иқтисод
ДУШАНБЕ. РУШДИ БЕСОБИҚАИ ПОЙТАХТ НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОНРО МЕАФЗОЯД!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи қонунгузорӣ дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолиятро ба роҳ монда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави кор, дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои назаррасро анҷом додааст.
МММ БА 9,4 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОБАР ГАРДИД
Тавре Ҷамшед Табарзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иттилоъ дод, бо назардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, дар ин давра тамоюли мусбати аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ таъмин гашт.
Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар ин давра ба 9,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,3 дарсад ва саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 20,3 дарсадро ташкил дод.
Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда ҷиҳати афзоиши соҳаи саноат заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҷониби 541 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1593,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Бо мақсади дастгирии рушди истеҳсолот, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок (10 фоизи солона, бо пули миллӣ) ба субъектҳои истеҳсолӣ, Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» то имрӯз ба 30 субъекти хоҷагидорӣ ба маблағи 85,9 миллион сомонӣ қарз додааст.
БОЗ 220 ИНШООТ БО ГАРМӢ ТАЪМИН МЕШАВАД
Бо мақсади паст намудани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи ҳаққи хизматрасонии он дар асоси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон ба маблағи 88 миллион доллари ИМА лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе» ба имзо расид. Айни ҳол азхудкунии маблағҳо дар доираи амалишавии марҳилаи аввали лоиҳа дар ноҳияи Сино 26 миллион долларро ташкил менамояд.
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 - 2022» ва қарори дахлдори раиси шаҳр барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 220 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин шумора бо назардошти биноҳои пайвастгардидаи солҳои пеш ба беш аз 3000 адад мерасад.
Бо мақсади чароғонсозии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар маҷмуъ, 8824 лампа насб ва 842 чароғи фарсуда ба чароғҳои муосир иваз карда шуд.
ИҶРОИ 98 ДАРСАДИ КОРҲО ДАР «МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ»
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 1,9 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 дарсад зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 709,4 миллион сомонӣ ба маблағгузориҳои давлатӣ, 1051,2 миллион сомонӣ шахсӣ ва 136,3 миллион сомонӣ ба сармояи хориҷӣ рост меояд.
Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт вобаста ба татбиқи лоиҳаи кории қисмати «Маҷмааи тахти тоҷикон» ва «Осорхонаи шаҳри Душанбе» дар иншооти «Майдони Истиқлол» дар ҳаҷми 18,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуд.
Дар иншооти ҷашнии «Майдони истиқлол» корҳо дар самти бартараф кардани 414 иншоот ба итмом расида, корҳои бунёдии манора 100 фоиз ва корҳои ободонӣ 98 дарсад иҷро гардидаанд. Бо назардошти корҳои анҷомшуда, то инҷониб дар марҳилаҳои 1, 2 ва 3 ба маблағи умумии зиёда аз 1012,6 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва бартарафкунии биноҳо ба анҷом расиданд.
Дар 13 иншоот корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ, бахусус дар соҳаҳои маориф 8, фарҳанг 2, дигар соҳаҳо 3, инчунин, дар 17 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ (дар соҳаи манзил 1, коммуналӣ 1, фарҳанг 5, маориф 8 ва дар дигар соҳаҳо 2 иншоот) дар ҳаҷми 268 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардиданд. Дар 13 иншоот корҳои сохтмонию васлгарӣ ва дар 17 иншоот лоиҳакашию муҳаққиқӣ идома доранд.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳр бунёду навсозии 10 меҳмонхонаи замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт роҳандозӣ гардида, айни ҳол 3 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ба истиқболи Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022-2026 дар шаҳр тасдиқ шуда, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабинии гуногун, бахусус, дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.
Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
МУШКИЛИ НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ АЗ БАЙН МЕРАВАД
Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти комплекси нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ дар доираи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад.
Ҷиҳати ҳамлу нақли мусофирон, дар маҷмуъ, 5937 нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 788 нақлиёти корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 3592 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ, дар тавозуни корхонаҳои нақлиёти пойтахт қарор доранд.
Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 406 автобус, 78 троллейбус, 1004 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2505 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар мешаванд.
Тибқи шартнома хариди 20 электробуси замонавии то 200 км бо неруи барқ ҳаракаткунанда ва 10 электро-троллейбуси худрави муосири то 40 км бе пайвастшавӣ ба хатти неруи барқ ҳаракаткунанда, инчунин, ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани электробусҳо хариди 10 таҷҳизоти қувватдиҳанда ба нақша гирифта шудааст.
Ба хотири азнавсозии инфрасохтори корхонаҳои нақлиётии пойтахт лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе» бо маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 8,8 миллион доллар фаъолият намуда, дар доираи он то инҷониб 4,5 миллион доллар аз худ гардид.
ҒАМХОРӢ БА ТАБАҚАИ НИЁЗМАНД
Дар нимсолаи гузашта нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 1720,7 миллион сомонӣ ё 103,9 дарсад иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 65,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 105,3 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 1221,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ин аз нақша 61,7 миллион зиёд аст.
Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадории иҷтимоии давлат, барои дастгирии аҳолии камбизоат ва беҳбуди вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 6,6 миллион сомонӣ ҳамчун ёрдампулӣ равона гардид.
Ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазир ба оилаҳои камбизоат дафнпулӣ ба маблағи 35,6 ҳазор сомонӣ, ба кӯдакони то 16-сола, ки гирифтори бемории ВНМО мебошанд 770,7 ҳазор сомонӣ ва ба оилаҳои камбизоату ниёзманд дар арафаи идҳо 8,4 миллион сомонӣ ёрии хайриявӣ расонда шуд.
Ба хотири ҷоннок намудани кор дар самти таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар моҳҳои январ - марти соли ҷорӣ ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 53,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТ БАРОИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН
Бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳр аз 6 майи соли 2022, «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 - 2023» КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» вазифадор гардидааст, ки маҳсулоти ниёзи аввалияро, аз қабили 3000,0 тонна картошка, 4000,0 тонна пиёз, 1000,0 тонна сабзӣ, 2000,0 тонна шакар, 500,0 тонна равғани рустанӣ, 3000,0 тонна орд ва 100,0 тонна биринҷ, захира намояд.
Ҷиҳати ғанӣ гардондани бозорҳо бо маҳсулот ва таъмини шаҳрвандон бо маҳсулоти ниёзи аввалия, айни замон 37 сардхона бо масоҳати 22,7 ҳазор метри мураббаъ ва ғунҷоиши 38,8 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият дорад.
21 ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪӢ БО ИШТИРОКИ 1,6 МИЛЛИОН НАФАР
Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо 301,7 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 16,3 миллион бех гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонда, дар майдони 108,6 ҳазор метри мураббаъ майса кошта шуд.
Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир 8248 бех ниҳоли ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид гашта, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонда шуд.
Ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ 21 маротиба ҳашари дастаҷамъона бо иштироки 1,6 миллион нафар корманди ташкилоту муассисаҳо ва бо ҷалби 2631 техникаи махсус ба миқдори 3,1 ҳазор тонна партов аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба партовгоҳ интиқол ёфт.
800 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОН АЗ ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Маориф яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир андешида мешаванд. Дар шаҳр 156 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин 94 буҷетӣ, 50 хусусӣ ва 12 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо бо фарогирии 30739 тарбиятгиранда ва 1676 мураббия фаъолият доранд.
Дар баробари ин, 194 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд. Аз ин теъдод, 159 муассисаи таълимии давлатӣ ва 35 ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмуъ, 268942 хонандаро фаро гирифтааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 11213 омӯзгор фаъолият дорад.
Соли таҳсили 2021 – 2022 сифати дониши хонандагон 45,1 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ 98,9 фоизро ташкил намуд. Хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат намуда, сазовори дастовардҳои назаррас гаштанд. Дар ин давра 3854 хонанда дар олимпиадаҳои фаннӣ дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори 1076 медал ва ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Аз олимпиадаҳои байналмилалӣ бошад, дар миёни 90 кишвар беш аз 800 медал ба даст оварданд.
Бори нахуст дар шаҳр даври навбатии Олимпиадаи байналмилалии «Мактаби байналмилалии информатика барои наврасон» (ISI Junior-2022) миёни наврасони то 15-сола баргузор гашт, ки 35 хонандаи тоҷик сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Дар баробари ин, бо ташаббуси роҳбарияти мақомот бори нахуст озмунҳои шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» баргузор шуданд, ки 33 истеъдоди наврас ҷойҳои ифтихориро ишғол намуд.
Дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва навсозӣ дар 24 иншоот барои 23690 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудаанд.
3698 МЕДАЛ АЗ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ
Дар робита ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар ин давра як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд. Бо ин мақсад, дар пойтахт баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар маҷмуъ, 1667 чорабинӣ бо фарогирии 514,8 ҳазор нафар гузаронда шуд.
Дар шаҳр 10 Муассисаи давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» мавҷуд буда, дар онҳо 203 мураббии дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 5366 варзишгар дар 343 гурӯҳ машқу тамринҳоро ба роҳ мондаанд.
Дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгарони шаҳр дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 3698 медал (1381 тилло, 1158 нуқра ва 1159 биринҷӣ) гардиданд.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронда шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад, - гуфт муовини аввали раиси шаҳр.
Лашкар ШАРИФЗОДА,«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.07.2022 №: 145 Мутолиа карданд: 1263