logo

ҳуқуқ

РОҲЗАНУ ҚОТИЛ ҲАБС ШУД

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии судя Ҷ.А. Аҳмадзода бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ-прокурори калони раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ А.Б. Қурбон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Суҳроби Каримзодаро бо моддаҳои 104 қисми 2, бандҳои  “а, з, и, п” ва 249 қисми 3, бандҳои “а” ва “г”-и Кодекси ҷиноятӣ  баррасӣ намуд.
 
Дар рафти тафтиши пешакӣ ва баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки Суҳроби Каримзода, сокини деҳаи Файзбахш, Ҷамоати деҳоти Б. Бурунови шаҳри Ваҳдат ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар намуда, мебоист бо меҳнати ҳалолу софдилона барои аҳли байт, наздикону пайвандон ҳамаҷониба ёрии моддӣ мерасонд, аммо ӯ дар ин мулк барои пайдо кардани пули муфт роҳ пеш гирифт.
 Дар шаҳри Ступинои вилояти Москва бо шаҳрванди кишвари Ӯзбекистон Шуҳрат Рустамов ошноӣ пайдо карда, аз ин нияташ ӯро огоҳ месозад. Шуҳрат Рустамов, гӯё ҳаммаслаки худро ёфта бошад, аз ин  таклиф шод гашта, ӯро ҳамроҳ мешавад. 
Ҳамин тавр, ҳар ду дар пайи дарёфтани пули муфт нақшаи амалӣ сохтани ниятҳои худро мекашанд. Дӯстони нав ба хулосае меоянд, ки бояд ба роҳзанию ғоратгарӣ машғул шаванд. Мебоист касеро дарёфта, бо баҳонае ӯро ба доми фиреби худ афтонда, маблағу молҳояшро зӯран азони худ созанд. 
Суҳроб тасодуфан ба ҳамдиёри худ Лутфулло Раҳмонов, зодаи деҳаи Файзобод, Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод шинос шуда, аз ҳар хусус вайро пурсон мешавад ва ба хулоса меояд, ки Лутфулло метавонад туъмаи нахустинаш шавад. 
Мувофиқи маслиҳати пешакӣ Суҳроб ба ҳамдиёраш Лутфулло занг зада, мегӯяд, ки аз ӯ молҳои ороишӣ хоҳанд харид. Лутфуллои бехабар аз ниятҳои нопоки ҳамдиёраш бовар мекунад. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ онҳо дар маҳаллаи Образтсовои шаҳри Ступино вомехӯранд. Суҳроб паси чанбараки сабукрав нишаста буд. Ҳаммаслакаш Шуҳрат бошад, дар курсии қафо. Пас аз вохӯрӣ Суҳроб аз Лутфулло хоҳиш мекунад, дар паҳлуяш, курсии пеш нишинад. 
Ҳангоми ба ҷойи хилваттар расидан Шуҳрат дарҳол аз қафо ба Лутфулло дарафтода, бо дастон гулуяшро фишурда, бӯғияш мекунад. Пас аз чанде ҷон ҷисми Лутфуллоро тарк мекунад. Ҳамин тавр, ҳамроҳони ҷиноятпеша Лутфулло Раҳмоновро зӯран аз ҳаёт маҳрум сохта, аз ҷайбҳояш 4 ҳазор рубли русӣ ва телефони дастияшро гирифта, ҷисми беҷони ӯро дар ҷойи хилвате аз мошин берун месозанд. 
Аз муваффақияти нахустин руҳбаланд гашта, ин ду рафиқи ҷиноятпеша дар пайи тарҳрезӣ намудани нақшаи навбатӣ мешаванд. Ин дафъа ба доми фиреби онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Исматов меафтад. Бо вай гӯё робитаи дӯстӣ барқарор карда, боре хоҳиш мекунанд, ки онҳоро ба ҷое бурда расонад. Санаи 11 январи соли 2017 Ш. Исматов савори нақлиёти сабукрав, ки ба шаҳрванди Россия А. Теплова тааллуқ дошт, назди онҳо ҳозир мешавад. Ш. Рустамов паҳлуи ронанда дар курсии пеш мешинаду Суҳроби Каримзода дар курсии қафо, пушти ронанда ҷо мегирад. 
Чун дафъаи пешина баъди ба ҷойи хилваттар расидан аз қафо, ин бор Суҳроб бо дастон гулуи Ш. Исматовро  бӯғӣ мекунад. Ш. Исматов нақлиётро аз ҳаракат боздошта, сахт муқобилият нишон медиҳад. Ба ёрии Суҳроб ҳамроҳаш Шуҳрат Рустамов мешитобад. Ҳар ду  Исматовро бӯғикунон ба ҳалокат мерасонанд. Ҷасади мақтулро дар ҷойи беодам аз нақлиёт берун карда, аз ҷайбаш ҳазор рубли русӣ ва телефони дастияшро кофта мегиранд. Нақлиётро ба шаҳрванди дигари Россия Аҳмад Рамазонов ба маблағи 79 ҳазор рубли русӣ мефурӯшанд.             
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия зимни тафтиши ин қазия кирдори нангину ҷинояткоронаи Суҳроби Каримзода ва Шуҳрат Рустамовро ошкор намуд. 
Баъди он ки Суҳроби Каримзода ба зодгоҳаш интиқол ёфт, дафтари аъмоли ӯ мавриди тафтиш қарор гирифт. Ҳамин тавр, бо қарори суди шаҳри Ваҳдат ӯ ба муддати тулонӣ, яъне 25 сол, аз озодӣ маҳрум карда шуд. Хулоса, ҳар бадкарда ба сазои худ мерасад. Яъне, маҳз кирдори нангини Суҳроби Каримзода оқибат ӯро ба паси панҷара кашид.
Пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки маҳз дар қисми махсуси он, дар фасли «Ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ, инчунин, моликият» ҷазоҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Кодекси ҷиноятӣ ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳаёт, саломатӣ, дахлнопазирии шахсӣ, шаъну шараф, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, амнияти ҷомеа ва моликиятро таъмин мекунад. 
Ҳаёти инсон неъмати бебаҳо мебошад. Ҷони аз бадан рафтаи одам бебозгашт аст ва, бинобар ин, ҳифзи ҳаёти инсон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли башар ва ҳар давлат дар алоҳидагӣ дониста  шудааст.
Агар аз дигар ҷиноятҳо зарари расондашуда аз ҷониби судшаванда ва ё дигар наздикони ӯ барқарор карда шавад, аз ин ҷиноят ҳеҷ вақт ва ҳеҷ замон аз тарафи судшаванда ва аз тарафи наздикони ӯ ин зарар барқарор карда намешавад, зеро Худованд ба инсон як маротиба ҳаёт мебахшад ва онро барқарор намудан аз ҷониби дигаре ғайриимкон мебошад. 
Беҳуда нест, ки ҳифзи ҳаёти инсон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ сарчашма  гирифта, дар системаи ҳуқуқии ҳар як кишвар мустаҳкам  карда  шудааст.
Аз ҷумла, дар асоси моддаи 3  «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» аз 10 декабри соли 1948 “ҳар як шахс ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ” дорад.
Дар моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, қайд гардидааст: «Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад». Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои бо ҳукми суд барои ҷиноятҳои махсусан вазнин.
Инчунин, роҳзанӣ яке аз шаклҳои хавфноктарини тасарруфи амволи ғайр ба ҳисоб меравад, ки он, ҳамзамон, ба ду объект таҷовуз мекунад, ба моликият ва ба шахсияти (ҳаёт ва саломатии) ҷабрдида. 
Роҳзанӣ дар ҳуҷуми ошкоро ё ниҳонӣ ба ҷабрдида (мисол, ҳуҷум аз камингоҳ, ҳуҷум ба шахси хобрафта) ифода мегардад, ки бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир мешавад.
Зӯроварие, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст, чунин зӯроварие мебошад, ки ба саломатии ҷабрдида зарари вазнин, миёна ё сабуки ҷисмонӣ расонда шуда бошад.
Хусусияти хоси ин ҷиноят дар он зоҳир мегардад, ки дар натиҷаи содиршавии он ба ҷабрдида зарари моддӣ расонда мешавад. Яъне, он чизу чораи ҷабрдида, ки муддати тулонӣ, мумкин аст тамоми умр, ҷамъ кардааст, дар як муддати кӯтоҳ ба ихтиёри шахси ҷинояткор мегузарад. 
Сабаби содир намудани ҷинояти роҳзанӣ аз тарафи ин шахсон дар он зоҳир мегардад, ки, пеш аз ҳама, ин яке аз роҳҳои осони ба даст овардани маблағ, яъне муфт мебошад. 
Судшаванда Суҳроби К. маҳз барои содир намудани ҷиноятҳои одамкушӣ, роҳзанӣ ва дигар ҷиноятҳо дар курсии судшавандагӣ нишаста, назди қонун барои амалҳои нопоки худ ҷавоб мегӯяд.
Тавре зикр шуд, судшаванда ба сазои амали ноҷавонмардонаи худ расид, аммо ҷонҳои инсонҳои қурбоншударо ҳеҷ кас ва ҳам ин роҳзан баргардонда наметавонанд. Барҳақ фармудаанд, ки инсон аз подоши амали бадаш набояд ғофил бошад:
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.
 
АБДУҶАББОРЗОДА С.,
Қурбон А.,
прокуророни раёсати назорати 
қонунӣ будани санадҳои судӣ
оид ба парвандаҳои ҷиноятии
Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2022    №: 138    Мутолиа карданд: 2479
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед