суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, ш. Душанбе, 18 майи соли 2010
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Олиҷанобон, мӯҳтарам роҳбарони ҳайатҳо ва меҳмонони олиқадр!
Ҷаноби мӯҳтарам, Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ!
Мӯҳтарам роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар ибтидо ҳамаи шуморо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хушомадед мегӯям ва дар ин рӯзҳои хуби баҳорӣ бароятон илҳому нерӯи тозаи корӣ мехоҳам.
Боиси сарфарозии мост, ки Иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ бори аввал дар Тоҷикистон, дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар таърихи ислом бо номи «Мовароуннаҳр» маъруф аст, баргузор мегардад.
Кишварҳои ин минтақа, ки зодгоҳи нобиғагоне чун Имом Бухорӣ, Имом Абӯҳанифа, Имом Тирмизӣ, Абӯлайси Самарқандӣ, шайхурраис Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва дигар абармардони илму фарҳанг, фиқҳ ва улуми исломӣ мебошанд, пас аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ноил шудан ба истиқлол дар роҳи эҳёи фарҳангу арзишҳои исломӣ қадамҳои устувор мебардоранд. Дар ин росто, Тоҷикистон низ бо таваҷҷӯҳ ба гузаштаи таърихӣ ва хотираи фарҳангии мардуми худ иқдомоти назаррасеро пиёда месозад.
Ҳозирини гиромӣ!
Иҷлосияи имрӯз, ки дар замони бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва зуҳуроти гуногуни хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҷараён мегирад, моро ба ваҳдату ҳамраъйии беш аз пеш водор месозад. Нақши Созмони конфронси исломӣ метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар миёни кишварҳои исломӣ, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор хеле муҳим ва муассир бошад.
Боиси хушнудист, ки дар давоми солҳои ахир ба мақсади тақвияти нақши Созмони конфронси исломӣ дар арсаи байналмилалӣ дар фаъолияти созмон таҳаввулоту дигаргуниҳои мусбат сурат мегиранд. Дар ин раванд ташаббуси Ходими ҳарамайни шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ - Аълоҳазрат малик Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд оид ба даъвати Саммити сеюми ғайринавбатии фавқулодаи Созмони конфронси исломӣ дар шаҳри Маккаи Мукаррама дар моҳи декабри 2005, ки дар он мавзӯи ислоҳоти созмон мутобиқи талаботи замони муосир ва вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони ислом матраҳ гардида, Барномаи даҳсолаи амал низ қабул карда шуд, саривақтӣ ва муассир арзёбӣ мегардад.
Бешубҳа, муайян намудани масъалаҳои муҳим, дарҷ гардидани онҳо дар барнома ва татбиқи онҳо ба таъмини сулҳу субот, ваҳдату ҳамбастагӣ, ҳамчунин ба пешрафти кишварҳои мусулмон мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина ҳамчунин қарорҳои таърихии саммити зикршуда ва Саммити 11-уми Созмони конфронси исломӣ дар Сенегал, ки дар он Ойинномаи нави созмон қабул карда шуд, аз аҳамияти хоса бархурдор мебошанд.
Таъсиси Фонди ҳамбастагии исломӣ бо сармояи 10 миллиард доллари амрикоӣ ва Идораи махсус оид ба кӯмакҳои башардӯстона дар ҳолатҳои фавқулода низ аз намунаҳои мушаххаси иқдомҳои амалӣ ба шумор мераванд.
Тоҷикистон ҳамоно ба болоравии нақши Созмони конфронси исломӣ дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои доғи рӯзи ҷаҳони ислом, густариши ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ ҷонибдор буд ва мемонад.
Зимни ин раванд ибрози таваҷҷӯҳи бештар ва ҳадафманд ба “нуқтаҳои доғи” олами ислом аз ҷумлаи тақозоҳои рӯз аст. Ҳоло мардуми азияткашидаи Ироқ орзуманди ҳаёти орому осоишта ва истиқрори ҳарчи зудтари вазъ, яъне хоҳишманди зиндагии одии инсонӣ аст, ки дар ин ҷода нақши Созмони мо метавонад фаъолтар ва муассиртар бошад.
Мушкилоти тӯлонии мардуми Фаластин, ки зиёда аз ним аср аз давлати худ маҳрум ва қисмати зиёдаш дар ғарибӣ умр ба сар мебарад, аз ҷониби ҳама гуна миёнаравҳо мавзӯи баррасӣ мебошад, вале нақши Созмони конфронси исломӣ дар ҳалли чунин масъалаи ҳаётии ислом, сарфи назар аз нишастҳову ҳамоишҳои мухталиф, ҳанӯз қотеъ ва ҳалкунанда ба назар намерасад. Ба ҳамин монанд аз як силсила мушкилоти дигари даҳсолаҳо ҳалношудаи Уммат низ метавон ном бурд.
Мо ба таҳкими сулҳу субот дар кишвари ҳамсояву дӯсту бародар – Афғонистон ҳамеша манфиатдорем. Кӯмакҳои лозима ба Афғонистон дар асоси барномаҳои мақсаднок метавонанд яке аз самтҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои мухталифи дар он кишвар ҷойдошта гарданд. Мутаассифона, кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва маблағҳои ҷудошуда на ҳамеша бо сатҳи афзояндаи масалан, таҳдиди маводи мухаддир мутобиқ мебошанд.
Бинобар ин, ба ақидаи мо, сарҳади кишварҳои бо Афғонистон ҳаммарз бояд чун ҷабҳаи пеши мубориза дониста шуда, барои таҳкими нерӯву имкониятҳои он кӯшиши назаррас ба харҷ дода шавад.
Имрӯз ба ҳама возеҳ аст, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли сирф низомӣ надорад ва ин масъала аз ҳамаи мо муносибати дастаҷамъонаеро тақозо дорад, ки дар он маҷмӯи омилҳо ва, муҳимтар аз ҳама, воқеият ба назар гирифта шаванд. Аз ин рӯ, бояд лоиҳаву пружаҳо бо мазмуни иҷтимоӣ ва тарбиявию маърифатӣ тақвият ёбанд.
Мо ҳама гуна кӯшишро дар самти сулҳофарӣ дастгирӣ мекунем ва чунин меҳисобем, ки стратегияи байналмилалии амалиёт дар ин кишвар бояд, пеш аз ҳама, ба худи мардуми Афғонистон такя намояд ва ҳамкориҳои созанда бо мақомоти ҳокимияти расмӣ хубтар роҳандозӣ шаванд.
Аксари кишварҳои рӯ ба инкишофи мусулмонӣ, ки имрӯз гирифтори бӯҳрону мушкилот мебошанд, манобеи зиёди табиӣ, нерӯи кории арзон ва шароиту имконоти хуби сармоягузорӣ доранд. Сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок ва стратегӣ – энергетика, зербино (бахусус зербинои истеҳсолӣ, техникӣ ва таъминотӣ), иттилоот ва коммуникатсия, саноат, обрасонӣ ва туризм – ба сатҳи сифатан нави пешрафт ва тақвияти нерӯи умумии ҷаҳони ислом мусоидат хоҳад намуд.
Дар ин росто, зарур аст, ки зарфияти молиявӣ ва сармоягузории Бонки исломии рушд, бунёдҳои инкишоф ва ниҳодҳои сармоягузор ва мададрасон ҷиддан боло бурда шаванд. Фонди дар боло зикршудаи ҳамбастагии исломӣ ва Идораи махсуси кӯмакҳои башардӯстона фаъолияти худро таҳкиму самара бахшанд, то ҳар як фарди мусулмон дар ҳоли зарурат баҳраи онҳоро шахсан эҳсос намояд.
Ва агар мо муваффақ шавем, ки дар раванди баробар намудани суръати тараққиву инкишофи кишварҳои мусулмонӣ сармояи озоди кишварҳои қудратманди аъзои Созмон ва имконоти сармоягузориву манбаъҳои табиии мамолики дар ҳоли рушди он ҳамкориву ҳамоҳангии бештар пайдо намоянд, пас ба ояндаи ободу осудаи олами ислом эътимод баста метавонем.
Ба ақидаи мо, таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди мӯъмин ва боло бурдани обрӯву эътибори ислом, ки маҳаки таълимоти раббонист, бояд дастуруламали зиндагии ҳаррӯзаи мо ва ойинномаи аслии Созмони конфронси исломӣ гардад.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар сиёсати муосири ҷаҳонӣ “омили исломӣ” мавқеи торафт намоёнро ишғол мекунад. Мутаассифона, доираҳои муайяни сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ омили исломиро барои пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки назарияи “бархӯрди тамаддунҳоро” дар амал татбиқ намоянд.
Истифодаи ғаразнок аз номи поки ислом ва таҳрифу таҳқири арзишҳои волои дини мубини мо намунаи возеҳи чунин кӯшишҳост. Бояд таъкид кард, ки равандҳои ташвишовари авҷ гирифтани амалҳои муқобили ҳамдигар қарор додани дину тамаддунҳо билохира метавонанд ба бесарусомонӣ ва фалокат на фақат дар минтақаҳои муайян, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва ё Шарқи Наздик, балки дар миқёси умумиҷаҳонӣ оварда расонанд.
Аз ин рӯ, паҳншавии исломситезӣ чун яке аз намудҳои нажодпарастӣ Тоҷикистонро мисли кишварҳои дигари мусулмонӣ нигарон сохтааст. Дар чунин вазъият моро мебояд, ки дар якҷоягӣ талошҳои худро барои аз нигарониву ташвишҳои худ огоҳ намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳҳои мухталиф идома дода, ҷиҳати пешгирии муассири ин гуна падидаҳои номатлуб иқдомоти мушаххас андешем.
Ба назари мо, таваҷҷӯҳи бештар ба гуфтугӯи тамаддунҳо метавонад боиси коҳиши ин гуна ташаннуҷҳо ва эҷоди ҳусни тафоҳум гардад. Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Созмони конфронси исломӣ дар роҳи вусъати гуфтугӯ миёни тамаддунҳо ва фарҳангу динҳо омода аст, ки дар ин раванд иштироки фаъолона дошта бошад.
Дар робита ба ин масоил мехостам дар хусуси баъзе ҷанбаҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз ҷараёни амалан ҳокими глобалӣ буда, дар қатори омилҳои мусбати он зуҳур мекунанд, таваққуф намоям.
Агар аз як ҷониб ҳамаи мо аз самараҳои комилан мусбат ва бештар хислати иқтисодидоштаи он бархурдор бошем, аз ҷониби дигар дар муқобили бозтобҳои манфии он, ки дар коҳиши одобу ахлоқ, суннат, маънавият, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоӣ таҷассум меёбанд, қарор дорем.
Аз ин рӯ, нигоҳдории асолату ҳувият ва ҳифзи фарҳанги милливу тамаддуни умумиинсонӣ ва умумиисломӣ имрӯз бояд аз ҷумлаи вазифаҳои бетаъхир ва афзали мо маҳсуб шаванд, то тӯфони ҷаҳонишавӣ асли ҳастии моро бо худ набарад. Маънии набарди мо ба хотири зиндагӣ маҳз ҳифзи ин арзишҳост.
Умуман, мо дар пешорӯи вазифаҳои бузург ва таърихӣ қарор дорем. Ин амр мантиқан тақозо менамояд, ки Созмони конфронси исломӣ ҳамчун ниҳоди муҳимтарини исломӣ такмил ва тақвияти матлуб ёбад, фаъолияти ниҳодҳо ва муассисоти зиёди исломиро дар самтҳои афзал ҳамоҳанг намояд ва бо кишварҳои исломӣ пайванди амиқтар дошта бошад. Яъне, созмони мо бояд посухгӯи тақозои рӯзафзуни Уммати ислом бошад.
Худо кунад, ки мардуми мусулмон бо иродаи қавӣ ва саъю талоши созанда дар роҳи расидан ба ормону ҳадафҳои неки исломӣ ва умумиинсонӣ муваффақ бошад.
Худованд ба ҳамаи мову шумо кушоиши кор ато фармояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3140