logo

Хабарҳо

Вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатӣ

 
Дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, - иттилоъ дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуданд. Дар поёни нишаст протоколи дахлдор имзо шуд.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.
 
 
Густариши ҳамкорӣ байни вазоратҳои  молияи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҳамкорӣ барои соли 2022, ки дар заминаи татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, ташрифи ҳайати намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини вазири молия Дилшод Султанов ба шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Дар доираи сафар вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини вазири молияи Ӯзбекистон Дилшод Султанов баргузор гашт. Ҷонибҳо вобаста ба татбиқи барномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баргузории мубодилаи таҷриба байни кормандони ду ниҳод дар самтҳои қонунгузории андоз, дурнамосозии даромади Буҷети давлатӣ, муносибатҳои байнибуҷетӣ ва идоракунии молияи давлатӣ мубодилаи афкор намуданд.
 
 
Тақдими 15 нақлиёти ёрии таъҷилӣ  ва таҷҳизоти тиббӣ
Дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими тақдими 15 нақлиёти ёрии таъҷилӣ, 2 нақлиёти рефережатор, маникенту фантомҳо барои тибби оилавӣ, таҷҳизоти компютерӣ, ноотбук ва планшетҳо, таҷҳизоти тиббӣ барои ноҳияҳои нав шомили лоиҳа гардида, борхалтаҳои тиббӣ, маводи иттилоотӣ, маҷмуи дастурҳои клиникӣ ва дастурамалҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт.
Дар чорабинӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбари дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва дигарон иштирок доштанд.
Ҳамчунин, намунаи таҷҳизоти тиббие, ки барои 76 маркази саломатии деҳоти ноҳияҳои таҷрибавӣ, ба маблаги 381 302 доллар хариданд, ба иштирокчиёни чорабинӣ намоиш дода шуд.
 
 
Раиси ВМКБ ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуд
Дар иҷлосияи ғайринавбатии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон масъалаи пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии ВМКБ № 1 мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Мутобиқи моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии ВМКБ № 1 номзадии раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пешбарӣ шуд. 
Ба маълумоти шуъбаи иттилооти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, раиси комиссияи интихоботӣ дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатаи ВМКБ № 1 Умедҷон Носирзода гуфт, ки пешбарии номзад ба аъзоии Маҷлиси миллӣ ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии ВМКБ № 1 раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар иҷлосияи ғайринавбатӣ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда баррасӣ гардид. 
 
 
Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин»  ва «Кӯчаи беҳтарин» дар Душанбе
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат ҷиҳати муайян намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронда мешаванд. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Ин озмунҳо бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардидан ва рушди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт роҳандозӣ мегарданд.
Сарраёсати молияи шаҳр вазифадор шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои ободонии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотондани ғолибони озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» - 22 000 сомонӣ ва «Кӯчаи беҳтарин» - 22 000 сомонӣ ҷудо намояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4012
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед