logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008,  № 1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7-8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7-8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1-2, мод. 2, мод. 3, № 7-9, мод. 586; с. 2018, № 1, мод. 4, мод. 5, № 5,  мод. 266, № 7-8, мод. 522; с. 2019, № 1, мод. 1, мод. 2, № 6, мод. 311; с. 2020, № 1, мод. 8, мод. 9, № 7-9, мод. 607, мод. 623, № 12, мод. 904; с. 2021, № 4, мод. 196, № 12, қ. 2, мод. 683), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 47:
- банди в) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«в) якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;»;
- бандҳои в), г), д), е), ж), з), и), к), л) ва м) мувофиқан бандҳои г), д), е), ж), з), и), к), л), м) ва н) ҳисобида шаванд.
2. Ба қисми 2) моддаи 48 пас аз калимаҳои «фаъолияти муайян» аломат ва калимаҳои «, якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян,» илова карда шаванд. 
3. Моддаи 501 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 501. Якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян
Якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қисми махсуси Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.».
4. Ба қисми 2) моддаи 71 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки барои ҷинояти бо қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 – 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 1421 Кодекси мазкур пешбинишуда ба ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, татбиқ карда намешавад.».
5. Қисми 6) моддаи 75 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6) Нисбати шахсоне, ки ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 – 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 1421 Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият ҷиноят содир кардаанд, муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан татбиқ карда намешавад.».
6. Банди г) қисми 7) моддаи 76 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«г) шахсе, ки барои ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 – 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 1421 Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият маҳкум карда шудааст.».
7. Қисми 5) моддаи 81 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5) Нисбати шахсоне, ки барои ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 – 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 1421 Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият маҳкум карда шудаанд, муҳлати иҷрои ҳукм татбиқ карда намешавад.».
8. Дар моддаи 138:
- ба санксияи қисми 2) пас аз калимаҳои «дувоздаҳ сол» калимаҳои «бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян» илова карда шаванд;
- ба санксияи қисми 3) пас аз калимаҳои «бисту панҷ сол» калимаҳои «бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян» илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 139:
- санксияи қисми 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати  аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад.»;
- санксияи қисми 3) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати  аз дувоздаҳ то бист сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад.»;
- санксияи қисми 4) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз бист то бисту панҷ сол  бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ва ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.».
10. Дар моддаи 141:
- ба санксияи қисми 1) пас аз калимаҳои «панҷ сол» калимаҳои «бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян» илова карда шаванд;
- ба диспозитсияи банди в) қисми 2) пас аз калимаҳои «шахси вазифаҳои» калимаҳои «таълимӣ ва» илова ва дар санксияи он калимаҳои «маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он» ба калимаҳои «якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3) калимаҳои «маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он» ба калимаҳои «якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян» иваз карда шаванд. 
11. Дар моддаи 142:
- ба санксияи қисми 1) пас аз калимаи «мӯҳлат» калимаҳои «бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян» илова карда шаванд;
- ба диспозитсияи банди в) қисми 2) пас аз калимаҳои «шахси вазифаҳои» калимаҳои «таълимӣ ва» илова ва дар санксияи он калимаҳои «маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он» ба калимаҳои «якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 1421:
- дар санксияи қисмҳои 2) ва 3) калимаҳои «маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он» ба калимаҳои «якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян» иваз карда шаванд;
- ба модда эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Эзоҳ: Ҷазои якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба шахсе татбиқ  карда мешавад, ки ҷиноятро нисбат ба ноболиғ содир кардааст ва он дар санксияи моддаҳои боби мазкур пешбинӣ шудааст – аз манъ кардани ишғоли мансаб ва ё фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии соҳаҳои маориф, тарбия, инкишофи ноболиғон, ташкил намудани истироҳат ва солимгардонӣ, таъминоти тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, дар соҳаи варзиши кӯдакону наврасон, фарҳанг ва санъат бо иштироки ноболиғон, инчунин, машғул шудан ба чунин фаъолият дар асоси инфиродӣ ё фаъолияти дигаре, ки кор бо ноболиғонро дар бар гирифтааст, иборат аст.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1896
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2022, № 757
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 288
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2022    №: 140 - 141    Мутолиа карданд: 2770
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед