “Роғун”, бунёди ҳастии миллати мо, умеду ормонҳо ва ҳадафҳои волои таърихии он идома дорад. Беҳуда нест, ки имрӯз мавзуи “Роғун” мавзуи ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ваҳдату ягонагии мо, мавзуи шеъру суруд ва сурури сарфарозии аҳли қаламу аҳли ҳунару аҳли илм  гардидааст.
 
 
РАМЗИ БАХТИ ТОҶИКОН
Роғун, туро мо сохтем, 
Роғун, ту моро сохтӣ.
Бо худ чароғи бахтро афрӯхтӣ, афрохтӣ.
 
Дасти муҳаббат гар набуд дар пайкари сангини кӯҳ,
Тандеси Меҳан ҷилвагар чун гашт ин сон бо шукӯҳ!?
 
Дасти садоқат гар набуд, дар қаъри сангини замин,
Оё тавон бунёд кард ин нақбҳои озарин!?
 
Бунёди ту афсона шуд дар пайкари сарди Замин,
Бар халқи некоини мо  таърих хонад офарин.
 
Бингар,  ҳақиқатро чи сон з-афсонаҳо бунёд кард,
Банди ҳазоронсоларо бигсаст, то озод кард.
 
Ҷон дар хатар  мардонавор ӯ пеши дарёро бубаст,
Садҳо тилисми роҳро бо дасти худ танҳо шикаст.
 
Пирӯзии Рустам кунун бо аждаҳо афсона нест,
Симурғи бахти мо дигар дар осмон белона нест.
 
Болу параш эҳсони мост, файзу фараш аз ҷони мост,
Ишқи Ватан, ишқи Ватан  бахти балогардони мост. 
 
Роғун, ту моро сохтӣ, Роғун туро мо сохтем,
Дар корзорони Ватан ҷону дилу сар бохтем.
 
Соруҷи бунёдат, Ватан, аз ашку хуни мо бувад,
Неруи беҳамтои ту  меҳри фузуни мо бувад.
 
Роғун туӣ, Роғун манам  рӯи кафи нанги замин.
Бунёди асли хеш кард ин миллати нурофарин.
 
Роғун - сафо, Роғун - вафо, Роғун- бақои мо бувад,
Армони чандинасра, уммеди ниёи мо бувад.
 
Анвори фазли халқи мо, эй дӯстон, Роғун бувад,
Афсонаҳои асрҳо дар пеши ӯ афсун бувад. 
 
Тандеси пирӯзии мо афрохт қомат дар ҷаҳон,
Бодо муборак бар ҳама тандеси бахти тоҷикон.
 
Камол  НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2022    №: 137    Мутолиа карданд: 1243
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед