logo

Хабарҳо

146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

 
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июл 146 шаҳрванди кишвар тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ.
Аз ин теъдод 42 нафар зан ва 104 нафари дигар кӯдак  мебошад.
Ҳадафи асосии ин иқдом баргардондани онҳо аз ғарибӣ ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоиштаи кишвар аст.
 
 
Прокурори генералии Россия ба Душанбе омад
Ҳайати Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Игор Краснов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба истинод ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Намояндагони рус барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураҳои генералии ду мамлакат, ки 26 июл баргузор мегардад, ба Душанбе омаданд.
Ҳангоми ҷаласа талошҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати мушовара имзои лоиҳаи барномаи ҳамкорӣ миёни ду ниҳод дар назар аст.
 
 
Баррасии масъалаи омӯзиши сохтмони метро дар пойтахт
Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея” бо роҳбарии Сонг Ҷае Ил мулоқот кард. Дар вохӯрӣ масъалаи амалишавии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёт ва ширкати номбурда оид ба омӯзиши сохтмони метро дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Зимни нишаст ҳайатҳо масъалаи маблағгузории лоиҳаи мазкур ва татбиқи амалии дигар лоиҳаҳои сармоягузориро мавриди муҳокима қарор доданд.
Аз ҷониби намояндагони ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён, бунёди хатти роҳи оҳани 27-километра дар шаҳри Кӯлоб ва таҷдиди роҳҳои оҳани мавҷуда ҳавасмандӣ зоҳир шуд.
 
 
Пирӯзии хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ
Муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмилалии «ISTEM GRAND FINAL – 2022», ки дар шаҳри Франкфурти Олмон ҷараён гирифт, Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, шаш хонандаи  литсей дастаи олимпии Тоҷикистонро дар Олимпиада шоиста муаррифӣ намуда, 4 медали тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷиро аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ ба даст оварданд.
Дар умум, дастаи олимпии Тоҷикистон 12 ҷойи ифтихориро соҳиб гардид, ки байни 93 кишвари олам ва наздики 8 ҳазор иштирокчӣ натиҷаи беҳтарин ба шумор меравад.
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ, инчунин, 25 – 27 июли соли равон дар Форуми математикони ҷавони ҷаҳон, ки дар шаҳри Париж баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.
 
 
Беш аз 204 ҳазор воя ваксина ворид гардид
Дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон 204 ҳазору 750 воя ваксинаи «Pfizer»-и истеҳсоли ИМА ворид гардид,- хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ба Тоҷикистон дар доираи ин механизм аз аввали маъракаи  эмгузаронӣ бар зидди COVID – 19  беш аз 15 миллион воя ваксина интиқол ёфт.
Давоми шаш моҳи соли равон ба кишвар 1 миллиону 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1 002 800 воя ваксинаи «АстраЗенека» таҳвил гардид.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4886
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед