logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН 
Нақшаи генералии 64 шаҳру ноҳия таҳия шуд 
Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, иттилоъ дод, ки аз 65 шаҳру ноҳия нақшаҳои генералии 64 – тоаш анҷом ёфта, амалӣ шуда истодаанд. Айни замон нақшаи генералии ноҳияи Данғара мавриди баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. 
Гузашта аз ин, тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Норак, Левакант, Вахш, Балҷувон аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» ба охир расида, дар мувофиқасозии вазорату идораҳоянд. Тасҳеҳ ва таҳияи лоиҳаҳои муфассали банақшагирии марказҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Панҷакент, Бӯстон, Бохтар, Ваҳдат ва Шаҳринав бошанд, идома доранд.
Ба саволи «Ҷумҳурият» вобаста ба додани қарзҳои ипотекӣ ба аҳолӣ барои хариди манзилҳои истиқоматӣ муовини аввали раиси Кумита Улуғбек Умарзода чунин гуфт: 
- Масъалаи мазкур дар «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ гардидааст ва яке аз масъалаҳои муҳим дар кишвар ба шумор меравад. Мо дар якҷоягӣ бо Бонки миллӣ ҳамкориро дар ин самт шуруъ кардем ва ояндаи наздик тартиби фаъолият дар самти пешбурди додани қарзҳои ипотекӣ ҳалли худро хоҳад ёфт.
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
МАҲСУЛОТИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ
НИСБАТ БА СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ЧОРАҲОИ МАЪМУРӢ АНДЕШИДА ШУДАНД
 
Ба иттилои Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, тайи шаш моҳи аввали соли равон дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентӣ аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 4645 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5621 кг равған, 3797 литр нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ, 1316 кг маҳсулоти қаннодӣ, беш аз 300 кг маҳсулоти ширӣ, 16 984 кг иловагиҳои ғизоӣ, 700 кг қанду набот, асал, 119 60 кг намак, 500 850 кг ғалладонагӣ, 400 кг консерв, 3211 кг меваи хушк, 142 88 дона тухм ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба субъектҳои хоҷагидор чораҳои маъмурӣ андешида шуданд. 
 
Инчунин, дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ 619 386 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набуда (аз ҷиҳати бехатарӣ ва аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷома) ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра маҳсулоти ғайрихӯроквории гуногун, аз қабили маводи шустушӯӣ, тамоку, масолеҳи сохтмонӣ, фурӯзонакҳои тафсону каммасраф, антифриз, маводи парфюмерӣ, тамғакоғаз, селитра ва бозичаҳо бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи меъёрӣ аз муомилот гирифта, барои нобудсозӣ ё коркарди дубора пешниҳод гардиданд. 
Дар  самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузарондани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ аз тарафи мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, вориду фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 2550 ҳолат ба маблағи беш аз 624 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин ва ба буҷети давлат пардохт шуд. 
 
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
 
 
 
 
 
АБДУЛЛО АБДУЛЛОЕВ:
“Дар оянда деҳқонон низ суғуртаи ҳатмӣ мешаванд”
- Бар асоси арзонии тарифҳо, фаҳмову осон намудани тартиби бастани шартномаҳои суғуртавӣ ва беҳтар гардондани шароити кори намояндагиҳои корхона дар шаҳру навоҳии кишвар шумораи суғуртакунандагони ихтиёрӣ афзуда, нақшаи он давоми шаш моҳ 143 дарсад иҷро шуд. Дар ин давра ба корхона зиёда аз 22 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки беш аз 20 миллиони он ба суғуртаи ихтиёрии шаҳрвандон рост меояд, - изҳор дошт Абдулло Абдуллоев, муовини якуми КВД “Тоҷиксуғурта”. 
Номбурда ба суоли хабарнигори рӯзнома дар бораи суғуртаи кишоварзон дар ҳолати зарари киштзорҳо аз офатҳои табиат гуфт: 
- Масъалаи суғуртаи хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ба интихоби намуди суғурта бо қарори Ҳукумати кишвар аз 28 январи соли 1994 таҳти № 36 пешбинӣ гардидааст, аммо ин санад ба талаботи Кодекси граждании мамлакат мутобиқат намекунад. Дар асоси Кодекс санади танзимкунандаи суғуртаи кишоварзӣ бояд қонуни алоҳида бошад. Ҳоло ин масъала дар баррасии парлумони кишвар қарор дошта, дар ояндаи наздик бо қабул шудани қонуни нав деҳқонон низ суғуртаи ҳатмӣ мешаванд. Дар ин сурат зарари аз офатҳои табиӣ ба киштзор расида ё  талафи чорво аз ҳамлаи дарандагон ҷуброн мегардад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият” 
 
 
 
 
 
 
ВАРЗОБ 
Маориф дар мадди аввал
Тибқи иттилои Муҳаммадулло Шерализода, раиси ноҳияи Варзоб, айни замон сохтмони бинои муассисаҳои №№ 31, 37 ва бинои муассисаи таълимии № 66 иборат аз 6 синфона дар мавзеи Суғдиёни деҳоти  С. Айнӣ идома дошта, навсозии бинои нави муассисаи таълимӣ дар деҳоти Зидеҳ аз моҳи июни соли равон оғоз гардид.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки бо ҷалби маблағҳои грантии кишвари Ҷопон сохтмони муассисаи таълимӣ барои 400 ҷойи нишаст дар ду баст идома дошта, то оғози соли хониши 2022-2023 ба истифода дода мешавад. 
- Дар соли таҳсили 2021 – 2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маорифи ноҳия 40021 нусха китоби дарсӣ ва методӣ ворид гашт. Айни замон аз ҳисоби иҷораи китобҳо ноҳия қарз надорад, - гуфт Муҳаммадулло Шерализода.
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Қарзи неруи барқ рӯ ба афзоиш дорад
 
Иҷрои нақшаи ҷамъоварии истифодаи неруи барқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 91 миллиону 537 ҳазору 709  сомонӣ иҷро гардид, ки 78, 8 дарсади нақшаро дар бар мегирад, - гуфт Темур Табарзода, сардори Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб, зимни нишасти хабарӣ. 
Мавсуф афзуд, ки дар шашмоҳаи соли равон қарзи истифодаи неруи барқ беш аз 24 миллион сомонӣ афзудааст. 
Ба гуфтаи мутасаддиён, то ҳол аз ҳисоби филиали мазкур 598 симчӯби фарсуда бо симчӯбҳои нав иваз гардидааст. 
Т. Табарзода дар идомаи нишаст ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки шумораи санадҳои қоидавайронкунӣ 3 ҳазору 122 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 60-то кам мебошад.  
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
ДБСС
Таъсиси ихтисосҳои нав дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ
Вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи имрӯзаи бозори меҳнат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон якчанд ихтисосҳои нав, аз ҷумла ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ, саноат, иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, технологияи зеҳнии компютерии реинжиниринг ва бизнес - равандҳо, маркетинг дар тиҷорати электронӣ, кибернетикаи иқтисодӣ, хадамоти консулӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, полиси сайёҳӣ, тибби сайёҳӣ, сайёҳии осоиштагӣ- табобатӣ таъсис дода мешаванд.
Дар ин бора Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳ, зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Номбурда зикр кард, ки ихтисосҳои амалкунанда аз 56 ба 77 расонда шуд. Ҳамчунин, 5 гурӯҳи иловагии таҳсилаш бо забони англисӣ барои солҳои 2022-2023 ташкил гардид. Тибқи қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои «Иқтисодиёти соҳибкорӣ», «Иқтисодиёти сайёҳӣ» ва «Маркетинг» дар Донишгоҳ иҷозат дода шуд.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3929
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед