logo

иқтисод

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

Солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бамаротиб зиёд шудааст.  Ин нукта зимни машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо ва  роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ зикр гардид.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси вилоят Низом Мирзозода, амалишавии Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ба рушди босуръати  соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти маҳаллӣ, афзоиши маҷмуи маҳсулоти воридотивазкунанда ва  баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии вилоят мусоидат намуд. 
Таъкид гардид, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тули панҷ соли оянда дар ҳудуди вилоят таъсиси 92 корхонаи саноатӣ бо ташкили 1387 ҷои нави кор ба нақша гирифта шудааст. Давоми солҳои 2020-2022 дар вилоят 31 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолии дорои  317 ҷои корӣ ба истифода дода шуда, тибқи пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2022 бояд 30 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо муҳайё намудани  407 ҷои нави корӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. 
Барои таъмин намудани рушди соҳаи саноат дар минтақаҳои кишвар бо назардошти дастрасӣ ба ашёи хоми ватанӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар қитъаи саноатии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғи Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ амалигардонии 5 лоиҳаи сохтмони корхонаҳои саноатӣ бо ташкили қариб 100 ҷои корӣ ба нақша гирифта шудааст. Давоми 5 моҳи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони  вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 дар шаҳри Бохтар  баён доштанд, дар  шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муайян роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла,  соли равон  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ дар  вилоят афзоиши бесобиқа пайдо карда, дар шаҳри Хоруғ он 102 дарсад, ноҳияҳои Рӯшон 99, Шуғнон 103,4, Роштқалъа 117,8, Ишкошим 119, Мурғоб 106,5 фоиз, Ванҷ 92,1 ва ноҳияи Дарвоз 52,5 дарсадро ташкил дод. Камшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳияи Дарвоз, асосан, ба корхонаи коркарди тиллои ҶДММ «Шимшо», ки фаъолияти мавсимӣ дошта, дар 5 моҳи соли равон фаъолият надошт, рабт дорад. Дар ҳудуди вилоят ба ҳолати ҳозира 157 корхона ва коргоҳҳо мавҷуд буда, аз онҳо 64 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба таври расмӣ ва 93 адад ба тариқи тадқиқот ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин муддат аз 64 корхонаи ба таври расмӣ бақайдгирифташуда 26 корхона ва коргоҳ фаъолият накарданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер зимни таҳлили масъала бобати қарздорӣ ва таъминоти қувваи барқ, фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, рақамҳои омории фаъолияти коргоҳу корхонаҳои саноатӣ аз масъулон маълумот гирифта, баҳри ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки коргоҳу корхонаҳои аз фаъолият бозмонда бояд дубора ба кор дароварда шаванд. Ҳамзамон, ба раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати  таъмини либосҳои мактабӣ ва тиббии муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии вилоят супориш дода шуд ва  таъкид гардид, ки бо мақсади боло бурдани иқтидори истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои вилоят тибқи шартномаи тарафайн минбаъд дар навбати аввал  маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо харидорӣ мегардад. Раиси вилоят, ҳамчунин,  ҷиҳати пешниҳоди ҳисоботҳои дурусти оморӣ доир ба фаъолияти коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, таъмини онҳо бо мутахассисони соҳибкасб, истифодаи захираҳои табиии маҳаллӣ дар назди шахсони мутасаддӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2022    №: 137    Мутолиа карданд: 896
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед