logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

МОЛИЯ
Даромади Буҷети давлатӣ 102 дарсад иҷро гардид
Дар нимсолаи якуми соли равон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 46,2 миллиард сомонӣ расид, ки суръати рушди он 7,4 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, нақшаи даромади Буҷети давлатӣ бо назардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар сатҳи 102 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 15,1 миллиард сомонӣ ворид шуд. 
Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. 
Номбурда дар посух ба суоли хабарнигори рӯзнома оид ба истихроҷи тиллои пошхӯрда ва сангу металлҳои дигари қиматбаҳо изҳор дошт, ки дар ин самт барои шаҳрвандон ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. 
- Шаҳрвандон метавонанд ба дилхоҳ намояндагии Вазорат дар шаҳру ноҳияҳо барои истихроҷи  тилло  муроҷиат  намуда,  иҷозатнома дастрас намоянд. Инчунин, тиллои шустаашонро ба идораҳои мазкур аз рӯи нархи биржаҳои ҷаҳонии молиявӣ бифурӯшанд. Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 6 ҳазор шахси воқеӣ дар асоси иҷозатномаи вазорат ба шустушӯи тилло  машғул гардидаанд, ки ин ҳам яке аз манбаъҳои дарёфти ҷойи кору даромади аҳолист, - гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
БУНЁДИ 184 КОРХОНАВУ КОРГОҲ БО ҚАРИБ 4 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР
 
Давоми шаш моҳи аввали соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 19,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пешӣ 2,8 миллиард сомонӣ зиёд аст. Ин маълумотро дар нишасти матбуотӣ Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияи нав, ба хабарнигорон гуфт. 
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 184 корхонаю коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 13, вилояти Хатлон 43, Суғд 42, ВМКБ 9 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 адад мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 3797 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор шуд. Зикр гардид, ки 673 корхона (583 корхонаи мавсимӣ, 77 корхонаи аз фаъолият бозмонда), аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 25, вилояти Хатлон 13, Суғд 47, ВМКБ 5 ва НТҶ 19 корхона  фаъолият накард. 
Шералӣ Кабир сабаби асосии инро дар марҳилаи барҳамхӯрӣ қарор доштан, муфлисшавӣ, мушкилоти молиявӣ, қарзи андозӣ, баҳси амвол бо бонкҳо, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, аз ҷумҳурӣ рафтани роҳбарони корхона бинобар шаҳрванди хориҷӣ будан, надоштани бино, қитъаи замин ва амсоли инҳо донист. 
- Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз рӯи намудҳои  фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи саноат зиёда аз 2,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки ба саноати истеҳсол, коркард, истихроҷ ва тақсимоти неруи барқ рост меояд. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки, дар маҷмуъ, ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 39,5 миллион сомонӣ бештар гардидааст, - гуфт Шералӣ Кабир. 
 
Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»
 
 
 
КОРРУПСИЯ 
Аз ошкор гардидани 1254 ҷиноят  то аз мансаб рафтани 78 нафар
 
Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ мутахассисони самти назорати давлатию молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 245 тафтишу санҷиш гузаронда, ба маблағи 104,8 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Аз ин маблағ 96,5 миллион сомонӣ (69,4 миллион ба буҷет ва 27,1 миллион ба корхонаву муассисаҳо) барқарор гардид. 
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои ӯ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар ин давра 1254 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, инчунин, бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятиро ошкор кардаанд. Ҳамчунин, 1007 парвандаи хусусияти коррупсионидоштаро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ гаштааст.
-Аз натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии вазорату идораҳо 2497 пешниҳод ва дастури хаттӣ ирсол гардид. Дар натиҷаи баррасии онҳо нисбат ба 416 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ гашта, 78 нафар аз мансабҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд, - гуфт Сулаймон Султонзода. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
БОНКИ МИЛЛӢ
ММД ба 46,2 миллиард сомонӣ баробар шуд
 
Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022  сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода.
Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар моҳҳои январ-июн бо арзиши номиналӣ ба 46,2 миллиард сомонӣ  баробар  гардида, афзоиши воқеии он 7,4 фоизро ташкил намуд. Ба рушди иқтисодиёт дар ин давра, асосан, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноат (17,3 фоиз), гардиши савдои чакана (9,3 фоиз), хизматрасонии пулӣ (12,8 фоиз), соҳаи сохтмон (2,5 фоиз) ва кишоварзӣ (7,2 фоиз) мусоидат карданд. 
Сатҳи таваррум 4,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (7,0 фоиз) ва молҳои ғайрихӯрокворӣ (2,3 дарсад) ба амал омад. Ҳамзамон, дар ин давра пастравии нархи арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ (1,1 дарсад) ба қайд гирифта шуд.
Баҳри танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ  музоядаҳои фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,3 миллиард сомонӣ гузаронда шуда, тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 0,5 миллиард сомонӣ ҷалб шуд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3567
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед