logo

Хабарҳо

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ

 
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Зимни ҳамоиш ҳифз ва рушди ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амсоли инҳо матраҳ гардида, перомуни масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Гузашта аз ин, таваҷҷуҳи хоса ба масоили амниятӣ вобаста ба вазъи кунунии Афғонистон дода шуд.
Ҳамчунин, вазирон лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро ҳамоҳанг намуданд. 
 
 
МАОРИФ
Эҳтиёҷ ба омӯзгор аз масъалаҳои мубрам боқӣ мемонад
Таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии Ситод оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони касбӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони вазир ва сардорони сохторҳои зертобеи Вазорат ба таври ҳузурию онлайнӣ иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибихтисос ёдовар шуда, зикр кард, ки ин яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, бартараф намудани эҳтиёҷоти кадрӣ, инчунин, ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад .
Ҳангоми ҷаласа зикр гардид, ки ба ҳолати 1 май муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои солҳои таҳсили 2022 – 2023 ба 3406 омӯзгор эҳтиёҷот доштанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо, 2537 муаллим ба кор ҷалб шуда, айни ҳол ба 869 нафар эҳтиёҷот боқӣ мондааст.
 
 
 
Иштироки ҳайати  Тоҷикистон дар Мубоҳисаи сатҳи баланд 
Дар қароргоҳи СММ бо ташаббуси Раиси иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳид Мубоҳисаи сатҳи баланд зери унвони “Лаҳзаи табиат” дар мавзуъҳои ҳифзи муҳити зист аз  таҳдидҳо ва чолишҳои имрӯза доир гардид.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин чорабинӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода иштирок намуда, ба ҳайси панелист дар сегменти аввали чорабинӣ таҳти унвони “Коркарди вокунишҳои ҳамоҳангшудаи низоми муштарак дар мубориза бар зидди чолишҳои ҷаҳонӣ” сухан ронда, се таҳдиди умдаи ҷаҳонӣ – тағйирёбии иқлим, аз даст додани биогуногунӣ ва ифлосшавии муҳити зистро зикр кард.
Инчунин, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли  масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, аҳамияти ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид сохт.
 
 
 
Вохӯрии Шодихон Ҷамшед бо намояндагони Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бо намояндагони  Фонди авруосиёии  муътадилгардонӣ ва рушд вохӯрӣ намуд. Миёни мусоҳибон доир ба густариши ҳамкориҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати тақвияти муносибатҳо ҳавасмандӣ изҳор гардид.
Бояд гуфт, ки Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд механизми молиявии минтақавӣ буда, соли 2009 аз ҷониби ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Самти фаъолияти Фонд бартарафсозии оқибатҳои буҳрони иқтисодӣ, таъмини устувории дарозмуддат ва мусоидат ба ҳамгироии иқтисодиёти кишварҳои узв мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5169
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед