logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 
Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли  2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 604) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати ҳаждаҳум калимаи «моликияти» ба калимаҳои «молу мулки» иваз карда шавад;
- дар сархати бисту ҳафтум калимаи «медиҳанд» ба калимаҳои «таъмин менамоянд» иваз карда шавад;
- ба сархати ҳафтоду якум пас аз калимаҳои «ташкилот ё» калимаҳои «дар назди» илова карда шаванд.
2. Дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 9 ва моддаи 295 калимаи «соҳибони» ба калимаи «моликони» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 4 моддаи 12 калимаҳои «розигии тарафҳо» ба калимаҳои «созишномаи тарафҳо, шартномаҳои коллективӣ» иваз карда шаванд.
4. Ба моддаи 17 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Бе асос рад намудани корфармо аз бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахсе, ки аз ҳисоби квота барои бо ҷойи кор таъмин шудан фиристода шудааст, манъ аст.». 
5. Дар сархати панҷуми қисми 2 моддаи 18 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 179 калимаҳои «моликияти» ва «моликият» мувофиқан ба калимаҳои «молу мулки» ва  «молу мулк» иваз карда шаванд. 
6. Дар моддаҳои 26, 27, ном ва матни моддаи 38, моддаҳои 42, 196, номи боби 27, моддаҳои 281-284, ном ва матни моддаи 285, моддаҳои  301, 303, 307, 310, 312 ва 326 калимаҳои «соҳибмулки», «соҳибмулк», «Соҳибмулки», «соҳибмулкро», «СОҲИБМУЛКИ», «соҳибмулкон», «соҳибмулконе» ва «соҳибмулкии» мувофиқан ба калимаҳои «молики», «молик», «Молики», «моликро», «МОЛИКИ», «моликон», «моликоне» ва «моликии» иваз карда шаванд.
7. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 51 калимаҳои «сархати сеюми» ва «сархати чоруми» мувофиқан ба калимаҳои «сархати чоруми» ва  «сархати панҷуми» иваз карда шаванд. 
8. Дар қисми 1 моддаи 127 калимаҳои «таҳсилоти олӣ» ба калимаҳои «таҳсилоти олии касбӣ» иваз карда шаванд.
9. Моддаи 2881 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2881. Маҳдудиятҳо оид ба машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ дар самти кор бо ноболиғон 
Барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар самти кор бо ноболиғон қабули шахсони зерин манъ аст, агар:
- ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҷиноят содир карда бошанд; 
- барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин доғи судӣ дошта бошанд;
- гирифтори бемориҳое бошанд, ки номгӯи онҳо аз тарафи  мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шудаанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1897
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2022, № 759
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва               моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи                      Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 289


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2022    №: 140 - 141    Мутолиа карданд: 2631
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед