logo

Хабарҳо

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

 
23 июл баландтарин ҳарорати гармӣ дар ноҳияи Ванҷ аз ҷониби ниҳодҳои обуҳавосанҷӣ ба қайд гирифта шуд. Аз шиддати гармӣ пиряхҳо об гашта, ба ҳаракат даромаданд. Аз ҷумла, пиряхи болои мавзеъҳои Лалмига, Дуобгии ҳудуди деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев ва дараи Бунайи деҳоти Ҷовидон лағжида, сабабгори банд шудани оби дарёчаҳои Рохарв ва Бунай гардид. 
 
Мавҷҳои оби рӯдҳои кӯҳӣ бо шасти баланд дарахтон ва киштаҳои соҳили дарёчаҳо ва панҷ пули пиёдагузарро вайрону валангор карданд. Аз ҳама зиёд ба иншооти таъмини оби нӯшокӣ ва полизӣ хисороти бештар расонданд. Хатҳои обгузар ва сарҷӯйборҳо қариб саросар аз истифода баромаданд.
Тайи се рӯз сокинони маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв ва деҳаҳои гирду атрофи он бе об монданд. Дар чунин вазъияти душвор Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои мушаххас андешида, тариқи нақлиёт мардумро бо оби нӯшокӣ таъмин карданд. Ҳамчунин, булдозеру экскаваторҳои Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард, қитъаи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷовид» ба бартараф кардани оқибатҳои харобиовари ин ҳодисаи табиӣ равона шуданд. 
 Дар ноҳия ситоди мубориза ба муқобили офати табиӣ бо сарварии раиси ноҳия Одинашо Мардзода амал мекунад. Вазифаи аввалиндараҷаи ситод дар кӯтоҳтарин фурсат бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, барқарор намудани иншооти обрасонӣ, инчунин, азнавсозии роҳу пулҳо ва ҳисоби зарари расида ба иқтисодиёти ноҳия ва сокинон иборат мебошад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4888
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед