logo

иқтисод

САНГВОР ДАР МАСИРИ РУШД

Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро, аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони халқ, фаъолон ва ҳамаи заҳматкашон мавриди татбиқ қарор додаанд. Ҷиҳати иҷрои бандҳои Паём нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия гашта, ҷиҳати иҷрои он мунтазам кор бурда мешавад.
Ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошанд. Лозим меояд, ки фаъолнокии соҳибкорон оид ба ташкили муассисаҳои фароғатӣ, агентиҳо оид ба ташкил ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ вусъат дода шавад. Ояндаи ин мавзеи кӯҳистон ва рушди он ба сайёҳӣ бастагии зич дорад.
Дар  доираи  имконоти мавҷуда корҳои созандагиву ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншооти истеҳсоливу ҷаҳонгардӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат меёбанд. Дар байни аҳолии ноҳия мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ созандагию ободкориҳо ба авҷи аъло мерасанд. 
- Сокинони ноҳияи Сангвор фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти кишвар, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои соҳавию минтақавӣ баҳри рушд равона намудаанд, - иброз дошт Маҳмадшоҳ Давлатзода, раиси ноҳияи Сангвор.
 
ИҶРОИ АНДОЗҲО ВА БУҶЕТИ НОҲИЯ
Қисми даромади буҷети ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 ба ҷойи 4 миллиону 752 ҳазор сомонии нақша 6 миллиону 763 ҳазору 920 сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 918 ҳазору 565 сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои ҷамъоварии андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 8 миллиону 213 ҳазору 102 сомонӣ таъмин гардид, ки 145 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Кормандони нозироти андоз аз иҷрои ҳамаи намуди андозҳо баромада тавонистанд. Маблағҳои воридшуда дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 704 ҳазору 780 сомонӣ зиёд мебошанд. Қисми хароҷоти буҷет бо тағйироту иловаҳо 13 миллиону 376 ҳазору 760 сомонӣ иҷро гардид. Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ 597 ҳазору 478 сомониро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба аввали соли равон 25 ҳазору 368 сомонӣ кам шудааст. 
 
СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Дар шаш моҳи соли 2022 тариқи “Равзанаи ягона” дар ноҳия 130 субъекти соҳибкории инфиродии фаъол ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли рафта, 12 адад зиёд аст.
Аз ҳисоби 39 соҳибкори инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият дорад, ба буҷети ноҳия 42,2 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки 108 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият доранд, 64 нафар буда, дар ин муддат 44 ҳазор сомонӣ ба буҷет маблағ пардохтаанд. 
Аз шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 7,8 ҳазор сомонӣ андози даромад, аз шахсони воқеӣ 160,5 ҳазор сомонӣ андози содакардашуда ва 20,4 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба буҷет ворид гардид. Андозҳое, ки соҳибкорон пардохтаанд, ҷамъ 188,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
 
СОХТМОН СИМОИ ДЕҲОТИ КӮҲИСТОНРО БА ШАҲРАК ТАБДИЛ МЕДИҲАД 
Барои ноҳияи Сангвор сохтмон соҳаи муҳим ба шумор рафта, дар бунёду барқарорсозӣ мавқеи хоссаро ишғол менамояд. 
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ меандешанд ва дар ин бора қарори раиси ноҳия низ  ба  тасвиб  расид. Тибқи қарори мазкур бунёди 49 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуд. 
Соли 2022 аз буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ барои сохтмони шуъбаи бемориҳои сироятӣ, навсозии боғи фарҳангӣ дар маркази ноҳия, таъмири бинои Ҷамоати деҳоти Тавилдара ва бунёди стансияи обуҳавошиносӣ дар ҳамин деҳот ҷудо гашт. Дар ин иншоот корҳои сохтмонӣ дар авҷанд. 
Дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ маркази савдо ва хизматрасонӣ дар деҳаи Хури деҳоти Вахиё ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сариҷангали деҳоти Тавилдара ифтитоҳ гардиданд.
Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои оғоз намудани корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматӣ ва коргоҳҳои хурд 35 иҷозатнома додааст. 
Корхонаи фаръии “Лоиҳакаш” 23 лои-ҳаи хонаҳои истиқоматӣ ва 2 лоиҳаи бинои ҷамъиятиро ба анҷом расонда, ба суратҳисоби махсуси корхона 32 ҳазору 789 сомонӣ ворид намуд.
 
КИШОВАРЗӢ СОҲАИ АСОСИИ САНГВОР 
Дар ноҳия зиёда аз 70 дарсади аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият дорад.
Кишоварзон тирамоҳи соли 2021 барои ҳосили соли 2022 дар майдони 1076 гектар кишти ғалладона гузарондаанд, ки сад дарсади нақша аст. Соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1540 гектар ғалладонагӣ (100%), 1136 гектар картошка (102%), 214 гектар сабзавот (100%), 4 гектар полизӣ (100%), 50 гектар зағир (100%) ва 52 гектар хӯроки чорво (100%) кишт шуд.
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи соли 2022 ба 8 миллиону 600 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 680 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин, 684 тонна гӯшт, 1683 тонна шир ва 765 ҳазор дона тухм ба даст оварданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли рафта мутаносибан 39 тонна гӯшт, 112 тонна шир ва 24 ҳазор дона тухм зиёд аст. 
 
БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРӢ
Дар тавозуни Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 11 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, онҳо бо дарозии 46,2 км ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар шаш моҳ барои бо оби полизӣ таъмин намудани 863 га замин шартнома ба имзо расонд, ки он 100 дарсад нақшаро дар бар гирифта, дар қиёс ба соли мозӣ 63 га зиёд мебошад. Аз ҳисоби пешпардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ дар ин муддат 20 ҳазору 690 сомонӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли пеш 1 ҳазору 300 сомонӣ зиёд аст.
Имрӯз дар ноҳияи Сангвор заминагузорӣ ба ҷамъоварии ҳосили парварда, захира намудани маҳсулоти кишоварзию хӯроки чорво, гиёҳу асали шифобахши дар саросари кишвар машҳури Тавилдара бомаром идома доранд ва аз гирумони мардум бармало ҳувайдост, ки онҳо Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо комёбиҳои назаррас пешвоз мегиранд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2022    №: 138    Мутолиа карданд: 750
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед