logo

сиёсат

НАҚШИ БУЗУРГИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ НБО «РОҒУН» ВА АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИН ИНШООТИ АСР

Яке аз муҳимтарин захираҳои табиии сайёраи Замин об ба шумор рафта, маҳаки асосии ҳастии ҳаёти ҳама мавҷудот мебошад. Об ҳамчун унсури муқаддас дар ҳама давру замон барои зиндагии инсоният нақши ҳалкунанда дорад, зеро ин сарвати табииро барои пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истифода намудан имконпазир мебошад. Боиси сарафрозии миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон аст, ки мамлакати мо дар саргаҳи дарёҳо ва пиряхҳои бузурги ҷаҳон қарор дошта, аз ҷиҳати иқтидори захираҳои обӣ яке аз кишварҳои намоён дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ин миқдор зарфияти обӣ имкониятҳои хеле зиёдро дар самти таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ мегузорад. 
Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд, ки «захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд».
Дар баробари он ки захираҳои обии Тоҷикистон таъминкунандаи рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд, ҳамчунин, муаррификунандаи давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро тибқи таҳлилҳо, Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, дар миқёси давлатҳои ИДМ ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро соҳиб аст. 
Аз ин рӯ, захираҳои обӣ бояд оқилона ва самаранок истифода гардида, барои пешгирӣ аз камшавии онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Муфидтарин роҳи пешгирӣ аз камшавии захираҳои обӣ, бунёди неругоҳҳои барқии обӣ ба шумор мераванд, ки ин сармояи ватаниро чи дар дохили мамлакат ва чи дар хориҷ аз он афзун менамоянд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, 16 ноябри соли 2018 Сарвари давлат дар суханронии худ дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ишора ба ин масъалаи муҳим баромад намуда, зикр карданд: ««Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ, нақши бузург хоҳад бозид».
Дарвоқеъ, шароити мусоиди экологии Тоҷикистон барои коркарди қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дорои имкониятҳои фаровон мебошад. Ба ин хотир, имрӯз дар кишвар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Тибқи таҳлили коршиносон, сатҳи истифодаи захираҳои обӣ бо мақсадҳои энергетикӣ ҳоло дар мамлакат 7%-ро ташкил дода, пас аз ба кор даровардани НБО «Роғун» дар соли 2024 ба 10,9% ва соли 2030 ба 13,1% мерасад.
Бояд хотирнишон сохт, ки рӯз ба рӯз талаботи аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, инкишоф додани бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, обёрии заминҳои таъиноти кишоварзидошта ва истеҳсоли неруи барқ бо истифода аз захираҳои обӣ зиёд гардида истодааст. Пешвои миллат дар мулоқоти худ бо сохтмончиёни НБО «Роғун» санаи 13 июли соли 2022 вобаста ба истифодаи мақсадноки ин неъмати бузург бо назардошти вазъи феълии тағйирёбии иқлим изҳори андеша карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум мамлакати пешсафи сайёра мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки баъди ба таври пурра ба истифода додани НБО «Роғун» нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам, баланд хоҳад шуд.
Тавре маълум аст, дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳои дигари истеҳсоли энергия, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба таври васеъ истифода мегарданд, аз қабили нафту газ, хеле маҳдуданд, аз ин рӯ, сарчашмаи асосии неруи барқ захираҳои обии мамлакат ба шумор мераванд. 
Ёдовар бояд шуд, ки соҳаи энергетикаи обии кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад ва дар ин асос ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, таҳияи заминаи ҳуқуқиву институтсионалӣ, таъмиқи ҳамкориҳо бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя беш аз пеш густариш хоҳад ёфт. 
Бояд таъкид сохт, ки яке аз чунин иншооти азими аср, ки метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, манбаи асосии тавлиди энергияи сабз шуда, кишварҳои минтақаро аз хушкшавӣ эмин нигоҳ дорад, НБО «Роғун» аст. 
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО «Роғун» – иншооти бузурги стратегӣ шуруъ гардид. 29 октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО «Роғун» оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Роҳбари давлат паси чанбари булдозер нишаста, яку ним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азими аср ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ҳамин замина, санаи 16 ноябри соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иштироки васеи коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ агрегати якуми НБО-и «Роғун» ба истифода дода шуд. 
Бояд тазаккур дод, ки НБО «Роғун», пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. 
Бинобар муҳимияти хоссаи худ дар ҳаёти мамлакат НБО «Роғун»-ро Сарвари давлат ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳ рӯйдоди бузургу сарнавиштсози давлатдории навини тоҷикон аст ва дар китоби таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Зеро барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун» санаи 9 сентябри соли 2019 зикр намуданд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи сохтмони НБО «Роғун» афзалияти махсус медиҳад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои нек ва таъмини зиндагии шоистаи мардум талошҳои хастанопазир менамояд. 
Лозим ба таъкид аст, ки барои миллати тоҷик ва мардуми шарифи Тоҷикистон, НБО «Роғун» дорои як қатор афзалиятҳо дар сатҳи байнал-милалӣ мебошад:
- якум, энергияи истеҳсолкардаи он, пеш аз ҳама, аз лиҳози экологӣ тоза буда, таъсири зарарнокро ба муҳити зист ва аҳолии чи мамлакати мо ва чи кишварҳои ҳамсоя надорад;
- дуюм, дар фарқ аз неругоҳҳои ғайрианъанавӣ партовҳои хатарноки газҳои гулхонаиро ба атмосфера, ки боиси оқибатҳои ҳузнангез ба муҳити зист мегарданд, хориҷ намекунад; 
- сеюм, сохтану ба истифода додани ин иншооти азим имконияти интиқоли қувваи барқро ба давлатҳои дигар, ки ба он эҳтиёҷ доранд, ба амал меорад. Сохтмони пурраи он барои баромадан ба бозори ҷаҳонии содироти захираҳои энергетикӣ мусоидат менамояд;
- чорум, маҳз сохта ба истифода додани НБО «Роғун» боиси он мегардад, ки хушкшавӣ ва хушксолӣ дар минтақа, аз ҷумла дар кишварҳои поёноб, аз байн равад;
- панҷум, сохта ба истифода додани ин иншооти бузурги аср, боиси зиёд гардидани нуфузу эътибори мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ мегардад. Дар иртибот бо ин, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ба кор даровардани агрегати якум ва дуюми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархатти хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, ки ин аз мақому мартабаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад;
- шашум, бо баробари ба истифода додани НБО «Роғун» Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ расида, дар навбати худ иқтидори таъмини кишварҳои ҳамсояро бо неруи барқ пайдо мекунад, ки ин метавонад ба робитаи ҳасанаи ҳамсоякишварҳо мусоидат намояд;
- ҳафтум, сарбанд ва обанбори НБО «Роғун» шароити мусоидро барои муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ фароҳам меорад ва кишвари моро ба макони сайёҳии байналмилалӣ табдил медиҳад; 
- ҳаштум, сохтмони НБО «Роғун» мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода карда истодааст, ки ин ба манфиати ҳар як шаҳрванди мамлакат аст;
- нуҳум, оғози корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» густариши ҳамкориҳоро бо ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ вусъат дод, ки минбаъд ба идома ёфтани муносибатҳои дӯстона шароити мусоид фароҳам меорад;
- даҳум, ба василаи сохтмону ба истифода додани НБО «Роғун» Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва аъзои Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, бори дигар баръало нишон медиҳад, ки ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд:
- ёздаҳум, лоиҳаи дигаре, ки барои кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ дорад ва, ҳамчунин, ба рушди ҳамкорӣ ва ҳамгироии бештари кишварҳои минтақа мусоидати амалӣ менамояд, CASA- 1000 мебошад, ки ба истифода додани НБО «Роғун» боиси ба таври пурра роҳандозӣ кардани ин лоиҳа мешавад; 
- дувоздаҳум, НБО «Роғун» боиси пешниҳоду ташаббусҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи захираҳои обии минтақа мегардад;
- сездаҳум, маҳз НБО «Роғун» ба амалишавии ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат, мусоидат карда, боиси сохтмони корхонаҳои азими саноатӣ гардида, Тоҷикистонро ба кишвари саноатӣ табдил дода, барои роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ имконият фароҳам меорад;
- чордаҳум, НБО «Роғун» боиси густариши муносибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла бастани созишномаҳои байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи обу энергетика миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мегардад;
- понздаҳум, бо дар назар доштани аҳамияти умумимиллии НБО «Роғун», чун намунаи бунёдкориҳои азими Роҳбари давлат ва халқи Тоҷикистон дар роҳи тарбияи меҳнатдӯстӣ, тарғиби патриотизм, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар адабиёту фарҳанги муосири мо бояд ба таври васеъ инъикоси худро ёбад.
Ҳамин тавр, ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ, ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди НБО «Роғун» паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки нафақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархӯрдор менамояд.
 
Эмомалӣ  НАСРИДДИНЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2022    №: 138    Мутолиа карданд: 1156
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед