logo

Хабарҳо

Маҳмадтоир Зокирзода ба вилояти Хатлон сафар кард

 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати шиносоӣ бо тарзи самаранок ва оқилона истифодабарии замин, бо сифати аъло анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён боздид карданд. 
Тавре шуъбаи иттилоотӣ – таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар дод, нахуст дар ноҳияи Шаҳритус мулоқот бо фаъолону сокинони ин ноҳияҳо баргузор гардид. 
Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки вазъи зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, баландии бесобиқаи ҳарорати гармии ҳаво, камобӣ моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар бартарафсозии оқибатҳои вазнини табиат, пешрафт ва сарсабзии диёр гузорем.
 
 
Мулоқоти вазири фарҳанг бо роҳбари Дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон
Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода бо роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломе Штайб вохӯрд, - хабар дод маркази матбуоти Вазорат.
Дар дидор ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба баргузории як қатор чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.
 
 
Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон  ва ҳамкорӣ бо Швейтсария
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, инчунин, анҷом додани вохӯриву мулоқотҳои судманд бо масъулони соҳаи ҳуқуқи инсони Конфедератсияи Швейтсария Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо сафари корӣ дар Швейтсария қарор дорад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар доираи сафари корӣ Умед Бобозода бо Жани Пияжет, сардори бахши ҳуқуқи инсони котиботи давлатии Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария вохӯрд. Ҷонибҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд.
 
 
Як ҷаласаи муҳим
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Кумитаи роҳбарикунандаи «Лоиҳаи рушди ҳамгироии деҳот (IRDP)/TRIGGER» бо сарварии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовинони вазирони кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорат, Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр кард, ки лоиҳаи рушди ҳамгироии деҳот аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ шуда, барои беҳтар намудани фазои мусоид, дастгирии соҳибкорӣ ва пешбурди он, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши кишоварзӣ, мусоидат ба дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ ва беҳтар намудани муҳити мусоид дар идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об равона гардидааст.
 
 
Ҳушдор! Гармои шадид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 19-23 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди рекордӣ гарм мешавад. 
Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо ба 39 - 44 дараҷа, дар ноҳияҳои ҷанубӣ 45 - 47 ва дар навоҳии ҷудогонаи наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ ба 35 - 40 дараҷа хоҳад расид.
Афзоиши дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ (ба истиснои қисми шимолии ВМКБ)  сабаби об шудани пиряху барфҳо ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо мегардад. Эҳтимоли лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг дар роҳҳо вуҷуд дорад. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4998
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед