logo

Хабарҳо

БОКС

 
Пирӯзии навбатии Асрор 
Муштзани маъруфи 26-солаи тоҷик Асрор Воҳидов дар зӯрозмоии навбатиаш дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ (RCC Boxing Promotions, Екатеринбург) бар Евгений Ляшкови рус ғолиб омад. 
Боксчии тоҷик рақибашро ду бор ба нокдаун фиристод ва пеш аз анҷоми вақт пирӯз гашт. 
Бояд гуфт, ки Асрор Воҳидов 23 январи соли 2021 дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ дар Екатеринбурги Россия Тато Бонокоанеро Африқои Ҷанубӣ шикаст дода, ғолиби WBO Oriental гашта буд. 
 
 
 
ҶОМИ “ҶАВОНӢ”-2022 
Ҷуфтҳои нимфинал муайян шуданд
Тибқи қуръакашии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми “Ҷавонӣ”- 2022, 27 июл “Регар-ТадАЗ” бо “Эсхата” ва КМВА бо “Истиқлол” барои баромадан ба финал рақобат мекунанд. 
Рақобати финалӣ ва бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм 30 июл баргузор мешавад. 
Ғолиби аввалин мусобиқаи Ҷоми “Ҷавонӣ”-2022 соҳиби 30 ҳазор, ҷойҳои дуюму сеюм мутаносибан 20 ҳазор ва 10 ҳазор сомонӣ мегарданд. 
 
 
Мусовии дуюми «Истиқлол» дар Ӯзбекистон
Дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ «Истиқлол» дар Ӯзбекистон бо дастаи «Локомотив» (Тошкент) бозии санҷишӣ гузаронд. Вохӯрии мазкур бидуни гол ба анҷом расид. 
Бар пояи иттилои дастаи «Истиқлол», бозии аввали дӯстонаи онҳо бо тими «Навбаҳор» мусовӣ (1:1) хотима ёфт. 
29 июл «Истиқлол» бо тими «Андиҷон» вомехӯрад. 
 
 
 
ТЕННИС
Алкарас дар финал бохт, аммо ба дастоварди шоён даст ёфт
Теннисбози 20-солаи итолиёвӣ Лорентсо Музетти (Италия) дар финали мусобиқоти ATP-500 (Ҳамбург, Олмон) Карлос Алкараси испаниро бо ҳисоби 2:1 (6:4, 6:7 (6:8), 6:4) дучори бохт намуд. 
Фонди ҷоизаи мусобиқа 1 770 865 евроро ташкил медиҳад. 
Ёдовар мешавем, ки Алкарас пас аз ба финали мусобиқоти Ҳамбург баромадан дар радабандии АТР шомили панҷгонаи беҳтаринҳо шуд. 
Ҳамин тавр, Алкараси 19-сола ҷавонтарин теннисбози 17 соли охир аст, ки ба ин дастовард ноил гашт.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5160
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед