logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. ҶАРАЁНИ ХУБИ БОРКАШОНӢ ВА РОҲСОЗӢ

Ба иттилои мутахассисони шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2022 дар вилоят ҳаҷми боркашонӣ ба 15 миллиону 344 ҳазор тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 68 миллиону 274 ҳазор нафар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми боркашонӣ 3 063 ҳазор тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ бошад, 12 505 ҳазор нафар зиёд мебошад.
 
Дар вилоят, дар умум, 1 622 километр роҳ ба маблағи 25 миллиону 33 ҳазор сомонӣ  таъмиру навсозӣ  шудааст. Аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо ба масофаи 9 километр таъмири асосӣ, 1365 километр таъмири ҷорӣ, 11 километр роҳҳо сангфарш ва 34 пулу лӯлаҳо таъмир гардиданд. Бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ 22 километр таъмири асосӣ, 111 километр таъмири ҷорӣ ва 104 километр роҳҳо сангфарш шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд роҳҳои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявидошта таҷдиду навсозӣ  мегарданд.
Корҳои сохтмонӣ дар  роҳи автомобилгарди Балҷувон – Сари Хосор, ки  34 километрро ташкил медиҳад, аз тарафи Ширкати сохтмонии “Сохтмонроҳ-2017” ва ҶДММ “Паймонкори роҳ-2017” идома доранд. Дар зиёда аз 13 километр корҳои заминӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, васли лӯлаҳои зери роҳ ба анҷом расидаанд.  
Инчунин, ба таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Данғара – Бохтар (Данғара – Оқмазор) 21 октябр ва роҳи автомобилгарди Қизилқалъа – Бохтар 29 октябри соли сипаришуда аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида шуд ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт  идома дорад.  
Дар таҷдиди роҳи автомобилгарди Қизилқалъа – Бохтар аз ҷониби пудратчӣ Ширкати ҷопонии “Дайниппон Конструксион” сохтмони пул, гирифтану кашондани қисми мулоими хок, корбарӣ дар қисми болоию поёнии таҳкурсии роҳ ва дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, заводи асфалтбарорӣ насб гардида, омодаи кор мебошад. Тибқи нақшаи пешбинигардида, таҷдиди роҳи мазкур моҳи феврали соли 2023 ба анҷом мерасад.
 
Зокир ҲАСАН,  "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5357
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед