logo

иқтисод

ИШКОШИМ. БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

 
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабирро дар идомаи сафари корӣ, ки бо супориши  Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъати корҳои созандагӣ ва ободонӣ  дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом дод, ба ноҳияи Ишкошим раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо  ҳамроҳӣ намуданд.
Шералӣ Кабир  нахуст аз фаъолияти корхонаи хурди дӯзандагии  деҳаи Рэни Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков дидан  карда, бо шароити  кории он шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 6 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, онҳо имконият доранд дар ин ҷо фаъолияти соҳибкории худро босамар  пеш баранд. Роҳбари корхона Малика  Боракова зикр кард, ки корхонаи дӯзандагӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, бонувони корхона дар баробари дӯхти либос, ба омода намудани тоқӣ, муҳраву шероза ва ҷуробҳои бадахшонӣ низ машғуланд. Дар баробари ин,  кормандони корхона  арз карданд, ки корхона ҷиҳати ба роҳ мондани дӯхти либоси мактабӣ ба дастгоҳу таҷҳизотҳои иловагӣ эҳтиёҷ дорад.  Вазири  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир зикр намуд, ки дар ин самт вазорат ёрии худро хоҳад расонд.  Ҳамчунин, вазорат ба он мусоидат мекунад, ки  бо мақсади аз худ намудани нозукиҳои кори дӯхти либоси мактабӣ дар доираи дастгириҳо 3 корманди корхона барои омӯзиш ба корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар» -и ноҳияи Дарвоз  сафарбар   мешавад. 
Дар деҳаи Дашти деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков бошад, гурӯҳи корӣ  аз фаъолияти корхонаи коркарди “Ангат” боздид ба амал оварда, Шералӣ Кабир аз таъсиси чунин корхона изҳори қаноатмандӣ намуд. Вазир  таъкид кард, ки ангат  рустании шифобахш буда, дар тиб барои муолиҷаи ҳар гуна касалиҳо истифода бурда мешавад. Равғану шираи он бозоргир аст ва корхона  аз фурӯши он  фоидаи калон ба даст хоҳад овард. Буттаи ангат қариб дар тамоми манотиқи  Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  нағз мерӯяд ва ҳосили фаровон медиҳад. Бинобар таҷрибаи мутахассисони соҳаи тиб, баҳраи ангати ин минтақа нисбат ба дигар мавзеъҳо бо серширагии худ фарқ мекунад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир афзуд, ки ҷиҳати бозоргир гардидани маҳсулоти ангат корхона  аз ҷониби вазорат дастгирӣ ёфта, баҳри ҳамкориҳои дуҷониба байни корхонаи коркарди ангати ноҳияи Ишкошим ва корхонаи коркарди ангати ноҳияи Дарвоз тавсияҳои муфид дод. 
 Дар идома  гурӯҳи  корӣ аз  заминҳои кишти картошкаи деҳаи Дашт боздид ба амал оварда, бо фаъолияти  хоҷагиҳои деҳқонӣ дар марҳилаи вусъати корҳои кишоварзӣ ошноӣ пайдо намуд.  Онҳо бо деҳқонон суҳбати ошкоро доир карда, ҷиҳати рафъи  камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо доданд. Дар зимн, дар робита ба афзоиши нархи  нуриҳои минералӣ дар бозорҳои кишвар, ки як омили фаровонҳосилии зироатҳо мебошанд, изҳори назар карда шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Птуп гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13-и деҳаи Птуп дидан карданд. Дар ҷараёни сафар Мирзозода  Мусо, раиси ноҳия зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ вазъияти соҳаи маорифи ноҳия куллан беҳтар гардид. Имрӯз дар ноҳия қариб ҳамаи  муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ соҳиби биноҳои нави замонавӣ шуданд. Бо дастури  Пешвои муаззами миллат инак бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии назди  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 13  бомаром идома дорад. Дар ин иншоот  Ширкати сохтмонии маҳаллии  “Амир Ҳамза” бо ҷалби коркунони маҳаллӣ фаъолият дорад. Вазири  саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ зикр кард, ки  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ пайваста таъкид менамоянд, махсусан, дар минтақаҳои дурдаст дар иншоот бештар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд, то ки  аз ин ҳисоб барои пешбурди  рӯзгори хонаводаҳояшон маблағи муайян  ба даст оранд.
Гурӯҳи корӣ дар деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонг бо боғи мевадоре, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардидааст, аз наздик шинос шуда, бо саҳмдорони боғи мазкур мулоқот анҷом дода, ҷиҳати нигоҳдории боғ дастуру тавсияҳои судманд дод.  Боғи мазкур дар  майдони 7,5 гектар бунёд гардида, дар он 3171 бех дарахти мевадиҳанда  нашъунамои хуб дорад. Боғи мазкур бо усули қатрагӣ тариқи насос обёрӣ гардида, баҳри муҳайё намудани шароити беҳтарин   300 000 сомонӣ сарф шудааст. 
   Дар деҳаи Авҷи Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков гурӯҳи корӣ аз корхонаи коркарди гиёҳҳои дорувории Давлатмамадов Ширинбек дидан намуда, ба фаъолияти он баҳои баланд дод. Гиёҳшинос, духтури хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, Аълочи нигаҳдории тандурустии  Иттиҳоди Шуравӣ Ширинбек Далатмамадов иброз намуд, ки дар ҳудуди вилоят зиёда аз 200 номгӯи рустании шифобахш мавҷуд аст, ки 120 намуди он дар тибби халқӣ васеъ истифода бурда мешавад. Корхона қисми зиёди ин гиёҳҳоро коркард ва пешкаши ниёзмандон мегардонад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки барои васеъ кардани доираи фаъолияти корхона тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.  
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2022    №: 144    Мутолиа карданд: 787
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед