logo

иқтисод

ФЕДЧЕНКО ВА ХИРСОН. ОБОДКОРИҲО ДАР МАНБАЪҲОИ АЗИМИ ОБӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пиряхҳои Федченко ва Хирсон, манбаъҳои азими обҳои тоза, дар фосилаи роҳи қариб садкилометраи маркази ноҳияи Ванҷ, шаҳраки Рохарв - мавзеи Абдулқаҳҳор, 25 километр болотар аз охирин деҳаи водии Ванҷи Боло - деҳаи Пои Мазор доман густурдаанд. Ванҷиён аз ин бойигарии табиати сарзамини маҳбуби худ ифтихор доранд. Хуб медонанд, ки ободӣ ва зебоиҳо, сарсабзии боғҳову ҷангалзорҳо ва киштзорони деҳнишинон ба шарофати ҳамин сарчашмаҳои обӣ фаровонанд. Аз ҳама муҳим, берун аз кишвар машҳур шудани себу нок, туту мавиз, чормағз ва дигар анвои меваҷоти ин минтақа маҳз аз саховати дарёи Ванҷоб аст, ки аз домони ин пиряхҳои бузург ибтидо мегирад. 
Ҳамчунин, пиру ҷавони водии Ванҷи Боло аз он ифтихорманданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҷаҳонгардони хориҷӣ аз ақсои олам ва меҳмонони бисёре аз пойтахти кишвар, вилоятҳои Хатлону Суғд ва водиҳои Ҳисору Рашт ба тамошои ин муъҷизаҳои беҳамтои табиати Бадахшон ба мавзеъҳои Абдулқаҳҳор, Пои Мазор, Сумгад, Ванвану Мурғудга ва Змахсум меоянд. Онҳо аз тамошои табиати дилфиреб, ҳавои беғубори он, дидани деҳоти ободу шукуфон, киштзорони ҳосилхез, боғҳои пурмева, ҷангалҳои анбуҳ ва пуштаҳову марғзорҳои сералафи пур аз рустанӣ ва гиёҳҳои шифобахш ба ваҷҳ меоянд. Хушбахтона, баъди аз миён рафтани бемории COVID-19 гардишгарони хориҷӣ ба домони қуллаҳои баланди Исмоили Сомонӣ ташриф оварда истодаанд.
Деҳнишинон ёдовар мешаванд, ки соли 2015 бо иштироки Пешвои миллат дар водии Ванҷи Боло, мавзеи Вишхарвак, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз ҷониби соҳибкорони боиродаи ватандӯст Муфарраҳ Муҳаббатов, Розиқ Гиёев ва шодравон Васила Ғафурова марказҳои хизматрасонӣ, пеш аз ҳама, маконҳои будубош барои сайёҳони хориҷӣ ва ватанӣ, аз ҷумла фароғатгоҳи «Ванҷи Боло», сохта шудааст, ки ҳоло шабу рӯз дарҳояш кушодаанд. 
Ҳамзамон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи 50-километраи Рохарв – Удоб - Гармчашма аз ҷониби Вазорати нақлиёти мамлакат ба қатори роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта дохил карда шудааст. Тайи солҳои охир ба Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ техникаи нав ворид гардида, як қисми роҳҳои ҷониби пиряхҳо ва пулҳои мошингузари мавзеъҳои Бунай, Хаспо, Чихох, Сед рӯи таъмирро диданд. Аз ҷониби Вазорати нақлиёти мамлакат миёни деҳаҳои Мудехарв ва Вишхарвак пули нави мошингард сохта шуда, аз ҷониби масъулон тадбирҳо андешида мешаванд, то ки роҳҳо ба ҷониби домони пиряхҳо тахту ҳамвор ва пулҳои мошингузар доимо фаъол бошанд. 
Хушбахтона, дар наздикии пиряхҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар кони бузурги мармари беҳтарин аз ҷониби геологҳои тоҷик кашф шуд. Ба гуфтаи мутахассиси соҳа Назриддин Асоев корҳои тадқиқотӣ - омӯзишӣ бомуваффақият ба анҷом расида, яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин сангҳои ороишии сохтмонии мавзеи Пои Мазорро коркард карда, корхона бунёд менамояд. Аз ҷониби ширкат роҳи мошин сохта, биноҳои маъмурию истиқоматӣ низ бунёд карданд. 
Ба гуфтаи муовини якуми раиси ноҳияи Ванҷ Азимҷон Шамсиддинов, дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва шарикони рушд дар роҳи 95-километраи Рохарв - Пои Мазор – Абдулқаҳҳор 5 адад пул сохта мешавад. Аллакай, бештар аз 80 дарсад корҳои сохтмонӣ ба ҷо оварда шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чунин таъкид карданд: «Тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми зиёда аз 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо назардошти чунин вазъ, Академияи миллии илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишвар ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст». 
Аз ин лиҳоз, мардуми ноҳияи Ванҷ изҳори қаноатмандӣ  менамоянд,  ки  вазорату  идораҳои масъул,  дар  навбати  аввал Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо ва вазифаҳои бамиёнгузоштаи Роҳбари давлатро ба ҷо оварда, пеш аз ҳама, роҳу пулҳоро то пиряхҳои Федченко ва Хирсон аз нав барқарор менамоянд. Ҳамчунин, назорат аз вазъи лозурҳо хеле беҳтар гаштааст. Ҳеҷ гоҳе фаромӯш набояд кард, ки пиряхҳо - манбаъҳои азими обҳои мусаффои мамлакат дар баробари серобу шодоб кардани киштзорону боғот ва дигар ободкориҳо метавонанд бо сабаби гармшавии иқлими солҳои охир ба сурати сел харобкориҳоро низ ба миён биоранд. Ташкилшавии маркази тадқиқоти пиряхҳо ба он мусоидат менамояд, ки вазъи манбаъҳои бузурги обҳои мусаффо мунтазам таҳти назар бошад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2022    №: 144    Мутолиа карданд: 786
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед