logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009 (Ахбори Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 82; с. 2011, №6, мод. 450; с. 2018, №1, мод. 27)  тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 1. Муносибатҳое, ки  Қонуни мазкур танзим менамояд
Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба таъмин ва амалӣ намудани ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро танзим намуда, вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро муайян менамояд.».
2. Ба қисми 4 моддаи 5 баъд аз калимаҳои «даъват менамоянд» аломат ва калимаҳои «, инчунин, таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта,» илова карда шаванд.
3. Дар қисми 2 моддаи 8, қисми 8 моддаи 10, ном ва матни моддаи 12 калимаҳои «муассисаҳои таълимии динӣ», «муассисаи таълими динӣ», «Муассисаҳои таълими динӣ» ва «муассисаҳои таълими динӣ» мувофиқан ба калимаҳои «муассисаҳои таълимии таҳсилоти динӣ», «муассисаи таълимии таҳсилоти динӣ», «Муассисаҳои таълимии таҳсилоти динӣ» ва «муассисаҳои таълимии таҳсилоти динӣ» иваз карда шаванд.
4. Ба қисми 3 моддаи 9 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин, дигар ҷиноятҳои вазнин ва, махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд.».
5. Дар қисми 3 моддаи 23 калимаҳои «муассисаҳои давлатии томактабию мактабӣ» ба калимаҳои «муассисаҳои таълимӣ» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1913
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 июни соли 2022, № 783
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 310


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2022    №: 142 - 143    Мутолиа карданд: 2676
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед