logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РЕКЛАМА»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 8, мод. 457; с. 2007, № 6, мод. 432; с. 2008, №10, мод. 824; с. 2011, №12, мод. 843; с. 2012, № 4, мод. 262; с. 2014, № 11, мод. 672; с. 2015, № 3, мод. 224; с. 2017, №№ 7-9, мод. 575, мод. 576; с. 2018, № 1, мод. 26) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Амали Қонуни мазкур татбиқ намегардад, ба:
- эълонҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд;
- иттилооте, ки тибқи қонун ифшо, паҳн кардан ё расонидани он ба маълумоти истеъмолкунанда ҳатмӣ аст;
- маводи маълумотномавӣ - иттилоотӣ ва таҳлилӣ (шарҳи бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва озмоишӣ), ки пешбурди мол дар бозорро ҳамчун мақсади асосӣ тақозо надоранд ва рекламаи иҷтимоӣ намебошанд;
- хабарҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки маълумоти дорои хусусияти рекламавиро надоранд ва рекламаи иҷтимоӣ намебошанд;
- овеза ва аломатҳое, ки маълумоти хусусияти рекламавиро надоранд;
- ҳама гуна унсурҳои тафсири мол, аз ҷумла иттилоот дар бораи мол, истеҳсолкунанда, воридкунанда ё содиркунандаи он, ки бевосита дар мол, ё бастаи мол ҷойгир карда шудаанд;
- ишора ба маҳсулот, воситаҳои фардикунонии он, истеҳсолкунанда ё фурӯшандаи маҳсулот, ки дар асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат тавсиф ёфтаанд ва худ аз худ иттилооти хусусияти рекламавӣ надоранд.». 
2. Ба моддаи 2:
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- фаъолияти рекламавӣ - маҷмуи амалҳои рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама барои ҷалби таваҷҷуҳи истеъмолкунандагони реклама ба объекти рекламашаванда;»; 
- ба сархати ёздаҳум баъд аз калимаҳои «солим, ҳифзи» калимаҳои «ҳаёт ва» илова карда шаванд.
3. Ба моддаи 5 қисми ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҷой додани реклама дар варақаи дорухат (ретсепт) манъ аст.».
4. Ба қисми панҷуми моддаи 13 баъд аз калимаи «сӯхторнишонӣ» калимаҳои «ва садамавию наҷотдиҳӣ» илова карда шаванд.
5. Моддаи 141 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 141. Хусусиятҳои рекламаи молҳо бо усули фурӯши фосилавӣ
Дар рекламаи молҳо бо усули фурӯши фосилавӣ бояд маълумоти зерин дарҷ карда шаванд: 
- ном, маҳали ҷойгиршавӣ ва рақами ягонаи мушаххаси шахси ҳуқуқӣ;
- насаб, ном, номи падар, рақами ягонаи мушаххаси соҳибкори инфиродӣ.». 
6. Ба моддаи 16 баъд аз калима ва аломати «давлатӣ,»  калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои тандурустӣ ва» илова карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаҳои «тамоку ва маҳсулоти тамоку», «ва прекурсорҳо» мувофиқан ба калимаҳои «тамоку, маҳсулоти тамоку, сигори электронӣ ва дигар воситаҳои электронии таъмини никотин» ва «,прекурсорҳо ва ҳаммонанди онҳо» иваз карда шаванд.
8. Ба матни моддаи 22 баъд аз калимаҳои «воридшавандаро» ва «рекламаи охирин» мувофиқан аломат ва калимаҳои «, ба истиснои рекламаи дар интернет ҷойгиршуда (паҳншуда), инчунин, шартномаҳо оид ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаро» ва «ё аз рӯзи ба охир расидани муҳлати амали чунин шартномаҳо» илова карда шаванд.
9. Ба қисми дуюми моддаи 26 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Агар рекламадиҳанда муҳлати амали рекламаи офертаи оммавӣ эътирофшударо нишон надода бошад, чунин оферта дар муддати ду моҳ аз рӯзи паҳнкунии реклама эътибор дорад.». 
10. Дар қисми дуюми моддаи 27:
- ба сархати якум баъд аз калимаҳои «истеъмолкунандагони реклама» аломат ва калимаҳои «, инчунин, ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи реклама» илова карда шаванд;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар доираи ваколатҳои худ тибқи асосҳо ва тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи рекламаро баррасӣ менамояд;».
11. Ба қисми якуми моддаи 28 баъд аз калимаҳои «шахсони ҳуқуқӣ» аломат ва калимаҳои «, инчунин, рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама» илова карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2022, № 1914
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама"
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 июни соли 2022, № 785
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2022, № 311


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2022    №: 142 - 143    Мутолиа карданд: 2730
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед