logo

Хабарҳо

ВОХӮРИИ УМЕД БОБОЗОДА БО АФШИН ХОН

Дар доираи сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мудири Дафтари минтақавии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Афшин Хон дар шаҳри Женева мулоқот кард.
Афшин Хон бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки дар таърихи мавҷудияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст роҳбари ин ниҳод ба қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ташриф оварда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо масъулони сохторҳои дахлдори СММ вохӯриву мулоқотҳои мутақобилан судманд анҷом медиҳад.
Умед Бобозода аз ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ёдовар шуда, иброз дошт, ки риоя, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдакон ва наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷонибҳо, инчунин, атрофи масоили зӯроварӣ дар оила, содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва нисбат ба ноболиғон, адлияи ноболиғон, гурӯҳҳои осебпазири кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта, табодули афкор намуданд.
Дар охир Афшин Хон омодагии худро ҷиҳати минбаъд низ тақвият додани ҳамкориҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4995
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед