logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРОБАРӢ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ

Қонуни мазкур  асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Табъиз 
1. Табъиз ин ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ мебошад, ки дар асосҳои воқеӣ ва (ё) эҳтимолӣ нисбат ба дилхоҳ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсон, хешовандони онҳо ё шахсони бо онҳо ба тариқи дигар алоқаманд ба вуҷуд омада, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ ё ҳолати дигар асос меёбад ва мақсад ё оқибати он бад кардан, нобуд сохтан ва (ё) кам нишон додани ҳуқуқу озодиҳои эътирофшуда, истифода ё амалӣ намудани тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ мебошад. 
2. Ҳама гуна шаклҳои табъиз, аз ҷумла рад намудани мутобиқшавии оқилонаро дар бар мегирад. Мутобиқшавии оқилона маънои ҳангоми зарурат дар ҳолатҳои мушаххас ворид намудани тағйиру навовариҳои зарурӣ ва дахлдор, аз ҷумла чораҳои пешгирӣ, ки боиси гаронии номутаносиб ва (ё) беасос намегарданд ва бо мақсади таъмин намудани амалигардонии тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ аз ҷониби шахсон дар баробари дигаронро дорад.   
3. Чораҳои махсус ва муваққатӣ, ки бо мақсади таъмини дахлдори мусоидат ба шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсон барои истифода ё амалисозии ҳуқуқ татбиқ мешаванд, табъиз ҳисобида намешаванд, ба шарте ки дар натиҷаи амалӣ намудани чунин чораҳо ба гурӯҳҳои гуногуни шахсон ҳуқуқҳои махсус дода нашаванд. Чораҳои зерин табъиз ҳисобида намешаванд, ба шарте ки онҳо бо мақсадҳои қонунӣ ва риояи таносуби оқилона байни воситаҳои истифодашаванда ва мақсадҳои гузошташуда амалӣ карда шаванд:
1) натиҷаи амалисозӣ ё қабули чораҳои махсуси муваққатӣ барои роҳ надодан ба зарар ё ҷуброни он ба шахсони зарардида аз рӯйи нишонаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда бошанд, ки дар навбати аввал ба аъзои гурӯҳҳои осебпазир, ба монанди шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, намояндагони ақаллиятҳои этникӣ, динӣ, миллӣ ё забонӣ, занон, кӯдакон, ҷавонон, пиронсолон ва шахсони дигари аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир, шахсони аз мурофиаи судии ҷиноятӣ ҷабрдида, муҳоҷирони иҷбории дохилӣ, гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда бо мақсади таъмини иштироки пурраи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт дахл доранд;
2) ба талабот нисбат ба шаҳрвандӣ, ки дар асос ва бо шартҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда асос ёфта бошанд, ба шарте ки чунин муқаррарот ягон шаҳрвандии мушаххасро мавриди табъиз қарор надиҳад. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба ҳама сохторҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолияти онҳо, паҳн мегардад.
Моддаи 4. Ҳуқуқ ба баробарӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъиз
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд ва ба ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъиз ҳуқуқ доранд. 
2. Ҳар як шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки худро мавриди табъиз қароргирифта меҳисобанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва (ё) қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳуқуқ доранд.
3. Давлат ҳифзи ҳуқуқи баробар ва самаранок аз табъизро кафолат медиҳад ва барои пешбурди сиёсат ва барномаҳое, ки ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз равона шудаанд, чораҳо меандешад. 
Моддаи 5. Табъизи бевосита ва бавосита  
1. Табъиз дар шаклҳои бевосита ва бавосита ифода меёбад. 
2. Табъизи бевосита ин ҳама гуна муносибат (амал ё беамалӣ) ё фароҳам овардани чунин шароите мебошад, ки шахсро бинобар нишонаҳои дар қисми 1 моддаи 1 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳангоми истифодаи ҳуқуқҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида нисбат ба шахсони дигар, ки дар шароити ҳаммонанд қарор доранд, дар вазъияти ногувор мегузоранд ва (ё)  гузошта метавонанд.
3. Табъизи бавосита ин муқаррароту асосҳо ва (ё) амалияе мебошад, ки зоҳиран безарар буда, вале оқибатҳои номутаносиби ҷиддӣ доранд, ки шахсро бинобар ягон нишонаи дар қисми 1 моддаи 1 Қонуни мазкур пешбинишуда нисбат ба шахсони дигари дар шароити ҳаммонанд қарордошта дар вазъияти ногувор мегузоранд ва (ё)  гузошта метавонанд.
Моддаи 6. Таъқиб 
1. Таъқиб ин рафтори номатлуби ба ягон асоси муқаррарнамудаи Қонуни мазкур алоқаманд аст, ки мақсад ё натиҷаи он паст задани шаъну шарафи шахс ва (ё) ба миён овардани муҳити бадхоҳона, харобкорона, таҳдидкунанда, хусуматомез, пастзананда, таҳқиркунанда ё аламангез мебошад.
2. Таъқиби ҷинсӣ ин ҳама гуна шаклҳои рафтори бадхоҳона ва нохушоянди шифоҳӣ, ғайришифоҳӣ ё ҷисмонии хусусияти шаҳвонидошта  мебошад, ки барои таҳқири шаъну шарафи шахс равона шудааст ё дар он ифода ёфтааст ва (ё) барои он муҳити ваҳмангез, хусуматомез, пастзананда, таҳқиркунандаи шаъну шарафи шахс ё ҳолати таҳқиромез ташкил карда шудааст.
3. Таъқиб дар ҷойи кор ин ҳама гуна шакли таъқиби ғайриҷисмонӣ дар ҷойи кор бо рафторҳои такроршаванда мебошад, ки ба шахс таъсири пастзананда, таҳқиркунанда мерасонад ва мақсади бад кардан ё боиси бад шудани шароити кории корманд ё мақоми касбии ӯро дорад.
Моддаи 7. Таҳрик намудан ба табъиз
Таҳрик намудан ба табъиз ин ҳама гуна муносибате мебошад, ки тавассути он шахс фишор ё рафтори муайянро бо мақсади табъизи шахси сеюм вобаста ба нишонаҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом медиҳад.
Моддаи 8. Сегрегатсия (ҷудокунӣ) 
Сегрегатсия ин ҳама гуна муносибат (амал ё беамалӣ) мебошад, ки ба таври бевосита ва (ё) бавосита ба ҷудокунӣ ё фарқгузории шахс аз рӯйи нишонаҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур оварда мерасонад.
Моддаи 9. Ҳолатҳои вазнинкунандаи табъиз
1. Табъиз бо ҳолатҳои зиёд (ду ва зиёда ҳолат), табъизи такроршаванда (якчанд маротиба амалишуда), инчунин табъизи давомдор (дар давоми муддати дароз амалишаванда) ҳолатҳои вазнинкунандаи табъиз ҳисобида мешаванд.
2. Мақоми ваколатдори давлатии дахлдор ҳангоми муайян   намудани  андозаи ҷуброн  барои  зарари  ғайримолумулкӣ  ва (ё) зимни  қабули  қарор оид  ба  ҷарима  барои  ҳуқуқвайронкуниҳое,  ки  дар  Қонуни  мазкур муайян шудаанд, муқаррароти қисми 1 моддаи мазкурро ба инобат мегирад.
Моддаи  10. Ҳимоя аз виктимизатсия 
Виктимизатсия, яъне таъқиб, ҳама гуна муносибати хусуматомез ва дар вазъияти номусоид қарор додани шахсоне, ки дар бораи табъиз хабар додаанд, оид ба табъиз шоҳидӣ додаанд, аз истифодаи амалҳои табъизӣ, ки бо супориши касе бояд сурат гирад, даст кашидаанд ё дар баррасии парвандаҳо оид ба табъиз тибқи муқаррароти Қонуни мазкур иштирок намудаанд, манъ аст. 
Моддаи 11. Истифодаи чораҳои мусбат 
1. Барои таъмини пурра ва самараноки амалигардонии ҳуқуқ, озодӣ ва имкониятҳои баробар, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, чораҳои мусбат татбиқ карда мешаванд.
2. Чораҳои мусбат ин чораҳои муваққатии махсуси қонунгузорӣ, маъмурӣ ва амалӣ мебошанд, ки ба ҳифзи шахсони нисбат ба шахсони дигар дар шароитҳои номусоид қарордошта ҷиҳати бартараф намудани ҳолати номусоиди дар гузашта бавуҷудомада ва таъмини ноилшавии баробарии комил равона карда шудаанд.
3. Чораҳои мусбат бояд то ноил шудан ба баробарии ҳуқуқӣ ё воқеӣ ва ҳамгироии иҷтимоии шахсон ва (ё) гурӯҳи шахсоне, ки  нисбат ба шахсони дигар дар шароитҳои номусоид қарор доранд, татбиқ карда шаванд.
 
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ БАРОБАРӢ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ
Моддаи 12. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дорои салоҳияти зерин мебошад: 
- таъмини таҳия ва пешбурди сиёсати ягонаи давлатии зиддитабъиз;
- тасдиқи тартиби гузаронидани медиатсия (миёнҷигарӣ) оид ба баҳсҳои табъиз;
- қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз;
- таъмин намудани мониторинги фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба таъмини баробарӣ ва барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз;
- тасдиқи тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳо;
- мусоидат ба болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотонии аҳолӣ оид ба манъи табъиз;
- амалӣ намудани салоҳияти дигар дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба табъиз тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Моддаи 13. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва ваколатҳои он дар  таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз
1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз (минбаъд – мақоми ваколатдор) ба ҳисоб меравад.
2. Мақоми ваколатдор вобаста ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз чунин ваколатҳо дорад:
- оид ба такмили қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз таклифҳо пешниҳод менамояд; 
- экспертизаи зиддитабъизии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мегузаронад ва хулосаи худро оид ба мутобиқати лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба қонунгузорӣ дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз пешниҳод мекунад; 
- ариза ва шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсонро оид ба ҳолатҳои табъиз баррасӣ менамояд;
- ҳолатҳои табъизро дар сурати мавҷуд будани ариза ё шикоят ва бо ташаббуси худ меомӯзад ва тавсияҳои дахлдор пешниҳод менамояд; 
- оид ба оштикунонии тарафҳо миёни қурбонии эҳтимолии табъиз ва шахси эҳтимолан кирдори табъизро содиркарда чораҳо меандешад;
- дар сурати имконнопазир будани ҳалли масъала бо роҳи созиши тарафҳо ва мавҷуд будани маводи кофии тасдиқкунандаи табъиз бо мақсади барқарор кардани ҳуқуқҳои қурбониёни табъиз ба мақомоти дахлдори давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавсияҳои дар ин самт таҳияшударо равон мекунад;
- дар сурати иҷро накардани тавсияҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба суд оид ба иҷрои тавсияҳои худ муроҷиат мекунад; 
- дар ҳолати содир шудани амалҳои табъизӣ, ки ҷиноят мебошанд, мақомоти таъқиби ҷиноятиро хабардор месозад;
- мониторинги риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои  табъизро мегузаронад;
- маълумоти омориро оид ба ҳолатҳои табъиз, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот пешниҳод мешаванд, пеш мебарад ва таҳлил менамояд;
- чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизро мегузаронад;
- оид ба масъалаҳои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз бо мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамоҳангӣ ва ҳамкориро таъмин менамояд.
3. Барои амалигардонии ваколатҳо дар самти таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории махсус таъсис дода мешавад. 
Моддаи 14. Маърузаи махсуси мақоми ваколатдор  
Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал мақоми ваколатдор дар бораи вазъи риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаи махсус нашр мекунад.   
Моддаи 15. Баррасии муроҷиатҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор  
1. Мақоми ваколатдор баррасии ариза ё шикоятро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
2. Шахси ба мақоми ваколатдор бо ариза ё шикоят муроҷиаткунанда далелҳои кирдори табъизӣ ва маводи тасдиқкунандаро пешниҳод менамояд. 
3. Мақоми ваколатдор метавонад баррасии шифоҳӣ таъин намояд ва тарафҳоро барои ҳалли масъала бо роҳи оштии тарафҳо даъват намояд. Дар сурати ҳалли масъала бо роҳи оштии тарафҳо мақоми ваколатдор мониторинги иҷрои уҳдадориҳоро, ки дар санади оштӣ муайян шудаанд, мегузаронад.
4. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи пешниҳоди дархост уҳдадоранд ба мақоми ваколатдор мавод, ҳуҷҷатҳо, шарҳҳо ва дигар маълумоти ба баррасии муроҷиат алоқамандро пешниҳод намоянд. 
5. Мақоми ваколатдор дар ҳолатҳои зерин баррасии муроҷиатро қатъ менамояд, агар нисбати ҳамон ҳолати эҳтимолии табъиз: 
- баҳс дар суд мавриди баррасӣ қарор дошта бошад;
- пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷой дошта бошад;
- парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда бошад.
6. Мақоми ваколатдор баррасии муроҷиатро қатъ менамояд, агар нисбат ба ҳамон ҳолати эҳтимолии табъиз:
- санади судӣ оид ба эътирофи ҳолати табъиз вуҷуд дошта бошад;
- дар натиҷаи баррасии ариза ё шикоят ҳолати табъиз тасдиқи худро наёфта бошад.
7. Агар дар натиҷаи баррасии муроҷиат ҳолати табъиз тасдиқи худро ёбад, мақоми ваколатдор дар хусуси ба амал баровардани чорабиниҳо вобаста ба барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда тавсияҳо қабул менамояд.
Моддаи 16. Ваколати мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз
Мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақсади таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар робита бо фаъолияти худ ваколатҳои зеринро амалӣ месозанд: 
- ҷиҳати мутобиқсозии фаъолияти худ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ба Қонуни мазкур ва қонунгузории зиддитабъизӣ тадбирҳо меандешанд; 
- бо мақсади таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз тадбирҳо меандешанд;
- ба ҳама гуна шикоятҳо оид ба табъиз зуд ва самаранок эътино менамоянд, онҳоро ба қайд мегиранд ва баррасӣ мекунанд;
- дар сурати тасдиқ шудани ҳолати табъиз шахсро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ мекашанд ва бартараф намудани оқибатҳои табъизро таъмин менамоянд; 
- ҳамкории байни мақомоти давлатиро дар самти мазкур таъмин менамоянд;
- чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатиеро, ки мақсади аз байн бурдани табъиз ва тамғаро (стигма)  доранд, ба амал мебароранд;
- бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба масъалаҳои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ҳамкорӣ менамоянд;
- бо мақсади бақайдгирии ҳолатҳои табъиз ҳисоботдиҳии махсусро пеш мебаранд ва ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамоянд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро дар самти мазкур амалӣ месозанд.
 
БОБИ 3. ҲУҚУҚҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ БАРОБАРӢ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ
Моддаи 17. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд:
- дар таҳияи санадҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз қабул мешаванд, ширкат варзанд;
- ҷиҳати бартараф кардани табъиз ва тамға (стигма) чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ гузаронанд;
- фаъолияти дигарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон асосан ба масъалаҳои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз равона шудааст, ҳуқуқ доранд:
- дар таҳияи санадҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз қабул карда мешаванд, иштирок намоянд;
- ба ҳайати мақомоти машваратию маслиҳатӣ оид ба масъалаҳои таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз намояндагони худро пешниҳод намоянд;
- оид ба масъалаҳои бартараф намудани табъиз ва тамға (стигма)  чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ гузаронанд;
- оид ба масъалаҳои риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мониторинг гузаронанд;
- манфиатҳои шахсон ё гурӯҳи шахсонро, ки нисбаташон табъиз муайян карда  шудааст ё манфиатҳои доираи шахсони номуайянро бо мақсади ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ, ки  дар натиҷаи (амал ё беамалӣ) ҳолати табъиз ошкор ва тасдиқ шуда бошад, дар суд намояндагӣ кунанд;
- экспертизаи ҷамъиятии зиддитабъизии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро гузаронанд;
- фаъолияти дигарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
 
БОБИ 4. ҲУҚУҚ БА ҲИМОЯ АЗ ТАБЪИЗ БО ТАРТИБИ СУДӢ
Моддаи 19. Ҳуқуқи муроҷиат ба суд
1. Ҳар як шахс ё гурӯҳи шахсон, ки худро ҷабрдидаи табъиз мешуморанд, ҳуқуқ доранд ба суд бо чунин талабот муроҷиат намоянд:
1) муқаррар намудани ҳолати вайронкунии ҳуқуқи шахс ба муносибати баробар;
2) манъ кардани амалҳое, ки ҳуқуқи шахс ба муносибати баробар ва (ё) амалӣ кардани тадбирҳо оид ба бартараф намудани табъиз ё оқибатҳои онро вайрон кардаанд ё метавонанд вайрон кунанд;
3) ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ барои риоя накардани ҳуқуқҳое, ки бо Қонуни мазкур ҳифз шудаанд;
4) беэътибор донистани санаде, ки боиси ба миён омадани ҳолати табъиз гардидааст;
5) бо талаботи дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
2. Муроҷиатҳо оид ба ҳимоя аз табъиз, ки дар қисми 1 моддаи мазкур номбар шудаанд, аз ҷониби суди дахлдор мутобиқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 20. Баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба табъиз
Баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба табъиз тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 21. Ҷуброни зарар аз рӯйи далели табъиз
Ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ вобаста ба табъиз тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1890
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 июни соли 2022, № 773
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 286


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2022    №: 140 - 141    Мутолиа карданд: 2878
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед