logo

Хабарҳо

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

Росбалт. Фарҳон Ҳақ, муовини намояндаи махсуси  Дабири кулли СММ, гуфт, ки ҳама ҷонибҳои “Созишномаи озуқаворӣ”, ки дар Истанбул ба даст омад, бори дигар тарафдории худро барои иҷрои он таъйид карданд.  
«Аз замони имзои созишномаҳо ҷонибҳои ташаббускор ва СММ зуд-зуд дар тамос мебошанд. Ҳама ҷонибҳо бори дигар ба ин ибтикор моил будани худро тасдиқ намуданд», - гуфт Ҳақ.
Вай зикр кард, ки ҷониби Туркия, аллакай, барои Маркази муштараки ҳамоҳангсозӣ дар Истанбул бино ҷудо кардааст. «То пагоҳ ҳамаи ҷонибҳо ва СММ ба Маркази муштараки ҳамоҳангсозӣ дар Истанбул хоҳанд омад. Мо интизорем, ки интиқоли аввалини маҳсулоти озуқаворӣ метавонад рӯзҳои наздик оғоз шавад», - гуфт ӯ.
 
 
 
Ҷаласаи вазирони кишоварзии кишварҳои узви СҲШ дар Тошкент
CentralAsia (UZ). Дар шаҳри Тошкент ҷаласаи VII вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа, муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев, роҳбарони вазорату идораҳои масъули Россия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, инчунин, роҳбарияти СҲШ ва FAO СММ оид ба Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.
Пешниҳод шуд, ки ҷиҳати оммавигардонӣ ва пешбурди кишоварзии агроэкологӣ дар фазои СҲШ чораҳои фаъол андешида, якҷоя бо FAO лоиҳаҳои бузург оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ роҳандозӣ шаванд. Истиқболи қабули барномаи комплексии рушди агротуризм, табодули фаъоли таҷриба дар ин самт, инчунин, ташкили мунтазами фестивалҳои муштараки байналмилалӣ зикр гардид.
 
 
 
Ҳукуматдорони Чин коҳиши аҳолии кишварро пешбинӣ намуданд
CentralAsia (CA). Ян Вэнчжуан, сардори шуъбаи кор бо аҳолӣ ва оилаи Комиссияи миллии тандурустии Чин гуфт, ки суръати афзоиши аҳолии Чин ба таври назаррас коҳиш ёфтааст ва интизор меравад, ки шумораи аҳолии ин кишвар то соли 2025 афзоишро қатъ ва коҳишро оғоз намояд, - менависад рӯзномаи чинии “Global Times”.
Демографҳои чинӣ интизор доранд, ки камшавии аҳолӣ -  дар ҳоле ки шумораи фавтидагон аз таваллуд зиёдтар аст - дар солҳои оянда тамоюли бартаридошта хоҳад шуд ва барои муддати тулонӣ боқӣ хоҳад монд. 
Маълумоти мизони таваллуд дар Чин соли 2021, ки аз ҷониби 29 музофот ва минтақаи ин кишвар интишор шудааст, нишон медиҳад, ки чанд музофот шумораи камтарини таваллудро дар даҳсолаҳои охир дорад.
 
 
 
Таҳримҳои Ғарб натавонистанд иқтисоди Россияро хароб созанд
Lenta.ru. Нашрияи амрикоии “The National Interest” (NI) эътироф кардааст, ки таҳримҳои Ғарб натавонистанд ба иқтисоди Россия зарбаи харобиовар расонанд.
Ин матлаб нишон медиҳад, ки дар семоҳаи дуюми соли 2022 фоидаи савдои хориҷии Россия ба натиҷаи рекордӣ 70,1 миллиард доллари ИМА расидааст.  Ин муваффақият ба Россия ба шарофати қимати баланди мол ва имкони содироти нафту газ, ғалла ва тилло ба даст омадааст.
Ба гуфтаи NI, маҳдудиятҳо на ба Россия, балки ба тамоми ҷаҳон мушкилоти бештаре меоранд. Дар баробари ин, Россия аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳеҷ зараре надидааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4774
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед