logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

РИШВАХӮРӢ
“Заминфурӯшон” ба курсии айбдорӣ нишастанд
Даврони Мирзохон, мутахассиси пешбари шуъбаи заминсозии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ҳамдастӣ бо Умед Давлятов, мутахассиси шартномавии кумитаи замини ноҳия, барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрвандон 30500 сомонӣ гирифтаанд.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Даврони Мирзохон ва Умед Давлятов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст. Ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи нуҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ менамояд.  
 
 
 
ДУЗДӢ
Боздошти марде, ки дар Душанбе як хонаро ғорат кард
Кормандони мақомоти милитсия як сокини ноҳияи Темурмалик (марди 32-сола)-ро ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дар шаҳри Душанбе дастгир карданд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, боздоштшуда 18 июли соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 39-солаи сокини пойтахт шуда, як миқдор ҷавоҳироти тиллоиро дуздидааст. Зарари расондашуда 36 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
 
 
ҚАЛЛОБӢ
ба маблағи 297 ҳазор доллари ИМА
Мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба як марди 26 - солаи сокини шаҳри Душанбе тафтишот оғоз кард, ки дар қаллобӣ ба миқдори 297 ҳазор доллари амрикоӣ гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, ин мард 28 марти соли 2022 бо роҳи фиреб ба бовари марди 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ мошинашро ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, пулашро надодааст.  Ҳамчунин, 12 майи соли 2022 аз як сокини дигари пойтахт (марди 35-сола) 270 ҳазор доллари амрикоӣ ва ду мошинашро гирифта, ваъда додааст, ки то 15 июл ҳамаи маблағҳояшро бармегардонад. Вале то ҳол аз ин пулҳо дарак нест. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2022    №: 144    Мутолиа карданд: 2393
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед