logo

Хабарҳо

Мулоқоти Президенти Туркманистон бо Сарвазири Гурҷистон

CentralAsia (TM). Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвили 20 июл дар Ашқобод мулоқот намуданд. Гуфтугӯи ҷонибҳо дар бораи амиқсозии равобит, тарҳҳои муштарак ва имконоти транзитӣ сурат гирифт. Гарибашвили, ҳамчунин, зикр намуд, ки Ҳукумати ӯ аз равобити наздики сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Туркманистон қадр мекунад. 
Масъулин таъкид намуданд, ки татбиқи тарҳҳои стратегӣ, самаранокӣ ва бехатарии ҳамлу нақли бор миёни Осиё ва Аврупоро аз тариқи баҳрҳои Хазару Сиёҳ беҳтар карда, ба ин васила равобити тиҷоративу иқтисодӣ густариш ёфта, ба рушди равобити байниминтақавӣ мусоидат менамояд.
Гарибашвили таъкид кард, ки Гурҷистон барои бунёди роҳҳои оҳану автомобилгард ва тавсеаи тавоноии бандарҳои баҳрӣ “маблағҳои бузург” сармоягузорӣ менамояд. 
 
 
 
Сафири Чин: “Дар сурати оғоз шудани ҷанги нави сард касе ғолиб намеояд”
RT. Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Вашингтон Син Ган изҳор дошт, ки Чин намехоҳад ҷанги нави сард сар шавад, агар он оғоз ёбад, ҳамаи ширкаткунандагон аз мағлубшудагон хоҳанд буд.   
Қаблан Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфта буд, ки сиёсати кишварҳои ғарбӣ ҷаҳонро ба вартаи ҷанги бузурге наздиктар мекунад, ки дар он ҳеҷ ғолибе муайян нахоҳад шуд. 
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ИМА ва иттифоқчиёнаш ба таври хатарнок дар остонаи даргирии мустақими мусаллаҳона бо Россия қарор доранд, ки ин метавонад боиси сар задани ҷанги ҳастаӣ гардад.  
 
 
 
Путин дастнигарӣ ба технологияи хориҷиро таҳқиромез номид
РБК. Хуруҷи ширкатҳои хориҷӣ аз Россия кишварро маҷбур месозад, ки “дастнигарии таҳқиромез”-и худро аз технологияҳои хориҷӣ канор гузорад, - гуфт Президент Владимир Путин дар ҳамоиши “Ғояҳои қавӣ барои замони нав”. 
“Воқеият ин аст, онҳо (ширкатҳои хориҷӣ) мераванд, ниҳоят моро водор месозад, ки ба ҳаракат дароем, чунки ҳама вақт кор гирифтан аз технологияи хориҷӣ – ин фурӯ рафтан ба вобастагӣ аст, дастнигарии  таҳқиромез ва хеле хатарнок, чунки он тадриҷан аз як соҳа ба соҳаи дигар, аз ҷумла соҳаҳои хеле муҳими марбут ба технологияи ҳарбӣ, густариш меёбад”, - гуфт Путин. 
Ба унвони мисол аз аҳамияти соҳибихтиёрии технологӣ, Путин вазъи турбинаи ширкати олмонии “Siemens” барои лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ - 1”-ро мисол овард. Ин агрегат дар Канада таъмир мешуд ва ба далели таҳримҳо алайҳи “Газпром” Оттава аз баргардондани он худдорӣ кард, ки дар ниҳоят мушкилоти интиқоли газ ба Аврупоро ба бор овард. 
 
 
 
Сунак ва Трасс ба мақоми Сарвазири Британияи Кабир мубориза мебаранд
Росбалт.  Аз мубориза барои соҳиб шудан ба вазифаи роҳбари Ҳизби Консервативии Британияи Кабир ва, ҳамзамон, Сарвазири мамлакат аз рӯи натиҷаҳои даври панҷуми овоздиҳии дохилиҳизбӣ дар парлумон ҷонишини вазири савдо Пенни Мордонт хориҷ гашт.  
Ҳамин тавр, вазири собиқи молияи Британияи Кабир Риши Сунак ва вазири ҳозираи корҳои хориҷӣ Лиз Трасс ба даври охирини мубориза   дохил шуданд.
Натоиҷи даври панҷуми овоздиҳии дохилиҳизбӣ дар парлумон ҷамъбаст гардид, ки муовини вазири тиҷорат Пенни Мордонт камтарин овози ҳамкасбони худро дар фраксия (105) гирифт ва аз мубориза хориҷ шуд. Сунак пешсафии худро аз 118 то 137 овоз мустаҳкам кард, дар ҳоле ки Трассро 111 вакил пуштибонӣ намуд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4665
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед