logo

Хабарҳо

ДУ АСАРИ ЯК МУАЛЛИФ

 
Чанде пеш Зиннатуллоҳ Исмоилзода, рӯзноманигори шинохта, ду китоби таълифкардааш: «Жанрҳои ва баъзе қолабҳои нав дар журналистика» ва «Паҳно»-ро  аз чоп баровард, ки дастраси алоқамандони соҳа ва ҳаводорони  журналистика гардид.
Китоби нахустин хусусияти таълимӣ-методӣ дорад ва, асосан,  барои донишҷӯёни ихтисоси журналистика ва кормандони воситаҳои ахбори омма таълиф шудааст. Зарурати бештари навиштану нашр ва моҳияти онро Муҳаммадюсуф Имомзода, академики Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар сарсухани асар ба номи «Нақши касбият дар шинохти жанрҳо» чунин шарҳ медиҳад: «Китоб бо назардошти фарогирии  чандин ҷузъиёту паҳлуҳои навин, дорои  аҳамият аст. Дар он хусусияти таълимиву методӣ афзалият дошта, системаи  жанрии журналистикаи гузаштаву имрӯза  ба таври маҷмуӣ фаро гирифта шудааст».
Ҳамин тавр, китоб аз қисматҳои «Таҳаввулоти жанрҳо, жанрҳои хабарӣ, жанрҳои таҳлилӣ, жанрҳои публитсистӣ - бадеӣ, интернет - журналистика, жанрҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иртиботӣ» иборат мебошад. Махсусан, дар бахшҳои «жанрҳои интернетӣ», «шабакаҳои иҷтимоӣ ва иртиботӣ»  маълумоти наву зарурӣ барои рӯзноманигорону донишҷӯён ҷой дода шудаанд, ки омӯзишашон ба ҳангоми тадрис  таъсири нек  гузошта метавонанд.
Китоби дувуми муаллиф, тавре зикр гардид, «Паҳно» ном дорад. Он фарогири очерку ҳикояҳои хурде  мебошад, ки дар солҳои гуногун навишта шудаанд. Дар онҳо ҳамзамон Зинатуллоҳ Исмоилзода аз таҷрибаи омӯхтааш дар наздики 30 соли фаъолияти журналистӣ ёдовар мешавад. Инчунин, дар хусуси  шахсиятҳои барҷаставу шинохтаи кишвар, ки дар рушди  ин соҳа ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим нақши бориз доштаанд, маълумот медиҳад. Ӯ дар оғози китоб менигорад, ки дар ин муддати фаъолияти журналистӣ ба тақозои ин касби пуршараф қариб ба тамоми гӯшаҳои кишвар ва мамлакатҳои зиёди хориҷӣ сафар карда, дидаву шунидаҳояшро  ба ҷуз аз барномаҳои радиоиву телевизионӣ  ёддошт намудааст. Яъне, дар «Паҳно», инчунин, ҳамин гуна ёддоштҳо ҷойи намоёнро доранд, ки барои хонандагон, навомӯзандагони  соҳа муфид мебошанд. Забони навиштаҳо содаву фаҳмову равон ҳастанд ва бо ҷаззобияташон  хонандаро ҷалб мекунанд. Ҳамин тавр, ҳар ду китоб туҳфаи арзишмандест барои  алоқамандони соҳаи журналистика  ва ҳаводорони матнҳои журналистиву бадеӣ.
 
Абдуқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4024
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед