logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, № 1, мод. 6; с. 2012, № 7, мод. 721; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 388, № 12, мод. 821; с. 2015, № 11, мод. 953; с. 2016, № 5, мод. 360; с. 2018, № 1, мод. 6; с. 2019, № 1, мод. 6, № 6, мод. 314; с. 2020, № 7-9, мод. 603; с. 2022, № 1-3, мод. 6, мод. 7), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.  Дар моддаи 47:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «номуайяни шахсон» аломат ва калимаҳои «, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ» илова карда шаванд;
- ҷумлаи якуми қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Прокурор дар баррасии парвандаҳо вобаста ба манзил, замин, эътирофи ҳуқуқи моликият, барқарор намудан ба ҷои кори пештара, ҷуброни зарари ба ҳаёт ва саломатӣ расонидашуда, муқаррар намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқидошта, аз ҳабс озод намудани молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо ҳатман иштирок менамояд ва хулоса медиҳад.».
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Прокурор, муовини якум ва муовинони ӯ ҳуқуқ доранд, ки дар доираи ваколаташон парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки бо онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасти фаъолият дар самти таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз суд талаб карда гиранд. Дар сурати муайян намудани он, ки фармон, ҳалнома, таъинот ё қарори суд ғайриқонунӣ ё беасос аст, прокурор тадбирҳои дахлдорро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ менамояд.».
2. Ба қисми 1 моддаи 257 пас аз калимаҳо ва аломати «бо иштироки шаҳрванд,» калима ва аломати «прокурор,» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 325 калимаҳои «прокурори дар парванда иштирокдошта» ба калимаҳои «прокурор дар доираи ваколатҳои худ» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 365:
- дар қисми 1 калимаҳои «прокурори дар парванда иштирокдошта» ба калимаҳои «прокурор дар доираи ваколатҳои худ» иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қарорҳои раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътирози назоратӣ пешниҳод менамоянд. Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, ба истиснои қарорҳои раёсатҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, мувофиқан ба марҳилаи назоратии ин судҳо эътирози назоратӣ пешниҳод менамоянд.»; 
- ба қисми 4 пас аз калимаҳои «Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аломат ва калимаҳои «, муовини якум ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо» илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 367:
- қисми 4 хориҷ карда шавад;
- қисми 5 мувофиқан қисми 4 ҳисобида шавад.
6. Дар моддаи 368:
- ба матни модда пас аз калимаҳои «Шикоят ё эътирози назоратӣ» аломат ва калимаҳои «, ба истиснои эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,» илова карда шаванд;
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда бевосита аз ҷониби суди марҳилаҳои назоратии дахлдор ба тариқи дастҷамъона баррасӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1898
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 июни соли 2022, № 763
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 290


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2022    №: 142 - 143    Мутолиа карданд: 2621
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед