logo

Хабарҳо

ОБ. ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОН ДАР ҶАҲОН АСТ

 
- Ҳанӯз аз охири солҳои 90-уми қарни гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ перомуни афзоиши мушкилоти марбут ба об ва муҳити зист ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд. Воқеияти ҷаҳони имрӯза аз он шаҳодат медиҳад, ки андешарониҳои мутавозин ва санҷидашудаи Пешвои миллат мантиқ ва ҳақиқати худро доранд ва имрӯз маҳз ба туфайли ҳамон ҳушдорҳои Сарвари давлат ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обу экология тадбирҳои судмандеро рӯи даст гирифтааст.
Ин матлабро Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари асосии пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ” иброз дошт.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки ҳоло дар баробари дигар мушкилоти ҷаҳони муосир масоили марбут ба об ва экология, аз ҷумла дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва гармшавии иқлим, боиси нигаронии амиқ  гардидааст. Чунин вазъият водор кард, ки дар рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ масъалаҳои вобаста ба об яке аз мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар соли 2021 тақрибан 2 миллиард сокини сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надошт.
Ин аст, ки ҳоло ба манзури рафъи мушкилоти вобаста ба об аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иқдомҳои муҳим роҳандозӣ мегарданд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешоҳанг ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ба шумор меравад, ки мавриди эътирофи аҳли башар аст. Далели пешсафии кишвари мо вобаста ба ин масъала дар он зоҳир мегардад, ки дар зарфи ду даҳсолаи охир чаҳор ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу экология пешниҳод гардида, аз ҷониби соири кишварҳои олам бо иттифоқи оро қабул ва  мавриди амал қарор гирифт. Айни ҳол, ташаббуси чоруми Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” мавриди татбиқ қарор дошта, то кунун дар доираи он нишасту чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ баргузор ва барномаҳои махсус қабул гардиданд. Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки 6 - 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, намунаи барҷастаи он мебошад. Дастрасии сартосарӣ ба оби тозаи ошомиданӣ яке аз масъалаҳои меҳварии ин конфронс буд, ки дар натиҷаи баҳсу баррасиҳо барои бартараф сохтани  мушкилоти мазкур ба рӯзномаи ҷаҳонии об роҳҳалҳои  нав ворид гардиданд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли 2023 дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нидерландия дуюмин Конфронси бузурги об дар шакли саммит доир мешавад, ки дар он намояндагони воломақоми кишварҳои ҷаҳон ва роҳбарони созмонҳои бунуфузи байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
- Тоҷикистон кӯшишҳои зиёдеро ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд роҳандозӣ намуд ва то имрӯз бо ташаббуси кишвари мо 8 қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар масъалаҳои об қабул гардидааст. Ҳукумати кишвар ҷиҳати фароҳам овардани заминаи мусоид барои муколамаи умумиҷаҳонӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо дастгирии СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ чорабиниҳои занҷиравиро ташкил намуда, силсилаи конфронсҳои он бо номи Раванди оби Душанбе шинохта шудааст. Дар барномаи Конфронси дуюми оби Душанбе ду навоварӣ фестивал ва марафони об пешниҳод гардид, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ва ҷалбу иштироки шумораи бештари ширкаткунандагон,  муаррифӣ ва тарғиби имконоти иқтидори соҳаҳои мухталифи кишвар мусоидат намуд, - гуфт Сабрина Ғафурова, корманди Вазорати корҳои хориҷӣ.
 
О. НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4363
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед