мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
21 июл дар шаҳри Чолпон-Ата Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқоти дуҷониба, ки дар фазои самимият доир гардид, анҷом доданд.
Зимни суҳбат рушду таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи арсаҳои барои ҳам манфиатовар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарварони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи июни соли равон сурат гирифт ва ба муносибатҳои дӯстонаву ҳусни ҳамҷавории ду халқи бародар такони нав бахшид, муҳиму арзишманд арзёбӣ намуданд.
Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.07.2022 №: 140 - 141 Мутолиа карданд: 2789